Давоми соли 2022 дар саросари дунё 67 рӯзноманигор ва дигар кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Ин болотарин талафот аз соли 2018 ба ин тараф аст. Дар ин бора дар гузориши тозаи Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ) хабар дода шудааст.
Ба иттилои CPJ, ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои Украина 15 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки 13 тани онҳо ҳангоми ҷамъоварии иттилоъ ва ё гузориш додан кушта шудаанд.
Созмон менависад, бештар кушторҳо дар ибтидои ҷанги Русия зидди Украина сурат гирифтаанд. Охирин куштори корманди расонаҳо дар Украина дар моҳи майи соли 2022 рух дод. Он замон наворбардори фаронсавӣ Фредерик Леклерк-Имхофф дар автобуси ҳомили украинҳо аз бомборони Русия фирор мекард. Вай захмӣ шуд ва дертар фавтид.
Бархе аз рӯзноманигор гуфтаанд, низомиҳои Русия онҳоро барқасдона ба ҳадаф мегиранд, омадааст дар гузориши CPJ.
Хатарноктарин минтақа барои рӯзноманигорон дар соли 2022 Амрикои Лотинӣ будааст. Дар ин минтақа дар маҷмуъ 30 рӯзноманигор ва корманди расонаҳо кушта шудаанд. Ҳамаи онҳо ба инъикоси мавзуҳое аз қабили ҷинояткорӣ, фасодкорӣ, хушунати гуруҳҳои ҷиноӣ ва мушкилоти муҳитзистӣ машғул буданд.