ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. 50 вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ба шабакаи мазкур пайваст гардиданд
     TJ RU EN
07:50 / 2024-12-19

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. 50 вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ба шабакаи мазкур пайваст гардиданд

20230131 Khovar1Дар айни замон 50 вазорату идораҳои давлатӣ ба шабакаи ҳукумати электронӣ пайваст гардида, барқарорсозии шабакаи мазкур дар байни дигар сохторҳои давлатӣ идома дорад. Барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар ин хусус дирўз, 30 январ зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» қабул гашт, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушди ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки ташкил кардани ҳукумати электронӣ вазифаҳоро барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобила дар дохили вазорату идораҳо ва берун аз он дар асоси ҳуҷҷатгузории бе коғаз, инчунин таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ осон мегардонад.

Ҳукумати электронӣ низомест, ки барои роҳандозии муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд.

Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ба Хадамоти алоқаи мамлакат ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат, ки яке аз омилҳои асосии пурра амалӣ гардидани «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» дар ҷумҳурӣ мебошад, дастуру супориш доданд.

30 январ дар нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев иброз дошт, ки «бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқа ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд менамояд».

Ба гуфтаи ў, тибқи нақшаи тасдиқгардида айни замон пойгоҳҳои зикршуда ба мамлакат ворид карда шуда истодаанд. Инчунин марҳилаи якуми насби онҳо, ки корҳои санҷишӣ- техникӣ, аниқ намудани ҷойи иловагии насби онҳоро дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе муайян карда мешавад.

https://khovar.tj/2023/01/ukumati-elektron-50-vazoratu-idora-oi-davlatii-to-ikiston-ba-shabakai-mazkur-pajvast-gardidand/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима