Журналистон мегӯянд, соли 2022 бо ҳабси якчанд рӯзноманигорону блогерон ҳамчун соли вазнин дар хотирҳо монд.
     TJ RU EN
09:43 / 2024-12-19

Журналистон мегӯянд, соли 2022 бо ҳабси якчанд рӯзноманигорону блогерон ҳамчун соли вазнин дар хотирҳо монд.

PressconferenceСоли сипаришуда якчанд рӯзноманигорон ва блогерон бо ҷурмҳои гуногун ба зиндон маҳкум шуданд. Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхонум Маҳмадшоева ва чанд нафари дигар пайи ҳам боздошт шуданд.

Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон маҳкум гардид. Ӯ бо ҷурми соҳибкории ғайриқонунӣ, дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” айбдор ҳисобида мешуд. Аммо ба гуфтаи манбаъҳо ӯ ба ҷузъ аз соҳибкории ғайриқонқнӣ дигар иттиҳомро қабул накардааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба 7 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Созмонҳои ҳомии хабарнигорон борҳо вокуниш карда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, то рӯзноманигорону блогеронро озод кунад.

Ба андешаи Хуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳабси рӯзноманигорон ва блогерон худсензураро зиёдтар мекунад. “Ҳукмҳои гӯшношунид ва бераҳмӣ нисбати блогерону журналистон касро ба ин андеша мебарад, ки дигар аз бардоштани мавзӯъҳои иҷтимоӣ ҳам ҳазар кунанд ва пеш аз он, ки чизе мегӯянду менависанд ба шарҳи ҳолу авлоди танқидшавандаҳо ҳам таваҷҷӯҳ кунад” - афзуд ӯ.

Дар ин баробар, ба гуфтаи Хуршед Атовулло, соли 2022 барои як қатор расонаҳои мустақил соли нек ҳам буд. Ӯ мегӯяд соҳиби коргоҳи шахсӣ шудани гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс”, “Тоҷикистон” ва “Авесто” яке аз ҳамин хабарҳои нек аст. “Расонаҳои интернетӣ бештар шуданд ва баъзе мисоли Your.tj муваффақ ҳам шуданд. Қонуни нави ВАО бо кадом шарту шароитҳо қабул мешавад, саволи вақт аст, расонаҳои чопии мустақилу ниммустақил ҳам дигар роҳи раҳоиро дар обунаи маҷбурӣ диданд, ки паёмади нохуб дорад”- қауд намуд Хуршед Атовулло.

Дастрасӣ ба иттилооти расмиро низ журналистон дар соли сипаригардида мушкил арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо сохторҳои давлатӣ байни худу журналистон “девори баландеро” сохтаанд, ки шикастанаш душвор шудааст. Мақомот кӯчактарин маълумотро намедиҳанд ва бо ҳар баҳона аз додани иттилоъ худдорӣ мекунанд. Ба дархостҳои журналистӣ низ ҷавоб гирифтан хеле душвор буд ва ҷавобҳои онҳо талаботи рӯзноманигоронро қонеъ намекарданд.

Хабарнигор Фарзон Муҳаммадӣ мегӯяд, дар соли 2022 озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот назар ба солҳои қаблӣ бамаротиб поён рафтааст. “Агар минтақаи Суғдро ба назар гирем, ҳатто чандин мақомоти қонунсолор ва қонунгузор аз иҷрои амри Президент дар бобати баргузории нишастҳои хабарӣ даст кашиданд. Намунаи боризаш мақомоти Додгоҳи Суғд буд. Ин мақомот бе ягон шарҳу тавзеҳ нишасти хабарии шашмоҳа доир накард. Мақомоти пулиси минтақавӣ бо муроҷиатҳои паёпай ҳам дастикам 4 сол боз нишастҳои хабарӣ доир намекунад. Ин ҳам сарпечӣ аз амри Президент ва ҳам беэҳтиромӣ нисбати кормандони ВАО аст”.

Ӯ мегӯяд ҳатто дар ин бора рӯзноманигорон борҳо ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат карданд. Ба гуфтаи Фарзон Муҳаммадӣ ин чизҳо боис гардидааст, ки назар ба кишварҳои ҳамсоя барои пур кардани фазои иттилоотӣ дар қафо ҳастем.
Тибқи Амри Президенти кишвар аз соли 2011 тамоми вазорату корхонаҳои давлатӣ бояд соле ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор намоянд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки гузаронидани нишастҳои матбуотӣ гӯё барои иҷрои амр гузаронида мешаванду халос.

Ба гуфтаи хабарнигорон дар ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2022 нишастҳои матбуотӣ ба истилоҳ “ради галочки” гузаронида шуданд. Роҳбарони баъзе сохторҳо ҳисоботҳои дуру дароз қироат карда, вақтро беҳуда мегузаронидад ва ба саволҳои зарурӣ ҷавоб намедоданд.

Роҳбарони аввали бархе мақомотҳо умуман дар нишастҳо ширкат накарданд. Ҷамъбасти соли 2022 бояд ба наздикӣ баргузор гардад ва то куҷо нишастҳо гарм ва то куҷо хабарнигоронро қонеъ мекунад, инро вақт нишон медиҳад.

Рухшона Ҳакимова, Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима