Сензураи рӯирост дар фаъолияти касбӣ нест, вале дар мавзӯъҳои мушаххас сензура ҳаст - Мазҳаб Ҷумъа
     TJ RU EN
07:59 / 2024-12-19

Сензураи рӯирост дар фаъолияти касбӣ нест, вале дар мавзӯъҳои мушаххас сензура ҳаст - Мазҳаб Ҷумъа

Mazhab JumaМусоҳиба бо хабарнигори Азия плюс Мазҳаб Ҷумъа.

- Пеш аз гузаштан ба кори Оҷонсии иттилоотӣ Шумо қаблан, дар расонаҳои чопӣ кор мекардед. Ҳоло миёни матбуоти чопӣ ва оҷонсии иттилоотӣ чӣ фарқият мебинед?

- Фарқияти оҷонсии иттилоотӣ аз матбуотӣ чопӣ ин аст ки дар оҷонсӣ фаврият ва кор бо манбаъҳо бештар аст. Масалан агар дар расонаи чопӣ дар як ҳафта як ё ду мақолаи таҳлилӣ ё гузориш омода намоем, дар оҷонсии иттилоотӣ зарур аст ки ҳар рӯз се-чаҳор ва ҳатто дар баъзе рузҳо то 7-8 хабар омода кунем. Ва аз ҳама муҳим ин аст ки ин хабарҳо бояд аз дигар оҷонсиҳо ва расонаҳо пештар нашр шавад. Ҳамин тариқ, бо манбаъҳову ниҳодҳои давлатӣ ҳам ҳамарӯза ҳамкорӣ мекунем. Агар барои гирифтани як иттилоъ ё назар дар матбуоти чопӣ ба ниҳодҳо ё манбаъҳо дар як ҳафта як ё ду маротиба муроҷиат кунем, дар оҷонсӣ ҳар рӯз ба онҳо корафтода мешавем ва ҳамкорӣ мекунем. Ин ки онҳо саривақт ва ба таври кофӣ посух медиҳанд ин баҳси дигар аст.

Дар баробари ин масъулият дар оҷонсӣ ҳам бештар аст. Дар расонаи чопӣ агар ту барои як маводат масъул бошӣ, дар оҷонсӣ барои ҳар як хабаре, ки нашр мекунӣ масъул ҳастӣ.

Зимнан формати кор ҳам дар оҷонсӣ фарқ мекунад. Инҷо кӯтоҳ ва мӯъҷаз менависӣ, вале дар расонаи чопӣ бошад, бо назардоштӣ маводи таҳлилӣ метавонӣ калон ва мавзуъро пурра фаро гирӣ.

Хулоса, дар Оҷонсӣ расонидани иттилои рӯз дар ҷои аввал аст ва дар расонаи чопӣ баррасии мавзӯи рӯз бо истифода аз коршиносону масъулин мақоми аввал дорад.

- Умуман, ба кадоме аз ВАО дар пахши иттилоъ бартарият медиҳед: матбуот, радиову телевизион ё сомонаҳои интернетӣ?

- Ман дар пахши иттилоъ бештар ба сомонаҳои интернетӣ бартарият медиҳам. Бо ду сабаб: дар сомонаҳои интернетӣ иттилоъ ҳамарӯза нашр мешавад ва дуввум, қариб ба ҳама дастрас аст.

Масалан, то замоне, ки дар радиову телевизион гузориш ба навор гирифтаву монтажу пахш мешавад ва ё газета ҳар ҳафта нашр мешавад, хабар тавассути расонаи интернетӣ пахш мегардад ва дигар мардум ба иттилои телевизион радио ё газета камтар аҳамият медиҳанд. Тавре мегӯянд, аз ҳама чизе ки тез “вайрон” мешавад, ин иттилоъ аст. Аз ин рӯ иттилоъро аз ҳама пеш ва саривақт ба ҷомеа расонидан лозим аст.

Дуруст аст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мешавад хабарро расонид, вале ман фикр мекунам, ки шабакаҳои иҷтимоӣ як воситаи паҳни иттилоанд. Дуввум, шабакаҳои иҷтимоӣ то ба ҳол дар мо ҳамчун расона эътироф нашудаанд ва ҳар иттилоъе, ки дар онҳо нашр мешавад, метавонад ҷиддӣ қабул карда нашавад. Аз ин рӯ, ман ҳамеша иттилоъро дар расона пахш мекунам ва онро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба аудитория мерасонам. Бо вуҷуди он линки сомонаро мегузорам, то хонанда хабарро дар асл хонад. Ин ба хонанда эътимод медиҳад, ки хабар аз ҷониби расонаи воқеӣ ё фаъол пахш шудааст.

- Ба назаратон, имрӯзҳо кадом мавзӯъҳо барои инъикоси ВАО табу, яъне хатарноканд?

- Дар назарсанҷие, ки чанд моҳ пештар АМВАОМТ гузаронид, ишора карда будам, ки ҳоло на танҳо навиштани мавзӯъҳои сиёсӣ табу аст, балки кор ба ҷое расидааст, ки дар навиштани баъзе мавзӯъҳои иҷтимоӣ ҳам фикр мекунем. Масалан, агар чанд сол пеш мавзӯъҳои табу танҳо роҳбарияти аввали кишвар ва наздикон он буд, ҳоло навиштани баъзе мавзӯъҳои иқтисодӣ ҳам табу шудааст.

Ҳамин тариқ, мавзӯъҳои динӣ ва ё гузориш аз маконҳои серодам низ то ҷое хатарнок шудааст. Дар мисоли якум метавонанд туро барои ҷонибдорӣ ба гурӯҳи мамнуе ё навиштани ҳарфи нодуруст, гунаҳкор кунанд, дар мисоли дуввум метавонанд, баҳонае барои ноором кардани ҷомеа пеш маънидод намоянд.

Зимнан, набояд фаромуш кард, ки бозтоби муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам табу ва то андозае мушкилзо шудааст. Ин ба хатарнокии мавзӯъ не, балки ба дастрас набудани иттилоъ рабт дорад. Вақте ҳаводис сар мезанад, мо наметавонем ба мақомоти расмӣ дастрасӣ пайдо кунем ва рафти ҳодисаро аз забони мақомот ё дасти аввал диҳем. Дар ин маврид ба аҳолӣ муроҷиат мекунем ва ин чиз метавонад, ки дар оянда то ҷое хатарнок бошад. Чунки аҳолӣ на дар ҳама ҳолат иттилои дурусту санҷидашударо пешниҳод менамояд, ки ин метавонад ҳам ба расона ва ҳам ба журналист мушкил пеш орад.

- Ҳангоми фаъолияти касбиатон сензура мушоҳида мешавад ё не?

- Бубинед, ин ҷо ду масъала аст, сензурае ки бевсосита аз ҷониби мақомот ё ниҳоде ба худи ман пеш гузошта мешавад ва сензурае, ки тавассути роҳбарият ё Оҷонсӣ ба ман мерасад.

Дар маҷмӯъ, сензураи рӯирост аз ҷониби мақомот ё ниҳоде ба ман намерасад, вале аз ҷониби нафарони алоҳида баъзе гуфтумонҳое мешавад, ки “чаро дар ин мавзӯъ навиштӣ?”, “наменавиштӣ хубтар буд” “инро ба ту кӣ супориш дод?” мерасад.

Ҳамин тариқ, сензураи рӯирост аз ҷониби роҳбарияти оҷонсӣ ҳам намерасад. Вале ҳолатҳое ҳаст, ки роҳбарият бо ишора ба вазъи мавҷуда маҷбур мешавад, дар навиштани ин ё он мавзӯъ даст кашад. Ҳодисаҳои мартуб ба ВМКБ дар ёдатон ҳаст, ки Додситони кулл “Азия-Плюс”-ро огоҳ кард, ки дар пахши иттилоъ аз ин ҳаводис даст кашад. Баъди ин ҳушдор роҳбарият аз пахши ин иттилоъ даст кашид ва фикр мекунам, ки дуруст ҳам кард. Ҳарчанд мо ва хонандагонамон ин дардро бо нигаронӣ қабул кардем, вале дар он шабу рӯз ва бо ишора ба он ҳушдор ин тасмим дуруст буд.

Яъне сензураи рӯирост дар фаъолияти касбӣ нест, вале дар мавзӯъҳои мушаххас сензура ҳаст, ки ба мо имкон намедиҳад, ки онҳоро пушиш диҳем.

- Худсензура чӣ?

- Дар пасманзари ҳодисае, ки тобистони соли гузашта ба сари рӯзноманигорон-ҳамкасбонамон омад, гуфтани он, ки дар ман худсензура нест то ҷое дуруғ аст. Чунки хоҳу нохоҳ ҳаводисе, ки ба сари рӯзноманигорону блогерон омад, ба фаъолияти дигар рӯзноманигорон, махсусан рӯзноманигорони ҷавон бетаъсир намемонад. Ман журналистони ҷавони зиёдеро медонам, ки дар пасманзари ҳодисае, ки ба сари дигарон омад, аз навиштани бештари мавзӯъҳо, ҳатто мавзъӯҳои иҷтимоӣ даст кашиданд, ё муваққатан, навиштани чунин мавзӯъҳоро ба як вақти мувофиқ монданд. Ва фикр мекунам, ҳадафи мақомот ҳам ҳамин буд, ки ба ин восита ба дигар журналистон ҳушдор диҳанд.

Вале дар баробари ин ҳастанд, онҳое, ки бо ҳар роҳу восита ҳарфи худро мегӯянд ва бо имзои мустаор ва ё бо имзои редаксия маводҳои худро нашр мекунанд. Аммо тавре дар боло гуфтам, ҳаводиси охир ба худсензурии рӯзноманигорон таъсири манфӣ расонид ва мутаассифона, вазъ рӯз аз рӯз бадтар ва нигаронкунанда шуда истодааст.

- Оё ҳама маълумоти барои инъикоси мавзӯъ дархостакардаи заруриро аз ниҳодҳои масъул дастрас карда метавонед?

- Ин мавзӯъ барои рӯзноманигорон рӯз аз рӯз нигаронкунанда мешавад. Имрӯз, кӯчактарин иттилоъро аз ниҳодҳои дахлдор гирифтан ғайриимкон аст. Ҳатто барои тасдиқ ё рад кардани як иттилоъ аз мо мактуби расмӣ талаб мекунанд, вале вақте мактуби расмиро мегиранд, аксар маврид ба он посух намеҳиданд ва агар посух ҳам диҳанд, бисёр дер ва як посухе, ки ба дарди журналист намехӯрад. Ин падида баъди соли 2015 “муд” шуд ва ҳар ниҳоде, ки намехоҳад иттилоъ диҳад, мактуби расмӣ талаб мекунад.

Бо гузашти солҳо ин падидаро ниҳодҳои зертобеъи мақомот ҳам “омӯхтаанд” ва ҳатто онҳо бо баҳонаи ба “дастгоҳи марказиамон мактуб нависед”, аз посух ҳазар мекунанд. Ин дард ба ташкилоту идораҳои хусусӣ ҳам таъсир кардааст ва дар аксар мавридҳо онҳо ҳам барои як саволи “ҳа” ё “не” мактуб талаб мекунанд.

Ҳастанд ниҳодҳое, ки ба баъзе саволҳои “бемушкил” посух медиҳанд, вале хело кам. Бештари ниҳодҳо журналистонро инкор мекунанд ва ҳатто ба мактубҳо аҳамият намедиҳанд.

Масалан, ман ҳафтаи гузашта дастрасии иттилоъро аз рӯи чанд категория, аз ҷумла ирсоли мактуб ба ниҳодҳои расмӣ барои гирифтани посух ба ин ё он масъала дар соли 2022 дар “Азия-Плюс” мониторинг кардам. Маълум шуд, ки аз 46 дархости расмие, ки мо ирсол кардем, танҳо дар 12-тояш посух гирифтаему халос. Ва ҳамоне, ки дастрас шудааст ё бо гузашти вақте, ки қонунгузорӣ мушаххас кардааст ва ё як посухе, ки умуман ба дардамон намехӯрад, мисли он, ки фалон иттилоъро дар сомонаамон дастрас кунед. Дар ҳоле, ки на танҳо дар сомонаашон чунин иттилоъ нест, балки он ба таври зарурӣ кор намекунад. Ба 34 дархости журналистии мо то ба ҳол посух наомадааст. Ин ба маънои он аст, ниҳодҳои масъул мактубҳои расмиро ҳам сарфи назар кардаанд, ки бо ин роҳ чанд қонуни амалкунандаи кишварро дар самти дастрасии иттилоот вайрон намудаанд.

Ин чиз фазоеро фароҳам меорад, ки журналистон аз манбаъҳои расмӣ ва ғайрирасмии худ аз дохили ин ниҳодҳо ва ё наздик ба онҳо иттилоъ гиранд. Вале дарёфти онҳо ҳам кори мушкил аст ва аксаран онҳо низ аз додани ҳама гуна иттилоъ даст мекашанд. Дар баробари ин, ба чунин манбаъҳо такя кардан нашояд, чунки на ҳама вақт онҳо ҳамаи иттилоъи заруриро доранд ва ё рӯзе метавонанд як маълумоти нодурустро пешниҳод кунанд, ки дар натиҷа ҳам журналист ва ҳам расона зери хатари калон қарор гирад.

- Шароити моддиву маънавии рӯзноманигори имрӯзаро барои бе каму кост иҷро кардани рисолаташ чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ҳама чиз ба фазо вобастагӣ дорад. Агар фазо муҳайё бошад, яъне монеҳо дар самти иҷрои рисолати касбии журналист набошад, рӯзноманигори хуб метавонад, бо ҳар роҳе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, рисолати худро иҷро кунад ва дар баробари ин маблағи заруриро барои зиндагиаш ба даст орад. Вале аз сабаби он, ки дар мо фазо танг аст, на танҳо журналист рисолаташро иҷро намекунад, ҳамчунин маблағеро ҳам пайдо крада наметавонад, ки зиндагиашро пеш барад.

Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳатто ба журналистоне, ки бо созмонҳои байнамилалӣ ё бо расонаҳои минтақавиву байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанду барои онҳо мақолаҳо ё гузоришҳо омода мекунанд, монеъ мешаванд ва намегузоранд, ки онҳо ақалан аз ҳамин роҳ зиндагии худро пеш баранд.

Суҳбати Рухшона Ҳакимова


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима