РЕЖИМ ДАҲОНИ МУНТАҚИДОНРО МЕБАНДАД! ИНТИҚОДИ ТУНДИ “ХАБАРНИГОРОНИ БИДУНИ МАРЗ” АЗ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 4 ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК
     TJ RU EN
11:16 / 2024-12-19

РЕЖИМ ДАҲОНИ МУНТАҚИДОНРО МЕБАНДАД! ИНТИҚОДИ ТУНДИ “ХАБАРНИГОРОНИ БИДУНИ МАРЗ” АЗ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 4 ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК

20230104 BomdodСозмони байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” дар изҳороте, ки рӯзи 28 декабри соли 2022 дар вокуниш ба ҳукми зиндони 4 журналисти тоҷик – Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода – нашр кард, бо як лаҳни тунд аз мақомоти Тоҷикистон интиқод кард ва гуфт, режими Эмомалӣ Раҳмон даҳони ҳама гуна танқидгаронро мебандад. “Хабарнигорони бидуни марз” бо таъкид ба ин ки ин 4 журналист “бо гузоришҳои худ дар мавзӯъҳои ҳассос ба мақомот халал мерасонданд”, гуфт, сорсури пайвастаи матбуоти озод дар Тоҷикистонро маҳкум карда, озодии журналистони зиндонишударо талаб мекунад.

Шӯъбаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони “Хабарнигорони бидуни марз” гуфт: “Ин ҳукмҳои беҳад шадиде, ки аз аввали октябр ба ин сӯ паи ҳам содир шуданд, барои журналистони мустақиле, ки ҳанӯз ҳам барои гуфтани ақидаи худ дар Тоҷикистон ҷуръат нишон медиҳанд, мисли зангӯлаи марг аст. Мақомоти Тоҷикистон бояд шакл додани ин фазои пур аз тарсро, ки монеи лаб ба танқиди ҳукумат кушодани матбуот мешавад, бас кунанд ва ин журналистонро озод кунанд”.

Дар созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бар ин боваранд, ки ин 4 журналисти зиндонишуда як ҳадафи умумӣ доштанд: фаъолияти озодонаи журналистӣ дар Тоҷикистон.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар миёнаи моҳи июн дастгир ва Ғурбатӣ рӯзи 4 октябр ба 7 солу 6 моҳи зиндон ва Далери Имомалӣ рӯзи 17 октябр ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар аввали моҳи июл дар пайи бо талаби раҳоии ҳамкасбони худ садо баланд карданашон ба ҳабс гирифта шуда, яке моҳи ноябр ва дуюмӣ моҳи декабр ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

“Хабарнигорони бидуни марз” ҳамаи ин 4 нафарро дар ҳабс низ сарнавишти ҳамсон мунтазир буд: Мурофиаҳои ҳамаи онҳо пушти дарҳои баста гузашт, ҳамаи онҳоро ба “терроризм” ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор карданд ва нисбат ба ҳамаи онҳо, аз шиканҷа истифода бурда, эътирофи гуноҳашонро ба даст оварданд.

“Парвандаҳои ин 4 журналист намунаҳои хрестоматӣ ё китобии шеваҳои таъқиботиест, ки режими Эмомалӣ Раҳмон барои бастани тамоми садоҳои мунтақид ба кор мебарад”, – гуфта мешавад дар изҳороти “Хабарнигорони бидуни марз”. Ин созмон ёдовар шудааст, ки дастикам 3 нафар аз ин журналистони зиндонишуда аз шиканҷа ва фишор шикоят кардаанд.

Аз ҷумла Далери Имомалӣ дар номае аз боздоштгоҳ аз такрори ҳодисаҳои соли сиёҳи 1937 ҳушдор дода, Пирмуҳаммадзода навишт, ки ӯро бо фишору шиканҷа маҷбур кардаанд, ки дар пеши дурбини видео эътирофи гуноҳ кунад. Ҳамин тавр, наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтаанд, ки ӯро бо ваъдаи озод кардан водор кардаанд, ки гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад.

Пирмуҳаммадзода ҳамчунин навишт, ки ба адолати додгоҳӣ бовар надорад, чунки хуб медонад, ки ҳукми ӯро дар “роҳравҳои ҳукумат” барвақт баровардаанд. Ин ҳарфҳои журналистро низ “Хабарнигорони бидуни марз” баёнгари муҳити пур аз тарсу таъқибе номидааст, ки ҳукумати президент Эмомалӣ Размон барои таъқиби журналистон ва эҷоди худсонсурӣ ба вуҷуд овардааст.

“Хабарнигорони бидуни марз” ҳамчунин аз сарнавишти блогери зодаи Бадахшон Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф бо тахаллуси Хушом Гулям ёдовар шудааст, ки ӯ ҳам моҳи декабри соли 2022 ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфтааст, “мақомот бо ин роҳ мехоҳанд афкори ҷомиаро дар кишвар зери назорати комил бигиранд, ки ин ба ими Тоҷикистон хеле таъсири манфӣ хоҳад дошт”.

Тоҷикистон дар раддабандии як сол пеши “Хабарнигорони бидуни марз” аз лиҳози сатҳи озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар мақоми 152 ҷой гирифт. Тоҷикистон аз соли 2015 дар ин раддабандӣ алакай 36 зина пойин рафтааст. Мавҷи боздоштҳо ва ҳукми зиндони журналистон дар соли 2022 ба эҳтимоли ғолиб мавқеи Тоҷикистонро дар раддабандии имсолаи “Хабарнигорони бидуни марз” боз ҳам пойинтар карда, метавонад Душанберо дар байни саркӯбгарони асосии озодии матбуот ҷойгир кунад.

https://www.bomdod.com/2023/01/02/rezhim-dahoni-muntaqidonro-mebandad-intiqodi-tundi-habarnigoroni-biduni-marz-az-hukmi-zindoni-4-zhurnalisti-tojik/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима