“Мактуб кунед...” “Пӯшидатарин” ниҳодҳои Тоҷикистон
     TJ RU EN
11:17 / 2024-12-19

“Мактуб кунед...” “Пӯшидатарин” ниҳодҳои Тоҷикистон

20230118 APДастрасӣ ба иттилоъ яке аз мушкилоти асосии озодии баён ва расонаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Вазъи дастрасӣ ба иттилоъ дар Тоҷикистон сол аз сол душвор шуда, аксар вазорату идораҳо кӯчактарин маълумотро ба рӯзноманигорон намедиҳанд ва аз онҳо дархости журналистӣ талаб мекунанд. Дар сурати ирсоли дархост аксаран сари вақт посух намедиҳанд ва ё ҷавобе мегардонанд, ки барои рӯзноманигор қонеъкунанда нест.

Дар ин ҳол, манбаъҳои расмиву ғайрирасмии рӯзноманигорон дар ниҳодҳо, ягона василаи гирифтани иттилоъ боқӣ мемонанд. Вале рӯзноманигорон мегӯянд, набояд ба манбаъҳо такя намуд, чунки онҳо метавонанд, як рӯз иттилои нодуруст ва носанҷида манзур гардонанд, ки дар натиҷа, рӯзноманигор ва идораи расона пас аз нашр он зери хатар қарор гиранд.

Ҳамчунин, маводе, ки бо такя ба манбаъ пешниҳод мешавад, шаффофияти кори журналистонро зери суол мебарад, эътимодро ба кори онҳо коста мегардонад ва манбаъ дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад, зери фишору таъқиб аз иттилои додааш даст кашад.

Бо назардошти ҳолати кунунӣ, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, вазъи дастрасии иттилоъро дар вазорату идораҳои Тоҷикистон дар соли 2022 пайгирӣ (мониторинг) кунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, дар аксар ҳолат ҳатто сухангӯи ниҳодҳои расмӣ аз пешниҳоди иттилоъ ё шарҳи масъала тариқи телефон ва ё шифоҳӣ худдорӣ мекунанд ва ҳатто барои тасдиқ ё радди маълумоту рухдоде дархости расмӣ талаб менамоянд, ки ин хилофи конунгузории кишар дар хусуси дастрасӣ ба иттилоъ аст.

Дар қонунгузорӣ оид ба дастрасии иттилоъ талаби дархости пешниҳод танҳо дар ҳолатҳое пешбинӣ шудааст, ки маълумоти пурсидашуда оморӣ зиёд ва ё кофтуков дар бойониро талаб кунад. Дар ҳамин ҳол ҳам муҳлати мушаххас барои посух гуфтан ба дархости журналист пешбинӣ шудааст, аммо аксари ниҳодҳои расмӣ ин муқарраротро риоя намекунанд.

Аз 46 дархост танҳо 12 посух
Дар соли 2022 аз 46 дархости рӯзноманигорие, ки “Азия-Плюс” ба вазорату идораҳои Тоҷикистон ирсол кардааст, танҳо ба 12 – тои он посух гирифту халос. Онро ҳам на дар муҳлати пешбининамудаи қонунгузорӣ, балки бо гузашти як моҳ ё бештар аз он.

Оҷонсии зиидифасод, Додситони кулл ва Оҷонсии омори Тоҷикистон аз ҷумлаи камтарин ниҳодҳое буданд, ки ба дархости мо посух гардониданд.

Дар посухи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон оид ба сармоягузории Чин ба Тоҷикистон давоми 5 соли охир, гуфта мешавад, ҳамаи маълумоти дархосткардаи мо дар сомонаи расмии кумита мавҷуд аст. Вале тафтиши сомона маълум кард, ки иттилои хостаи мо дар сомонаи ин ниҳод мавҷуд нест.

Ё дар яке аз ҷавобҳои Кумитаи андоз ба дархости мо зикр шудааст, ки “моҳи декабр оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи кумита нишасти матбуотӣ баргузор мешавад ва метавонем дар он ширкат карда ба суолҳоямон посух гирем”.

Яъне ҳастанд вазорату идораҳое, ки ба дархост посух мегардонанд, вале иттилои талабшударо манзур намекунанд ва ҳадафи аслӣ “халос шудан” аз рӯзноманигор аст.

Ниҳодҳое ҳам ҳастанд, ки умуман ба дархостҳо посух намегардонанд ва тавассути телефон ҳам ҳеҷ иттилоъ намедиҳанд. Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аз ҷумлаи чунин ниҳодҳо аст, ки ҳатто дар замони муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғзистон аз пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ ба расонаҳо, ба ғайр аз АМИТ “Ховар”, худдорӣ мекунад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам аз ниҳодҳои пӯшидатарин дониста мешавад ва аз он дастрас кардани иттилоъ тавассути телефон ё шифоҳӣ ғайриимкон аст. Ба дархосте, ки моҳи апрели соли 2022 фиристода будем, то ҳол посух нагирифтаем. Дафтари матбуотии ин ниҳод ҳам аз пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунад.

Вазоратҳои кишоварзиву молия ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳам аз ниҳодҳои дастнораси кишвар ба ҳисоб меравад. Ба дархости журналистие, ки ба ин ниҳодҳо давоми се моҳи охири соли 2022 ирсол кардем, то ҳол посухе нест.

Ҳарчанд, дар робита ба вазъи коронавирус дар кишвар яке аз масъулини Вазорати тандурустӣ тариқи телефонӣ суҳбат мекунад ва чораҳои пешгириро мефаҳмонад, вале дар робита ба масъалаҳои ҷиддӣ ва паҳлӯҳои дигари фаъолияти ин ниҳод мо наметавонем аз ӯ иттилоъ дастрас кунем.

Мо то ба ҳол аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам мунтазири посух ба дархости журналистӣ ҳастем, ки моҳи феврали соли 2022 ирсол карда будем.

Ҳамчунин, аз Оҷонсии хизмати давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи замин, Вазорати адлия ва Кумитаи кор бо занон низ бо гузашти як сол мо дархости журналистӣ интизорем. Тавассути телефон ва муроҷиати шифоӣ аз ин ниҳодҳо иттилоъ гирифтан ғайриимкон аст.

Ҳамчунин, ниҳодҳои поёнии аксари вазорату идораҳо бо ҳавола кардан ба ниҳодҳои болоӣ аз пешниҳоди ҳар гуна маълумот худдорӣ менамоянд.

Ин дар ҳолест, ки дастрас кардани маълумоти расмӣ ва ё рӯшанӣ андохтан ба масъалае аз Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур нисбатан осон ва имконпазир аст.

Дар баробари ин, ҳастанд вазорату идораҳое ки бо расонаҳо ҳамкорӣ доранд ва ҳадди ақалл, ба суолҳои рӯзмарра посух мегӯянд. Ба ин рӯйхат метавон, вазоратҳои корҳои дохилӣ, хориҷӣ, маориф, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи дин, шаҳрдории Душанбе ва РВКД дар шаҳри Душанберо шомил кард. Ҳарчанд марказҳои матбуотии ин ниҳодҳо дер ва то ҷое эҳтиёткорона посух медиҳанд, вале барои як посухи “ҳа” ё “не” дархост талаб намекунанд. Онҳо танҳо ба мавзӯъҳои ҳасос ва иттилое, ки омори зиёдро талаб мекунад, мактуб мепурсанд.

Чаро вазъ чунин шуд ва чӣ бояд кард?
Дар чунин шароит, суоле пайдо мешавад, ки вақте заминаи қонунии пешниҳоди иттилоъ, дастури шифоҳии президент оид ба пешниҳоди маълумот ва талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мавҷуд аст, чаро аксари мақомоти кишвар аз ироаи иттило тавассути шифоҳӣ ва хаттӣ худдорӣ мекунанд?

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОМТ мегӯяд, солҳои охир мансабдорони давлатӣ бисёр эҳтиёткор шудаанд, ки ин ҳам ду омил дорад, яке худашон аз талаботи қонунгузорӣ огоҳ нестанд ва дуввум огоҳ ҳастанд, вале барои иҷрои он ҷуръат надоранд.

"Вазъи дастрасӣ ба иттилоот аз соли 2015 инҷониб рӯз аз рӯз бад мешавад ва ин ба омилҳои гуногуни ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва рушди ҷомеа дар ҳар марҳала вобаста аст", - мегӯяд Қаршибоев.
Номбурда мегӯяд, ниҳодҳои муҳими давлатӣ, ки қаблан ба журналистон посух медоданд, вақтҳои охир ҳатто ба дархостҳои журналистӣ низ беэътиноӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Қаришибоев, сабаби асосӣ бемасъулиятии мансабдорон аст, ки дидаву дониста талаботи қонунро риоя намекунанд.

“Гуноҳ” - и дигар ба гуфтаи номбурда, аз ҷониби журналистон сар мезанад, ки баъди ирсоли дархост посухи онро талаб накарда, дар сурати зарурӣ ба суд муроҷиат намекунанд.

- Ин саҳлангории масъули ҳамкорӣ бо ВАО дар мақомоти давлатӣ аст. Вазъи мазкур ташвишовар аст ва мо барои решакан кардани ин ҳолат иқдом хоҳем кард,- гуфт ӯ.

Ёқуб Ҳалимов, яке аз журналистони тоҷик, ки ба мушкили дастрасӣ ба иттилоот пайваста рӯ ба рӯ мешавад, барои беҳтар шудани вазъ ду роҳро пешниҳод мекунад.

Якум, ба додгоҳ кашидани ниҳодҳое, ки дар муҳлати муқарарнамудаи қонунгузорӣ посух пешниҳод намекунанд. Чунки ба гуфтаи ӯ, ин ҳақро на танҳо журналистон ва расонаҳо, ҳатто шаҳрванди қатории Тоҷикистон низ доранд.

Роҳи дуввум, расонаӣ кардани исми ҳар ниҳод ва шахси масъуле, ки иттилои лозимаро намедиҳад.

Ин роҳҳо то куҷо самаранок аст ва кай он аз ҷониби ҷомеаи журналистӣ дар амал таҷриба карда мешавад, маълум нест. Вале чизи маълум, ин ки вазъ сол аз сол бадтар мешавад ва бояд роҳи ҳалеро пайдо кард.

Дар сурати ғайр, соли дигар низ рӯйхати пӯшидатарин мақомоти давлатӣ тартиб дода мешавад ва ба эҳтимоли зиёд, сафи ин гуна ниҳодҳо меафзоянд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20230119/maktub-kuned-pshidatarin-niodoi-toikiston


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима