Танқиди Раҳмон нарх ва суръати интернетро дигар мекунад?
     TJ RU EN
09:39 / 2024-12-19

Танқиди Раҳмон нарх ва суръати интернетро дигар мекунад?

20230109 RO2Бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, пас аз онки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, нарх ва суръати пасти интернетро танқид кард, эҳтимол дар бозори мухобирот баъзе дигаргуниҳо сурат гирад. Ҳарчанд, коршиносон ба тағйиротҳои ҷиддӣ чандон бовар надоранд.

Нигарониҳо аз нархи баланд ва сифати пасти интернет дар Тоҷикистон борҳо аз забони сокинону коршиносон садо додааст. Ин бор Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба ҳарду палатаи порлумон дар охири моҳи декабри соли гузашта аз сифати интернет дар кишвар танқид кард ва гуфт, вазъ қонеъкунанда нест.

Ӯ таъкид кард, ки "суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он" барои рушди иқтисод ва "ҷалби сармоя" зарур аст.

Чӣ боиси монеи рушди соҳа шуд?
Ба назари Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин, пас аз интиқоди президент эҳтимол дигаргуние шавад, вале ин ба он бастагӣ дорад, ки мақомотҳои дахолдор то куҷо масъаларо ҷиддӣ мегиранд.

Рустам Гулов"Дар умум фикр намекунам, мақомотҳои алоҳида, ба хусус Хадамоти алоқа, ягон ҳавасмандии хоса дошта бошанд. Аммо ин ки худи президент дахолат карду як фармони рӯирост доданд, ки ҳамин масъала ҳал карда шавад, пас шояд ягон чиз тағйир ёбад. Аммо то чӣ андоза тағйири ҷиддӣ мешавад, ҳоло чизе гуфта наметавонем, зеро бояд вазъро мушоҳида кунем, ки чӣ мешавад. Тағйироти ҷиддӣ ин бардоштани монополия дар бозор аст,"-афзуд, ӯ.

Бозори Интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" аст. Пештар ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд, мустақилона аз хориҷа Интернет бигиранд. Бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа онҳо вазифадор шуданд, Интернетро танҳо аз идораи давлатии "Тоҷиктелеком" бихаранд. Тағйироте, ки ба назари Ғафурҷон Эркаев, таҳлилгари масоили мухобирот рушди соҳаро боздошт.

Ғафурҷон ЭркаевӮ рӯзи 28-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳалли мушкил бояд бозори озод ва алтернативии хариди интернет барои ширкатҳои хидматрасон фароҳам шавад.

Ӯ шарҳ дод, ки "операторон бояд дар интихоби харидани интернет озод бошанд ва набояд интернет-трафикро танҳо аз "Тоҷиктелеком" бихаранд. То вақте ки Хадамоти алоқа иҷозаи ба таври индивидуалӣ бастани қарордодҳоро барои таъмини интернет надиҳад, чизе иваз намешавад."​

Вақте интернет бесифат аст…
Дар Тоҷикистон чунин нигарониҳое низ вуҷуд дорад, ки нархи гарон ва суръати пасти интернет ба вазъи иқтисодӣ таъсир гузошта, боиси фирори сармоягузорон ё соҳибкороне шудааст, ки корашон ба интернети босифат бастагӣ дорад.

Ба назари коршинос Рустам Гулов, чунин омил баъди эълони "мобилизатсия" дар Русия, ки боиси фирори садҳо шаҳрванди ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид, мушоҳида шудааст.

"Аксари ҳамон мутахассисоне, ки дар соҳаи IT кор мекунанд ва баъди "мобилизатсия" аз Русия фирор карданд, табиист ба онҳо интернети арзону босифат лозим. Аммо дар Тоҷикистон на инаш асту на онаш. Мушкили дигар ин андозбандии IT аст, ки агар муқоиса кунем, дар дигар кишварҳо нисбати Тоҷикистон беҳтар аст. Барои ҳамин бисёри соҳибкорон аз ҳамин ду сабаб, яъне бад будани вазъи андозбандӣ ва сифату арзиши интернет аз Тоҷикистон рафтанд,"--гуфт, Рустам Гулов.

Рӯзи 28-уми декабр дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон касе ҳозир нашуд мавзӯъро шарҳ диҳад. Дар гузашта масъулони ин ниҳод борҳо аз сифати интернет дар кишвар тавсиф карда буданд. Намояндагони Хадамоти алоқа гоҳе паст будани суръат ва сифати Интернетро дар Тоҷикистон ба "истифодаи нодурусти он аз сӯйи мардум" рабт медиҳанд. Ҳарчанд муштариён ҳамеша мушкилро гуноҳи ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқа медонанд.

Дар Тоҷикистон тавсияи Бонки Ҷаҳониро гӯш накарданд
Сокинон дар мавриди сифату нархи интернет назари гуногун доранд.

Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки аксари роҳгузарон аз сифат ва арзиши интернет розӣ нестанд. Бархе гуфтанд, суръати пасти интернет боиси асабонияту таъхир дар пешбурди кору барномаҳояшон мешавад. Гурӯҳе таъкид намуданд, ки агар тарофаҳои гаронтарро харанд, сифати интернеташон нисбатан беҳтар аст.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Дар ҳоле ки шикоятҳо аз кори ширкатҳои мухобиротиву мобилӣ тақрибан ҳар рӯз садо медиҳад, намояндагони ширкатҳо аз суҳбат дар ин мавзуъ худдорӣ мекунанд. Вале дар суҳбатҳои ҷудогона ва бидуни сабт таъкид мекунанд, ки суръату сифати интернет аз онҳо чандон бастагӣ надорад, балки ин ба иқдомҳои ниҳодҳои давлатӣ вобаста аст.

Интиқоди президент аз нарху суръати интернет дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дода буд, ки барои рушди ин соҳа "Тоҷиктелеком"-ро аз тобеияти Хадамоти алоқа берун биорад. Чизе, ки то ҳол аз тарафи Тоҷикистон иҷро нашудааст.

Танқидҳо барои рушд накардани соҳа бештар ба Бег Сабур, раҳбари Хадамоти алоқа равон аст, ки қудои Эмомалӣ Раҳмон буда, бештар ба корҳои сохтмонӣ ва тиҷоратӣ шахсӣ машғул аст.

Тибқи иттилои расмӣ, теъдоди муштариёни интернет дар Тоҷикистон ба 4,3 миллион нафар расидааст.

https://www.ozodi.org/a/32214387.html


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима