"Корҳои хатарнок" дар Тоҷикистон. Кӣ аз чӣ метарсад?
     TJ RU EN
09:37 / 2024-12-19

"Корҳои хатарнок" дар Тоҷикистон. Кӣ аз чӣ метарсад?

20230109 RO4Шуғлҳои замоне серталаб дар Тоҷикистон ба монанди рӯзноманигорӣ, фаъоли иҷтимоӣ, вакили дифоъ ва фаъоли ҳуқуқи инсон солҳои охир маҳбубияти худро аз даст додаанд. Агар дар ибтидои солҳои 2000-ум ин ҳирфаҳо ба лиҳози даромад ва обрӯ қобили таваҷҷуҳ буданд, акнун ба гуфтаи намояндагони ин шуғлҳо, мушкилҳои калон эҷод мекунанд.

Чаро Мадина фикрашро дигар кард?
Мадина хатмкардаи Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ аст. Ӯ соли гузашта ин донишгоҳро бо тахассуси “рӯзноманигори байнулмилалӣ” ба поён расонд, аммо назари худро дар мавриди кор дар Тоҷикистон тағйир дод.

“Волидонам мухолифи он ҳастанд, ки рӯзноманигорӣ кунам. Худам низ медонам, ки ҳоло замони рӯзноманигорӣ нест. Аз ин рӯ, ният дорам, таҳсилро дар риштаи иртибототи омма (PR) ва таблиғот идома диҳам ва дар ин самт кор кунам,” -- мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дар аввали солҳои 2000-ум, дар давраи пас аз ҷанг дар Тоҷикистон, рӯзноманигорӣ, вакили мудофеъ ва фаъоли маданӣ аз ҷумлаи шуғлҳое буданд, ки ҳазорон ҷавони тоҷик орзуи расидан ба онҳоро доштанд. Таваҷҷуҳ ба сулҳсозӣ ва субот дар кишвар даромад ва аҳамияти иҷтимоии ин шуғлҳоро боло бурд. Аммо тақвияти ҷараёни худкомагии ҷумҳурӣ ҷаззобияти онҳоро коҳиш дод ва ғаризаи худмуҳофизатӣ даҳҳо намояндаи ин ҳирфаҳоро ба тағйири шуғл ва таҷдиди назар дар усули корӣ ва ахлоқӣ маҷбур кард.

Замону макони хатарзо барои фаъолияти иҷтимоӣ?
Дар Тоҷикистон тӯли 3 моҳи охир 7 рӯзноманигор ва блогер аз 7 то 21 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Онҳоро аз ҷумла барои дурӯғпароканӣ, узвият дар созмонҳои ифротгаро ва ҳамкорӣ бо ташкилоти мамнуъ муттаҳам карданд. Худи рӯзноманигорон ва наздикони онҳо иттиҳомро рад мекунанд.

Боздошт ва муҳокимаи рӯзноманигорон ва блогерон боис ба интиқод ва эътирози кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ба вижа Амрико, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон шуд. Онҳо муҳокимаи рӯзноманигоронро ҳамчун “зарба ба озодии расонаҳо” унвон карданд. Баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ хоҳони озодии рӯзноманигорон ва блогерон шуданд.

Гузоришгарони Бидуни Марз дар як эъломияи худ гуфтааст, “шиканҷа, иттиҳомоти террористӣ, эътирофи иҷборӣ ва муҳокимаҳои пушти дарҳои баста равишҳои роиҷе ҳастанд, ки тавассути давлати истибдодии Эмомалӣ Раҳмон барои саркӯби садоҳои мунтақид истифода мешаванд.”

Аз мақомоти марказӣ дар Душанбе дар мавриди ин танқидҳо изҳори назар намекунанд. Коршиносони наздик ба ҳукумат низ аз баҳогузорӣ ба амалкарди мақомот худдорӣ меварзанд.

Яке аз рӯзноманигорони мустақил, ки тарки пеша кардааст, дар мавриди вазъияти расонаҳо чунин изҳори назар кард: “Дастрасӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ва иттилои расмӣ дар солҳои охир душвор шуд. Бозтоби фаъолияти онҳо боис ба эҷоди мушкили ҷиддӣ мегардад. Худсонсорӣ дар байни расонаҳо боло рафт. Онҳоро ба ифротгароӣ ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ муттаҳам мекунанд, аммо ҳамкорони онҳо таъкид мекунанд, ки маҳз барои пеша ва фаъолияти ҷамъиятии худ зиндонӣ шуданд.”

Мавқеи вакилон чӣ гуна суст шуд?
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, то заиф шудани расонаҳо вакилони мудофеъ мавқеи худро аз даст доданд.

Соли 2015 пас аз қабули қонуни нав “Дар бораи адвокатура” барои имтиҳон кардани вакилони мудофеъ кумисюне таъсис шуд, ки ба озмоиши дониш ва сатҳи ҳирфаии онҳо шуруъ кард. Ғайр аз ин, вакилони мудофеъ ҳар панҷсола тафтиш мешаванд. Дар натиҷаи ин тафтишот теъдоди вакилони мудофеи соҳиби иҷозатнома аз 1200 нафар дар соли 2015 ба 600 нафар дар соли 2017 расид ва ниҳоди ваколат зери назорати мақомот қарор гирифт.

Ғайр аз ин, фишор болои вакилони дифоъ тақвият ёфт. Баъзе аз онҳо, аз ҷумла Шуҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ки ба ҳимояти парвандаҳои “пур сарусадо” даст заданд, худ пушти панҷара рафтанд.

“Нақши вакили дифоъ дар рафти муҳокимаи додгоҳӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, иттиҳомот боло рафт. Дархости вакилони мудофеъ тақрибан рад ва ё нодида гирифта мешавад. Аз ин рӯ, кор кардан ҳамчун вакили мудофеъ ва кори худро содиқона иҷро кардан дар Тоҷикистон на эътибор дорад ва на бехатар аст,” – гуят яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ.

Ангеза чист ва чӣ пайомад дорад?
Сиёсатшинос Азиз Нуруллоев мегӯяд, “ҳар қадаре ки ҳукумат машрӯияти худро аз даст медиҳад, ҳамон қадар назорат ва саркӯб зиёд мешавад. Мақомот аз соли 2010 манобеи худро аз даст дод. Онҳо он замон ҲНИТ-ро ҳамчун рақиб медиданд. Соли 2015 ин ҳизб бо зӯр аз бозӣ берун шуд. Расонаҳои мустақил ва вакилони мудофеъ ба рақибони воқеии мақомот табдил ёфтанд, ки то имрӯз бо онҳо мубориза мебарад.”

Ба гуфтаи ӯ, ин иштибоҳи маъмулии ҳар раҳбари худкома аст, ки тамоми ҷараёнҳои иртиботиро бо воқеиятҳо мепӯшонад ва дар натиҷа бо хашми тӯдаҳо танҳо мемонад.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва шореҳи сиёсӣ, низ дар ин маврид назари мушобеҳ дорад. “Бо аз байн бурдани ҳамаи иттилооти воқеӣ, ҳукумат метавонад, назоратро аз даст бидиҳад. Он вақт фақат таблиғоти сатҳи пойин мемонад ва дар ниҳоят иттилоот дар мавриди ончи воқеан дар кишвар иттифоқ меуфтад, ба роҳбарияти кишвар намерасад. Дар натиҷа ҳар коре, ки мехоҳанд анҷом медиҳанд ва дар як лаҳза ҳама чиз метавонад, инфиҷор шавад. Агар қаблан рӯзноманигорон дар бораи мушкилот менавиштанд ва онҳо ба навъе ҳал мешуданд ва бухор паст мешуд, ҳоло мардум ҷойе барои муроҷиат кардан надоранд. Ҳамаи ин метавонад, ба як рӯҳияи эътирозии бузург табдил шавад,” -- мегӯяд Мирсаидов.

Мери Лолор, гузоришгари вижаи СММ дар масъалаҳои ҳуқуқи башар, рӯзи 9-уми декабри соли 2022 ҳангоми сафараш ба Душанбе гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд дар рафтори худ бо вакилони мудофеъ таҷдиди назар кунанд.

“Баъзе аз масъулон дар ҳукумати Тоҷикистон талош мекунанд, бо вакилони мудофеъ ҳамкории хуб ба роҳ монанд ва дар қонунгузорӣ ба пешрафти қобили таваҷҷуҳ даст ёфтаанд. Аммо бисёре аз касоне, ки ба таври мусолиматомез аз ҳуқуқи дигарон дифоъ мекунанд, худ таҳти фишори физоянда қарор мегиранд. Мақомоти Тоҷикистон бояд вазъияти мудофеони ҳуқуқи башарро беҳбуд бахшанд ва фазои дар ҳоли афзоиши тарсро барҳам зананд,” -- гуфт Лолор.

https://www.ozodi.org/a/32215461.html

 

Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима