Дар Тоҷикистон нашри “рекламаи нодуруст”-ро манъ карданд
     TJ RU EN
10:09 / 2024-12-19

Дар Тоҷикистон нашри “рекламаи нодуруст”-ро манъ карданд

20230109 RO3Дар Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи реклама” банди наве ворид карданд, ки бар асоси он шаҳрвандон ва корхонаҳои хусусиву давлатӣ ҳақ надоранд, таблиғи молу маҳсулот ва хизматрасониеро паҳн кунанд, ки дар он маълумоти нодуруст вуҷуд дорад.

Ин тағйирот охири соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имзо ва дар нашрияҳои расмии кишвар нашр шудааст.

Дар ин тағйироти нав гуфта мешавад, “агар дар реклама маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ” бошад ва молу маҳсулот ё кору хизматрасоние аз ҳақиқат бештару дурӯғ таблиғ шуда бошад, “рекламаи нодуруст” ҳисоб шуда, нашру пахши он манъ аст.

Дар Тоҷикистон маъмулан ширкату корхонаҳо аз тариқи телевизионҳои давлатӣ ё шабакаҳои ишҷтимоӣ молу хизматрасониашонро таблиғ мекунанд.

Сокинон мегӯянд, ҳоло дар шабакаҳои телевизионӣ даҳҳо навъи дору таблиғ мешавад, ки “маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ” доранд.

Абдураҳим, як сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар телевизионҳои кишвар чанд навъи дору дар бораи сармохурдагӣ ба он шакле ташвиқ мешаванд, ки гӯиё пас аз истеъмоли он дар як лаҳза инсон сиҳат мегардад.

“Дар телевизионҳои мо рекламаҳои воҳима зиёданд. Доруро ба шакле таблиғ мекунанд, ки гӯё дар як лаҳза миёндарду зукомат гум мешавад, вале гоҳо як ҳафта ҳам мехӯрӣ ҳеч таъсире надорад,”—гуфт ӯ.

Ҳоло, ба гуфтаи сокинон, ширкатҳои мобилӣ низ пайваста тарғиби молу маҳсулотро тариқи СМС ба муштариён мефиристанд.

Се сол пеш, коршиносони таҳқиқгар гуфта буданд, ки ширкату корхонаҳо соле барои таблиғи маҳсулоту навъи хизматрасониашон беш аз 10 миллион доллар дар Тоҷикистон сарф мекунанд. Бештари рекламаҳо тариқи расонаҳои давлатӣ нашр мешаванд.

Қонун "Дар бораи реклама" соли 2003 қабул шуда буд ва банди навро ба он охири соли 2022 ворид карданд.

https://www.ozodi.org/a/32214309.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима