Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба рӯзи дигар гузошта шуд.
Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, ки имрӯз, 3-юми октябр, дар бинои боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе идома кард, ба анҷом расид ва он ба рӯзи дигар гузошта шуд.
Эҳтимол мерафт, ки имрӯз ҳукми суд эълон шавад.
Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон бо нашри хабар гуфт, ки дар мурофиаи 3-юми октябр вакили дифоъ бо сухани ҳимоявӣ баромад карда, бе далел будани гуноҳи нисбати зерҳимояаш эълоншударо таъкид намуд.
“Дар сухани ҳимоявии худ адвокат ба суд шубҳаҳои асосноки ҷониби ҳимояро оид ба далелҳои пешниҳодгардида ва асоснокии гуноҳ тибқи парванда пешниҳод намуд”, - гуфта мешавад дар хабари маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон.
Зикр карда мешавад, ки дар ин мурофиаи вакили дифоъ аз суд хоҳиш намудааст, ки нисбати зерҳимояаш Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳукми сафедкунанда қабул кунад ва ӯро аз толори суд озод намояд.
Раисикунандаи мурофиаи судии Абдуллоҳ Ғурбатӣ пас аз шунидани сухани вакили дифоъ баррасии мурофиаи додгоҳиро ба рӯзи дигар мавқуф гузоштааст. Ҳоло дақиқ нест, ки мурофиаи навбатӣ кай баргузор мешавад. Дар хусуси баргузории мурофиаи додгоҳии навбатӣ маълумоти иловагӣ ироа карда мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки мурофиаи ахири Абдуллоҳ Ғурбати низ дар бинои боздоштгоҳ ва пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва ба он модар, ҳамсар, хешовандони Абдуллоҳ ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд.
Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони наздики Абдуллоҳ ва журналистон ва ҳамин тавр, дар бинои боздоштгоҳ ва пушти дарҳои баста баргузор намудани мурофиа то ҳол маълум нест ва бо гузашти се ҷаласаи судӣ касе шарҳ намедиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дар мурофиаи қаблӣ айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ 8 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб намуда буд.
Пас аз ин ҳамсари Абдуллоҳ бо ирсоли мактуби кушод ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки муҳокимаи парвандаи шавҳарашро зери назорати шахсии худ гирад ва нагузорад, ки як оилаи ҷавон аз ҳам ҷудо шавад.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.
Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомҳоро нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.