Саркӯб, шиканҷа, "одамрабоӣ". HRW ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард
     TJ RU EN
10:50 / 2024-12-19

Саркӯб, шиканҷа, "одамрабоӣ". HRW ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард

20230112 ROДидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Тоҷикистонро барои саркӯби эътирозҳои мусолиматомез дар Бадахшон, фишор ба рӯзноманигорону вакилони мудофеъ, бадрафторӣ бо зиндониён ва набудани таҳқиқи шаффоф дар мавриди даргириҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон танқид кард. Гузориши нав рӯзи 12-уми январ нашр шуд. Коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бо гузориши созмон ҳамназаранд, аммо доираҳои наздик ба ҳукумат "муғризона ва пешдоварӣ" номиданд.

ВМКБ ва фишор бар ҷомеаи маданӣ
Дар гузориши нави Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфта мешавад, ки аз моҳи ноябри соли 2021 то июни соли 2022 дар пайи саркӯби тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камаш 34 нафар кушта шуданд. Ғайр аз ин, даҳҳо нафар дастгир ва аксарият ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуданд.

Дар гузориш аз рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева (ба 21 сол зиндон маҳкум шуд), 13 узви “Комиссияи 44” ва ихроҷи Шодрӯз Аҳроров аз Русия (6 сол зиндонӣ шуд) ёд овардаанд.

Номи хабарнигорон Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Эмомалӣ низ дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар зикр шудааст. Онҳоро ба гуноҳи ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” аз ҳафт то даҳ сол зиндонӣ карданд. Чизе, ки худашон ва пайвандон беасос медонанд.

Ин созмони байнулмилалӣ инчунин ба сензура (сонсур)-и шадиди расонаҳо ва таъқиби рӯзноманигорон ишора кардааст. “Чаҳор рӯзноманигори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настоящее время” пас аз мусоҳиба бо Улфатхоним Мамадшоева мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Шахсони номаълум дурбин ва телефонҳояшонро рабуданд, латукӯб ва таҳдид ба марг карданд,” -- гуфта мешавад дар гузориши HRW.

Дар ин гузориш ба ҳушдори Додситонии кул ба расонаҳо дар мавриди бозтоб надодани рӯйдодҳои ВМКБ ишора шудааст. Дар пайи он хабаргузории “Азия-Плюс” аз нашри хабар дар бораи воқеаҳои Бадахшон даст кашид. Ғайр аз ин, дар гузориши HRW дар бораи маҳдудияти фаъолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ ба далели додани эътиборномаҳои кӯтоҳмуддат ва фишор ба кормандони шабакаи “Азда” ва маҳдудияти сафар барои пайвандони онҳо дар Тоҷикистон зикр шудааст.

Абдумалик ҚодировКоршиноси мустақил Абдумалик Қодиров мегӯяд, муҷозоти зиёди рӯзноманигорон ва блогерон дар соли 2022-ро метавон бо давраи ҷанги шаҳрвандӣ муқоиса кард, агарчӣ аз нигоҳи шумора яксон нестанд. “Ин нишондиҳандаи фишори зиёд бар озодандешон, дигарандешон ва мунтақидон аст, ки боиси тақвияти худсонсурӣ мешавад. Тоҷикистон мақоми худро дар радабандиҳои ҷаҳонӣ аз даст медиҳад, ки бар рушди кишвар таъсири манфӣ хоҳад дошт,” – шарҳ дод ӯ.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров
Намояндагони ҳукумат назари дигар доранд. Ба қавли Сайфулло Сафаров, “албатта, метавон гуфт, ки 10-15 дарсад воқеият доранд, аммо тарзи нигоҳ ба онҳо чӣ гуна аст? Мешавад, ки ба як ҳодиса аз чанд мавқеъ назар кард ва ба таври гуногун ин воқеаҳоро шарҳ дод. Онҷо, албатта, худи фактҳо дурустанд, онҳо ҳастанд, вале тарзе, ки шарҳ додаанд, ин хел нест ва нахоҳад буд.”

Одамрабоӣ, шиканҷа ва набудани таҳқиқот
Дар гузориши HRW аз нопадид шудани иҷбории камаш 7 фаъол аз ноябри соли 2021 то августи соли 2022 ёд шудааст, ки 2 нафари онҳо шаҳрвандии Русияро доштанд. Муаллифони гузориш бо такя ба пайвандони боздоштшудаҳо аз эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо навиштаанд.

Аз аъзои зиндонии ҲНИТ низ ном бурда шудааст, ки бо вуҷуди хостори созмонҳои байнулмилалӣ барои озодии онҳо, ҳанӯз пушти панҷараанд. “Ҳеч навъи таҳқиқи воқеӣ баргузор нашуд ва масъулони шӯриш дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат дар моҳи ноябри 2018 ва майи 2019 ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд. Дар натиҷаҳои ин шӯришҳо 50 зиндонӣ ва 5 посбони зиндон кушта шуданд. Инчунин, моҳи июли соли 2019 14 зиндонӣ ҳангоми интиқол ба зиндон аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд ”, - гуфта мешавад дар гузориш.

Ҷамшед ЁровҶамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷик ва роҳбари “Бунёди Бузургмеҳр”, мегӯяд, теъдоди зиндониҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ин сол чандин маротиба бештар шуд, ҳеч яке аз онҳо озод нашуд ва вазъи ҳеч кадоме аз онҳо тағйир наёфт. “Ман фикр мекунам, талабу дархостҳои ташкилоти байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ ба Тоҷикистон дар мавриди озод кардан ё аз рӯи қонун барасӣ кардани парвандаҳои зиндониҳои сиёсӣ таъсир нахоҳад дошт. Магар ин ки аз фишангҳое ба монанди таҳрим кор гирифта шавад,” – бовар дорад ӯ.

Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ҳамасола мақомоти Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи башар ва фишор бар ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тибқи баъзе баҳогузориҳо “нақши худро аз даст додаанд”, интиқод мекунанд.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода
Аммо Саидҷафар Усмонзода, роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, бо чунин назар мувофиқ нест. “Мавқеи шаҳрвандии мардуми Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Баръакс, онҳо аз тамоми рӯйдодҳое, ки дар Тоҷикистон ва ҷаҳон рух медиҳанд, огоҳанд ва фаъолона дар баҳсу баррасии масъалаҳо иштирок мекунанд ва пешниҳодҳо ироа мекунанд,” -- мегӯяд Усмонзода.

Даргириҳои марзӣ ва ислоҳоти нокоромад
Дидбони Ҳуқуқи Башар ба даргириҳо дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ишора кардааст, ки дар натиҷаи он аз ду тараф чандин нафар кушта шуданд. “Ҳеч таҳқиқе дар мавриди марги ғайринизомиён дар ҷараёни даргирии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2021 сурат нагирифт ва касе ҳам барои он посухгӯ нашуд,” – навиштаанд муаллифони гузориш.

Дар гузориш инчунин ба иҷрои ғайримуассири қонуни соли 2013 дар бораи пешгирии хушунат дар оила низ ишора шудааст, ки хушунати хонаводагиро ҷиноят намешуморад ва аз қурбониён ҳимояти кофӣ намекунад. Афзун бар ин, аз қонуни зидди табъиз низ ном гирифта шудааст, ки мафҳумҳои “гароиши ҷинсӣ” ва “ҳувияти ҷинсӣ”-ро ҳамчун категорияҳои ҳифозатӣ аз пешнависи қонун ҳазф кардааст.

Ниҳодҳои расмии Тоҷикистон ҳамвора мегӯянд, ки ҳуқуқи инсон ва озодии сухан дар Тоҷикистон таъмин аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар чандин сол аст, ки онҳоро барои нақзи пайвастаи ҳуқуқи инсон танқид мекунанд.

https://www.ozodi.org/a/32220343.html

 

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима