Дар назар аст, ки дар мурофиаи навбатӣ Далер сухани ниҳоии худро иброз дорад.
Прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Суд талаб намудааст, ки Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери боздоштшудаи тоҷик, ба 10,5 соли зиндон маҳкум карда шавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Ин расона бо такя ба манбаъи худ иттилоъ медиҳад, ки “талаби айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12-уми октябр ва дар мурофаи дувуми Далери Имомалӣ садо дод”.
“Мурофиаи Далер ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Додситон талаби худро эълон кард ва дар мурофиаи оянда Далер сухани охиринро ироа мекунад. Баъд аз он додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад,” – менависад расона.
Дар хусуси вокуниши Далери Имомалӣ ба талаби прокурор иттилоъ дода намешавад, танҳо зикр мегардад, ки шояд дар мурофиаи навбатӣ рӯзноманигор сухани охирини худро иброз кунад.
Мурофиаи додгоҳии ин рӯзноманигор ва блогнависи шинохта 7-уми октябр дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) оғоз шуд. Судяи парвандаи мазкур Даврон Назарзода, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Далери Имомалӣ 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд. Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик муҳокимаи судӣ оғоз гардад.