Далери Имомалӣ. "Барои далерияш зиндонӣ карданд" ВИДЕО
     TJ RU EN
11:19 / 2024-12-19

Далери Имомалӣ. "Барои далерияш зиндонӣ карданд" ВИДЕО

Daleri Emomalii"Мардум дарди ногуфтаи зиёд доранд, ба раису ба вузаро. Ҳукумат аз буҷаи ману Шумо, шаҳрвандони азиз, ин мошинро ба ӯ додааст, вале ману Шуморо қабул намекунад..." Ин порча аз яке аз суҳбатҳои охирини Далери Имомалӣ (Далер Бобиев) пеш аз боздошташ аст.

Ӯ ба дари вазирону кабирон мерафт, то суолҳои мардумро аз онҳо бипурсад. Яке роҳ медод, дигарӣ аз дар меронд.

Ҷанҷолу даъвои сокинонро барои замину хона сабт ва бо тарафҳои даъвогар суҳбат мекарду дар Ютуб мегузошт. Бо ҳамингуна блогҳои видеоияш шуҳрат ёфту садҳо ҳазор бинандаро ба канали худ дар Ютуб ҷалб кард. Дар тӯли камтар аз 3 сол гузоришу суҳбатҳояшро бештар аз 26 миллион бор дидаанд.

Аз тобистони соли 2022 мухолифонаш зиёд шуданд. Моҳи июн ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” боздошт ва 17-уми октябр ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.

Иттиҳомоте, ки тарафдоронаш беасос медонанд ва мегӯянд, мақомот барои хомӯш кардани Далери Имомалӣ ва халос шудан аз танқид ӯро ба зиндон андохтаанд.

Худаш дар моҳи ноябри соли 2022 дар номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон навишт, “тафтишу мурофиа пур аз дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.

Вай ҳамзамон хост, ба ҳар гуна навор бо иштироки ӯ ва ҳамкоронаш Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бовар накунанд. "Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) сабт шуд," – навишт ӯ.

Лолисанам Улуғова, коргардоне, ки бо Далер кор кардааст, гуфт: “Далери Эмомалӣ яке аз меҳанпарастони воқеии ватани худ аст. Он театри мустанадиро ривоҷ дод, тарафдори рушди забони тоҷикӣ, тарафдори афкори интиқодӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон аст. Ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки ӯро чунин ҷазои сахт доданд. Ба назари ман, одамоне мисли Далери Эмомалӣ дар озодӣ ба мо заруранд.”

Ҳамкорони собиқаш мегӯянд, Далер аз рӯзҳои аввале, ки рӯ ба хабарнигорӣ овард, саъй мекард, бетараф бошад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Ба қавли Саидэҳсон Солиев, ҳамкори собиқаш дар “Радиои Имрӯз”, “талош мекард, агар тасмиме гирифт, анҷом бидиҳад. Мавзӯе, ки гирифт, хуб баррасӣ мекард. Мушкил ҳам бошад, саъй мекард, ин корро анҷом диҳад. Яъне, дар баррасиҳо бисёр одилона амал мекард.”

Далери Имомалӣ, ки 34-солагиашро дар ҳуҷраи боздоштгоҳ таҷлил кард, ҳамсару ду фарзанд дорад. Хатмкардаи Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон аст ва ҳунарпешагӣ ҳам мекард. Дар Радиои Ватан, гуруҳи театрии “Нигоҳи нав”, “Суғдсинамо” ва Радиои Имрӯз кор кардааст.

  • “Ватан дигарай”
  • “Бе қайчӣ”
  • “Ба Исфара (ё ҳар ноҳияи дигар) равон шудем”
  • “Лучоб” аз бахшҳои доимӣ ва
  • “Бо умеди сулҳу субот дар Тоҷикистон ва ҳамаи ҷаҳон"
  • "Адолати иҷтимоӣ, тамом" шиори ҳамешагии барномаҳояш буд.
  • Устодаш, Қурбони Собир, мегӯяд: “Далер бисёр бачаи боҳушу бонангу боори ҳамин мамлакат аст. Бояд ҳама ҳамингуна бошад, аммо мутаассифона ҳама мисли Далер нестанд, хеле камбудӣ доранд ва хеле камбудиҳояшонро пинҳон мекунанд. Барои ҳамин Далер бисёр рӯшан менамояд."
  • Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, маҳкум ба 10 соли зиндон шудани Далери Имомалӣ, баҳоест, ки тоҷикон барои озодии баён ва инъикоси воқеият мепардозанд. Ба қавли онҳо Далерро барои хабарнигори нотарсу далер буданаш, паси панҷара андохтанд, на ягон гуноҳи дигар.

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар моҳи декабр ва дар поёни сафараш ба Тоҷикистон гуфт, Далери Имомалӣ дар маҳбас ба пизишк ва ёрии тиббӣ ниёз дорад. Ӯ дар умум аз вазъи озодии баён ва боздошти хабарнигорон дар кишвар изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳукумат хост, “фазои пуршиддати тарсро аз байн барад.” Мақомот вокуниш накарданд.

https://www.ozodi.org/a/32226123.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима