Натиҷагирӣ аз Мактаби журналистӣ
     TJ RU EN
10:57 / 2024-12-19

Натиҷагирӣ аз Мактаби журналистӣ

20230106 NANSMITЧӣ гуна бояд низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро инъикос намуд? Низоъҳои марзиро метавон бидуни эҳсосот навишт? Ин ва дигар масъалаҳо дар мактаби журналистӣ баррасӣ шуд.

Аз санаи 22 то 27 декабри соли 2022 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд омӯзиши 6 рӯза гузаронида шуд. Мактаби мазкур барои блогерон ва журналистоне, ки мавзӯъҳои ҳассос, бахусус баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунанд, пешбинӣ шуда, 6 рӯз идома ёфт. Давоми 6 рӯз коршиносон ва тренерони ботаҷриба ба монанди Раҷаб Мирзо, Абдулло Раҳнамо, Қосим Бекмуҳаммад, Неъматулло Мирсаидов, Шералӣ Ризоиён, ҳомии ҳақуқи инсон аз Руссия Борис Пантелеев ва дигарон дар масъалаҳои "Чӣ гуна бояд низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро инъикос намуд", " Нақши журналист дар инъикоси низоъ дар марз", "Стандартҳои байналмиллалӣ дар шароити инъикоси низоъҳо" ва дигар масъалаҳои вобаста ба пайгирии низоъҳои марзӣ суханронӣ карданд. Инчунин Шаҳноз Комилзода, ки низои марзии охири Тоҷикистону Қирғизистонро бевосита аз ҷои ҳодиса инъикос намуд, аз таҷрибаҳои худ нақл кард. Дар мактаб 20 нафар журналистон иштирок намуданд. Рӯзноманигорон аз таҷрибаҳои худ дар инъикоси низоъҳои марзӣ нақл карданд ва аз тенерону коршиносон барои фаъолияти оянда маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Иштирокчиён дар давоми омӯзиш дар масъалаҳои марбут ба марз мавзуъҳои худро пешниҳод намуданд. Барои таҳияи мавзуъ менторони ботаҷриба бо онҳо кор карда истодаанд.

Инъикоси низоъҳои марзӣ солҳои охир сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда, ба яке аз масъалаҳои доғ байни Тоҷикистону Қирғизистон табдил ёфтааст, чун ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақз намудани стандартҳои байналмиллалии журналистӣ ва паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ муттаҳам мекунанд. Ба назари иштирокчиёни гузаронидани чунин омӯзиш хеле муҳим ва саривақтӣ буд.

Саидабдулло Нуриддинзода, иштирокчии мактаби журналистӣ мегӯяд, дар давоми 6 рӯз вобаста ба нозукиҳои инъиклси масъалаҳои марбут ба марз маълумотҳои муфид гирифт. Ба гуфтаи ӯ масъалаҳои марзиро бе эҳсосот ва бидуни хабарҳои бардурӯғ инъикос намудан имкон дорад. “Агар маълумот дуруст, бидуни эҳсосот ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва стандартҳои байналмиллалӣ бошад, ҳеҷ шубҳае ба ҳақ будан ва воқеиат доштани ҳарфҳоямон намемонад”,- афзуд ӯ.

Хабарнигор Фарзон Муҳаммадӣ мегӯяд, дар вақти таҳияи гузоришҳои марзӣ, бахусус он агар дар ҳолати муноқиша бошад, чӣ гуна рафтор кардани рӯзноманигор хеле саволи калон аст, чун хабарнигор дар ин ҳолат бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад. “Шахсан ман ҳамеша бо чунин мушкил гирифтор мешавам. Ташкили ин тренинги омӯзишӣ бо ташаббуси АМВАОМТ то ҷое ин мушкилро расидагӣ мекунад. Аз ҳама чизи муҳиме, ки ин мактаб аз худ мегузорад ташкили як тим ва ё ҷамъи рӯзноманигорони инъикосгари мавзӯъи марзӣ хоҳад буд. Зеро ҳамеша дар чунин ҳолат аз хонандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ барои саривақт иттилоъ надодан ва ё камфаъолӣ рӯзноманигорону расонаҳо танқид мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ дар ин омӯзиш коршиносоне ба рӯзноманигорон дарс гуфтанд , ки солҳои тӯлонӣ сари ин мавзӯъ кор мекунанд ва матлабҳои расонаҳоро рангоранг месозанд.

Мактаби журналистии мазкур дар доираи лоиҳаи «Инъикоси ба низоъ ҳассос ва созандаи рӯйдодҳои марзи Қирғизистону Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати федеролии хориҷии Олмон (Auswärtiges Amt) маблағгузорӣ шуда, онро АМВАОМТ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии рушди ВАО-и Олмон DW Akademie амалӣ менамояд, доир гардид.

Рухшона Ҳакимова, Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

 


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима