Президенти Тоҷикистон ба Хадамоти алоқа дастур доданд, ки сифати алоқаи мобиливу интернетро беҳтар намояд ва арзиши онҳоро коҳиш диҳад
     TJ RU EN
04:33 / 2024-11-16

Президенти Тоҷикистон ба Хадамоти алоқа дастур доданд, ки сифати алоқаи мобиливу интернетро беҳтар намояд ва арзиши онҳоро коҳиш диҳад

20221223 KhovarИмрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба Хадамоти алоқа дастур доданд, ки сифати алоқаи мобиливу интернетро беҳтар намояд ва арзиши онҳоро коҳиш диҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Сайёҳон асосан ба куҷо мераванд? – суол карданд Пешвои миллат. – Ба он ҷое, ки интернети хуб дорад».

Дар робита ба ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ширкатҳои алоқаи мобилӣ, то ба имрӯз дар кишвар бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 (ID корт) зиёда аз 6,1 миллион симкорт ба қайд гирифта шудааст, ки 4,5 миллиони онҳо интернет истифода мебаранд.

https://khovar.tj/2022/12/prezidenti-to-ikiston-ba-hadamoti-alo-a-dastur-dodand-ki-sifati-alo-ai-mobilivu-internetro-be-tar-namoyad-va-arzishi-on-oro-ko-ish-di-ad/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима