Низоъҳо: журналистика ё ҷанги иттилоотӣ? Тезисҳои муҳокима дар MediaCAMP Fest
     TJ RU EN
12:13 / 2024-12-20

Низоъҳо: журналистика ё ҷанги иттилоотӣ? Тезисҳои муҳокима дар MediaCAMP Fest

20221031 NRОсиёи Марказӣ дар баробари тамоми ҷаҳон дар гирдоби низоъҳо қарор гирифта, барои журналистҳо ва муҳаррирон санҷиши воқеии маҳорати касбиро ба вуҷуд овардаанд. Дар #MediaCAMPFest2022 шояд ҳассостарин мавзуъ матраҳ карда шуд, ки дар ҷараёни баррасии он сухангӯён дар бораи таҷрибаи кори худ дар вазъиятҳои душвор суҳбат карданд. Модератори вохӯрӣ Заррина Ахматова, журналист ва коршиноси расонаӣ аз Қазоқистон буд. “Новый репортёр” аз баромадҳои сухангӯён чанд тезиси ҷолибро сабт намуд.

Дмитрий Шишкин, журналист, муассиси лоиҳаи Shishkin Like аз Қазоқистон, аз бархӯрдҳои моҳи январ ёдовар шуд. Он вақт ӯ дар PR-хадамоти шабакаи маъруфи тиҷоратӣ кор мекард ва ҳам қабулкунандаи иттилооти ҷудо аз интернету алоқа ва ҳам таҳиякунандаи иттилоот барои журналистҳо буд:

— Ин рӯйдодҳо ба бисёре аз расонаҳои мустақил такон бахшид ва маъруфияти Telegram-каналҳо дар тӯли чанд рӯз ба маротиб боло рафт. Онҳо ягона манбаъҳои иттилоот буданд. Ман барои алоқа бо ҷаҳон аз паёмакҳо (SMS) истифода мекардам. Тавре ки маълум шуд, онҳо бисёр гарон ҳастанд – барои ман дар як рӯз тақрибан 50 доллари ИМА лозим буд. Маҳдудияти аломатҳо, мисле ки дар Twitter аст, нигоҳи дигарро ба иттилоот талаб мекард, то ки он кӯтоҳтар, возеҳтар ва бидуни эҳсосот таҳия карда шавад.

Агар шумо маводҳои журналистӣ таҳия кунед – масалан, ахбор, вазифаи шумо аз дур кардани ҳамаи калимаҳои эҳсосотӣ иборат аст. Ин амали эҳтиром ба аудиторияи (мухотабони) худ мебошад ва шумо набояд ба ҷойи онҳо фикр кунед. Дар он одамоне ҳастанд, ки аз шумо донотаранд. Бояд ба одам иттилоот дод, то ки вай худаш дар бораи он фикр кунад. Ҳадди ақал ин гуноҳро барои хашмгин кардани шахс бартараф мекунад.

Зебо Тоҷибоева, муассис ва сармуҳаррири нашрияи Your.Tj аз Тоҷикистон, дар бораи ҷалб шудани худаш ба ҷанги иттилоотӣ ҳамчун муҳаррири дорои таҷрибаи калон нақл кард:

— Ҳоло мулоқоти мо дар пасманзари муҳокимаи блогерҳо ва журналистҳо дар Тоҷикистон сурат мегирад ва онҳоро ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум мекунанд. Ман фикр мекунам, ки суҳбат намудан дар бораи ин бисёр муҳим аст.

Ватандӯстӣ барои ман василаи таъсиррасонӣ нест ва нақши ман дар ҳодиса он аст, ки оё ман кишварамро дар ҷанги иттилоотӣ муҳофизат мекунам ё на. Ватандӯстӣ – қобилият ва хоҳиши бо ҳар роҳе саҳм гузоштан ба барқарории сулҳ мебошад. Ватандӯстӣ ва касбият ду нуктаи асосие мебошанд, ки барои табдил наёфтан ба иштироккунандаи ҷанги иттилоотӣ кумак мекунанд.

Нуктаи сеюми муҳим – ахлоқи журналистӣ аст, ки асоси онро принсипи “зарар нарасон” ташкил медиҳад. Ман ҳар маводро аз ин нуқтаи назар баррасӣ мекунам. Чанд сол пеш, вақте ки гуфтор миёни Тоҷикистону Қирғизистон он қадар дурушт набуд, қурбониён камтар буданд. Қарор дар бораи куштор, оташ задан, зӯроварӣ на аз ҷониби мақомот, балки аз тарафи худи одамон қабул карда мешавад. Одамон тавре рафтор мекунанд, ки мо, журналистҳо ба онҳо мегӯем.

Ман бахше аз ҷанги иттилоотӣ шудам. Натавонистам таваққуф кунам.
Ин мавҷе аст, ки шуморо мебарад ва шумо наметавонед аз он берун бароед. Дар ҷараёни низоъ як лаҳзаи муҳим рух дод: ҳамкори ман аз Ош навишт: Чизе рух надиҳад, ман туро дӯст медорам”. Ин бисёр муҳим буд: дар вақтҳое, ки ҳама чиз душвор аст, мо ҳамин тавр дасти ёрӣ дароз кунем ва якдигарро бикашем.

Дарина Солод, сармуҳаррири нашрияи Hook.report, Ӯзбекистон, дар бораи он нақл намуд, ки чӣ тавр редаксия нооромиҳои моҳи июли соли ҷориро дар Қарақалпоқистон инъикос кард:

— Вазъият барои ҳама тезу тунд буд. Ба редаксияи мо видеоҳое ирсол карда шуданд, ки одамон ҷамъ шуда, талаботҳои худро пешниҳод мекарданд. Дар кишвар ҳамчунин Шабака масдуд карда шуд ва ин тафтиш кардани иттилооти воридшавандаро бисёр душвор мекард.

Забони қарақалпоқӣ аз забони ӯзбекӣ фарқ мекунад ва ин барои бо нияти бад истифода бурдан аз Telegram-каналҳо нақши калон бозӣ кардааст. Асосан ин гурӯҳҳои номаълуми одамоне ҳастанд, ки иттилоотро таҳриф мекунанд ва ба оташ равған мерезанд.

Мо ягона расонаи расмии ба қайд гирифташуда ва барои маводҳояш масъул будем, ки рӯйдодҳои Қарақалпоқистонро инъикос мекард. Барои бехатарӣ мо бо кормандони собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварат кардем, то ки аз оқибатҳои эҳтимолӣ пешгирӣ кунем. Масалан, бо тавсияи онҳо мо гранатаҳои садоиро граната нагуфтем. Азбаски мо дар он ҷо набудем, бо чашми худ дида наметавонистем ва ин метавонист боиси даъво аз ҷониби давлат шавад.

Принсипи умумие, ки мо барои худ муайян кардем ва онро риоя намудем, ин аст, ки мо иттилоотеро нашр нахоҳем кард, ки онро тафтиш карда наметавонем.

Адил Турдуқулов, роҳбари Бунёди ҷамъиятии “ТВ-Академия”, Қирғизистон:

— Ман фикр мекунам, ки ҳодисаҳо дар Осиёи Марказӣ ҳамчунин аз берун иғво карда шудаанд. Мо бояд бифаҳмем, ки чӣ гуна ба ин муқовимат кунем. Ҳадафи ниҳоии ин – ташкил намудани Иттиҳоди Шӯравии намунаи соли 2022 мебошад. Бо ин мақсад он вазъиятро дар Осиёи Марказӣ ноором мекунад.

Вақте ки мо дар Украина будем, ҳамкорон ба мо гуфтанд: “Ҷанг аз он сабаб рух дод, ки мо чунин суханрониҳои экстремистиро, ки мегуфтанд Донбасс бояд ҷудо шавад” манъ накардем. Инро расонаҳои Россия ва расонаҳои тарафдори Россия дар Украина анҷом доданд.

Манъ кардани ҳадди ақал нашрияҳои хабарӣ, вале дар асл нашрияҳои таблиғотии каналҳои федералии Россия ва ток-шоуҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ҳоло масъалаи муҳим аст. Онҳо на танҳо ба Украина, балки ҳамчунин барои барҳам задан ва шикастани робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, зеро Осиёи Марказӣ – порсанги (противовес) мустақим ба сиёсати Путин аст.

Роҳи дигари муқовимат – равона намудани диққат ба он чизе аст, ки дар ҷаҳон ва пеш аз ҳама дар Украина рух медиҳад, зеро ин ба мо дахл дорад. Дар кишварҳои мо, мутаассифона, муносибат ба ҳодисаҳои рухдиҳанда чандон дилсузона нест. Эҷоди таваҷҷуҳи умумӣ, майдони иттилоотӣ ва бахши ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ – ҳоло муҳимтарин вазифаи мо мебошад.

Он чизе, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рух дод, фоҷиа ва дарди бузург аст. Дар ин ҷо системаи сиёсии ду кишвар нақши калон мебозад. Қирғизистон се инқилоб ва ҳазорон гирдиҳамоиҳоро аз сар гузаронидааст. Дар кишвари мо рӯзномаи сиёсиро бештар одамон муайян мекунанд. Матбуот бисёр хашмгин аст ва ба рӯзномаи сиёсии ҳукумати амалкунанда ба таври интиқодӣ нигаронида шудааст. Ҳама афсонаҳое, ки аз берун ба мо таҳмил мешуданд, ба туфайли касбияти журналистҳои мо ба осонӣ мунҳадим мешуданд.

Наталя Лигачёва, муассис ва раҳбари созмони ғайридавлатии “Детектор медиа”, Украина:

— Дар мо ҳеҷ чиз ҳатто барои як сония ҳам қатъ нашудааст. Ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ дар телемарафон муттаҳид шуданд. Ҳоло онҳо шаш шабакаи телевизионӣ мебошанд ва бо навбат ба эфир мебаромаданд. Аммо ҳамаи онҳо дар он вақт як телемарафонро пахш мекарданд ва ҳоло ҳамон як телемарафонро пахш мекунанд. Ҳарчанд ин таблиғ карда намешавад, вале ҳамаи ин аз ҷониби давлат ҳамоҳанг карда мешавад. Дар рӯзҳои аввали ҷанг ин воқеаи бузург, бисёр зарурӣ ва муҳим буд, зеро тамоми аудиторияи кишвар иттилооти ягонаро ба даст орад. Ин як лаҳзаи муттаҳидкунанда ҳам барои одамон ва ҳам барои кормандони расонаҳо буд. Сокинон набояд барои тафтиш кардани иттилоот вақт сарф мекарданд. Ҳоло шумораи бештари одамон чунин меҳисобанд, ки вақти баромадан аз ин марафон фаро расидааст.

Дар қаламравҳои ишғолшуда дигар телевизиони Украина вуҷуд надошт. Ягона чизе, ки барои сокинони қаламравҳои ишғолшуда дастрас буд, радио буд ва он ҳам на ҳама вақт. Маъруфияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва Telegram-каналҳо ба маротиб боло рафтааст.

Журналистика бештар эҳсосӣ шудааст. Мо инро дар мониторинги ҳамон марафон мебинем. Мо ҳамчун детектори расона инро танқид мекунем. Бо вуҷуди ин, мо баъзан дарк мекунем, ки баъзе арзёбиҳоро дар бар гирифтан мумкин нест. Тамошобин онро нахоҳад фаҳмид, агар журналист дар бораи баъзе чизҳо аз воқеият дур сухан ронад. Масалан, дар бораи бераҳмиҳо дар Буча.

Калимаи “ишлоғарон” барои мо факт аст. Мо инро вайронкунии стандартҳо намешуморем. Мо онро иштибоҳ меҳисобем, ки дар соли 2014 мо “одамакони сабз”-ро, низомиёни Россия нагуфтем. Шумо набояд ҳамеша аз воқеият дур бошед, шумо бояд ҳақиқатро гӯед. Агар шумо низомиёни русро бинед, бигӯед, ки онҳо низомиёни рус ҳастанд. Агар онҳо ҷудоихоҳ бошанд, пас онҳо ҷудоихоҳ ҳастанд. Агар ҷанг бошад, пас он ҷанг аст. Мо инро вайронкунии стандартҳо меҳисобем, вақте ки “оркҳо” ва “рашистҳо” гуфта мешавад, зеро инҳо воқеан калимаҳои аз ҷиҳати эҳсосотӣ пуробуранг мебошанд, ки манзараи воқеиро нишон намедиҳанд.

Марта Ардашелия, муассис ва сармуҳаррири SOVA.News, Гурҷистон.

— Гурҷистон ҷараёни асосии русҳоеро қабул кард, ки аз мобилизатсия фирор мекунанд. Аз рӯзи эълон шудани мобилизатсия 120 000 шаҳрванди Россия вориди қаламрави Гурҷистон шудаанд. Барои кишваре монанди Гурҷистон, ки он ҷо ҳамагӣ 3,5 миллион зиндагӣ мекунанд, ин тағйироти ҷиддӣ аст. Муносибат дар ҷамъият бисёр норавшан аст. Ин ба лаҳзаҳои сиёсии дохилӣ дахл дорад, ки шаҳрвандон дар баробари ин мушкилот худро муҳофизатнашуда эҳсос мекунанд.

Забони кории нашрияи мо русӣ аст. Пас аз ҷанги соли 2008 мақомоти Тифлис дарк карданд, ки ҷанги иттилоотӣ ҷузъи муҳим аст ва бояд ба корҳое вокуниш нишон дод, ки Россия анҷом медиҳад.

Дар соли 2016 дар Гурҷистон аввалин ҳизби сиёсӣ пайдо шуд, ки тарафдории худро аз Россия пинҳон намекунад. Пас аз он мо тасмим гирифтем, ки бо ҳар роҳ идеяи расонаи русзабонро барқарор кунем, зеро ин эҳсосот нисбат ба Россия аст ва барои аҳолӣ суҳбат кардан дар бораи идеяҳои саводи расонаӣ бисёр муҳим мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки ба садои баландтар сухан гӯем. Мо расонаи русзабон ҳастем, ки аз Гурҷистон ба забони русӣ пахш мекунем ва дар бораи он чизе суҳбат менамоем, ки воқеан рух дода истодааст. Албатта, мо инро бо дарназардошти ҳамаи стандартҳо анҷом медиҳем. Мо мавқеи худро дорем – мо тарафдори рушди аврупоии Гурҷистон мебошем. Мо онро дар ҳама ҷо муқаррар мекунем ва хонандаи мо аз ин огоҳ аст.

Миссияи мо ҳамчун расонаи босифат аз он иборат аст, ки ба таври ошкор дар бораи ҳодисаҳо ва мушкилот гап занем. Аз он натарсем. Муҳим он аст, ки ҳоло мо иттилоот дорем ва мо метавонем онро таҳлил кунем. Муҳим аст, то аудитория барои фаҳмидани он омӯзонида шавад, ки ҳақиқат дар куҷост, манипулятсия дар куҷост ва фейк (иттилооти бардурӯғ) дар куҷост. Ба назари ман, мо дар ин миссия кори хурди худро иҷро менамоем.

Галина Василева, сармуҳаррири Newsmaker.md, Молдова, ба забонҳои русӣ ва руминӣ кор мекунад:

— Дар Молдова расонаҳои озод вуҷуд доранд ва шаҳрвандон имконияти аз куҷо интихоб карданро доранд. Аммо ҳамаи онҳо дар ҷангҳои иттилоотӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ мағлуб мешаванд. Дар Молдова маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ ва каналҳои беном иттилооти бардурӯғро паҳн мекунанд.

Дар Молдова пахши такрории (ретранслятсия) барномаҳои телевизионии иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ток-шоуҳои истеҳсоли Россия манъ аст, вале пахши такрории шабакаҳои телевизионии русӣ дар кишвар идома дорад. Онҳо то имрӯз бисёр маъруф мебошанд. Натиҷаи ҳамаи ин 40% аҳолии кишвар аст, ки мутобиқи назарсанҷиҳо ба ин ё он шакл агрессияи Россияро дар Украина сафед мекунанд.

Ҳар журналист мавқеи шаҳрвандии худро дорад. Дар редаксияи мо ягон ҷаласаи махсус вуҷуд надошт, ки ҷангро ҷанг, на амалиёти махсус номем.

MediaCAMP Fest бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) амалӣ карда мешавад. Фикру андешаҳои сухангӯён на ҳатман нуқтаи назари ЮСАИД ё ҳукумати ИМА-ро инъикос мекунанд.

https://newreporter.org/tj/2022/10/31/nizoho-zhurnalistika-yo-jangi-ittilootjj-tezishoi-muhokima-dar-mediacamp-fest/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима