Муштариён дар Тоҷикистон ҳамеша аз суръати пасти интернет ва гоҳо дастнорас шуданаш шикоят мекунанд.
Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 аз қатъи интернет беш аз 2 миллион доллар зиён дидааст.
Бар пояи маълумоти портали TОП10VPN.com соли гузашта дар Тоҷикистон дидаву дониста 39 шабонарӯз ва ё 936 соат дастрасӣ ба интернет қатъ шудааст. Аз ин кор 78 ҳазор сокини кишвар зарар дидаанд.
Ба ҳамин тартиб, дар шохиси портали мазкур Тоҷикистон аз назари қатъ кардани интернет ва зиёни расида ба иқтисод дар миёни 23 кишвар дар зинаи 19-ум қарор гирифтааст.
Маъмулан, дар пайи нооромиҳо дар Тоҷикистон интернет дастнорас мешавад. Огоҳони вазъ мегӯянд, мақомот ба хотири роҳ наёфтани навору акс аз маҳали ҳодиса чунин иқдом мекунанд.
https://www.ozodi.org/a/32218726.html