Хатлон: Мушкилоти матбаа ва талаботи замони муосир
     TJ RU EN
04:41 / 2024-11-16

Хатлон: Мушкилоти матбаа ва талаботи замони муосир

20230104 FarajМатбааи вилояти Хатлон, ки беш аз 30 сол фаъолият дошта, барои чопи рӯзномаҳо хидмат мекунад, ба навгонӣ ва таҷҳизоти муосир ниёз дорад, ки харидории онро масъулин гаронарзиш, вале зарурӣ медонанд.

Сайфулозода Сайвалӣ, роҳбари ҶСК “Матбаа Қӯрғонтеппа” дар вилояти Хатлон, итиллоъ дод, ки матбааи вилоят беш аз 30 сол фаъолият дошта, то ба имрӯз дар самти чопи нашрияҳо бо 15 рӯзнома аз ҷумла, се рӯзномаи вилоятӣ ва дигар рӯзномаҳои шаҳру навоҳии вилоят, ҳамкорӣ доранд.

– Дар вилоят беш аз 30 рӯзномаву маҷалла мавҷуд буда, танҳо 15 рӯзнома дар мо чоп мешавад. Матбаа таҷҳизоти дуранга дорад, ки ин ҷавобгӣ ба талаботи замони муосир нест. Барои чопи рӯзномаву маҷаллаҳои ранга таҳҷизоти чопии муосири чорранга лозим аст, ки мутаассифона мо барои харидории он маблағ надорем. Идораи мо худмаблағгузор буда, даромад аз ҳисоби чопи рӯзномаҳо барои хариди коғаз ва маоши кормандон сарф мешавад. Агар масъулини ҳукумат барои харидории ин таҷҳизот кумак кунанд, кори мо ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳои сатҳи вилоят осон мегардад ва мо имкон пайдо мекунем, ки чопи муосири рӯзномаҳои давраро ба роҳ монем, – изҳор дошт Сайфулозода Сайвалӣ.

https://farazh.tj/habari-ruz/hatlon-mushkiloti-matbaa-va-talaboti-zamoni-muosir/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима