Ҳукуматро барои "даҳонбандӣ" дар Тоҷикистон танқид карданд
     TJ RU EN
11:30 / 2024-12-19

Ҳукуматро барои "даҳонбандӣ" дар Тоҷикистон танқид карданд

20230103 ROСозмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) сензураи пайвастаро дар Тоҷикистон маҳкум кард ва хоҳони раҳоии хабарнигорони зиндонӣ шуд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар се моҳи охир ҳафт рӯзноманигор ва блогерро аз 7 то 21 сол зиндон маҳкум карданд. Мақомот онҳоро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд.

Гузоришгарони Бидуни Марз дар эъломияе аз 29-уми декабри соли 2022 гуфт, онҳо ба нашру пахши мавъзуҳои "ҳассос" ба нафъи мардум, аммо боиси нороҳатии мансабдорон машғул буданд.

"Ин ҳукмҳои сангин аз оғози моҳи октябр пайиҳам эълон шуда, барои рӯзноманигорони мустақил дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз ҷуръати баёни андешаи худро доранд, таҳдид ба шумор меравад," – омадааст дар эъломияи Гузоришгарони Бидуни Марз.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба созмон гуфтааст, "мақомот кӯшиш доранд, афкори ҷомеаро пурра зери назорат бигиранд. Ин кор, дар ниҳоят, ба обрӯи Тоҷикистон таъсири бисёр бад хоҳад дошт."

Камаш се хабарнигори зиндонӣ дар номаҳое аз бозоштгоҳ гуфтанд, зери фишори мақомот баёнот доданд ва гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтанд.

Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, "шиканҷа, иттиҳоми вобаста ба терроризм, иқрори маҷбурӣ ба гуноҳ ва мурофиаҳои паси дарҳои баста аз усулҳои саркӯбгароёнаи ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон барои хомӯш кардани ҳамагуна садои танқидӣ аст." Созмон аз намояндагони ҳукумати Тоҷикистон хостааст, "аз нигоҳ доштани фазои тарс" даст кашанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов), хабарнигори пешини "Азия-Плюс" ва Далери Имомалӣ, хабарнигори собиқи Радиои "Ватан" моҳҳои охир мустақилона барои Ютуб гузориш медоданд. Боздошти онҳо баъд аз ҷанҷол дар бораи тахриби хонаҳо дар як гӯшаи шаҳри Душанбе сурат гирифт. Аввалӣ 7,5 ва дувумӣ 10 сол зиндонӣ шуданд.

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки қаблан дар радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон кор мекарданд, низ моҳҳои охир дар Ютуб саҳифа ва мухотабони худро доштанд. Онҳо дар моҳи июл боздошт ва ҳарду ҳафтсолӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Хушом Ғулом (Хушрӯз Ҷумъаев) низ дар Ютуб барнома дошт ва ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд. Муҳаммад Султон, рӯзноманигор ва маъмури пешини амният, ба ҳафт сол зиндон маҳкум гардид. Ӯ расман дар ҷое кор намекард, аммо дар Фейсбук назарашро дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон менавишт.

Улфатхоним Мамадшоева, ки 21 сол зиндонӣ шудааст, солҳои охир дарс медод ва ба фаъолияти иҷтимоӣ машғул буд.

Хабарнигорони зиндонӣ ва наздиконашон ҳукмро беасос хонда, бозбинияшро хостанд, вале додгоҳҳо қарори худро тағйир надоданд. Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2022 дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, "парвандаҳои ҷиноӣ нисбати рӯзноманигорон тибқи талаботи қонун мавриди муҳокимаи ошкорои судӣ қарор дода шуданд."

Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодии матбуот (соли 2022) дар миёни 180 кишвар дар ҷойи 152-юм аст. Ҷойгоҳе, ки аз соли 2015-ум даҳҳо зина поин рафта.

https://www.ozodi.org/a/32203848.html


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима