Тоҷикистон дар миёни 12 кишвари "зиндони журналистон"
     TJ RU EN
04:23 / 2024-11-16

Тоҷикистон дар миёни 12 кишвари "зиндони журналистон"

20221215 ROzodiДар як феҳрасти журналистони зиндонӣ, Тоҷикистон дар миёни 12 кишваре ёд шудааст, ки бештар аз ҳама хабарнигоронро зиндонӣ кардааст.

Ин рӯйхатро Кумитаи дифоъ аз журналистон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк рӯзи 14-уми декабр нашр кардааст. Гузориш нави ин созмон “Шумори журналистони зиндонӣ ба рекорди нав расид” ном дорад ва дар он Тоҷикистон бо баландтарин нишондод барои пушти панҷара кардани журналистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. “Тоҷикистон шаш журналистро паси панҷара кард ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин назар дар ҷои аввал қарор гирифт”, - навиштааст CPJ.

Бино ба ин гузориш, “онҳо на дар толорҳои додгоҳ, балки дар боздоштгоҳҳо ва пушти дарҳои баста, муҳокима шуда, дар паи шиканҷа ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.”

Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев аз ҷумлаи хабарнигорону блогероне ҳастанд, ки дар як соли ахир дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот онҳоро ба расондани иттилои бардурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор намуда, ба солҳои тӯлонии равонаи зиндон карданд. Наздикон ва созмонҳои журналистӣ иттиҳомро алайҳи онҳо бофта медонанд.

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ борҳо Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки бо баҳонаи мубориза бо тундгароӣ дигарандешонро саркӯб мекунанд. Аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ҳукми хабарнигоронро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон номида, хоҳони раҳоии онҳо шуда буд. Мақомот ба ин вокунишу танқидҳо посухе надодаанд.

https://www.ozodi.org/a/32176262.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима