Дар инъикоси масоили марзӣ чӣ гуна бояд амал кард?
     TJ RU EN
01:18 / 2024-12-20

Дар инъикоси масоили марзӣ чӣ гуна бояд амал кард?

Logo NANSMITМехоҳед ҳангоми муноқишаҳои марзӣ аз манфиати давлату миллати Тоҷикистон ҳимоят кунед? Аз ҳаёҳуйи беҳуда, ватандустии дуруғин, таҳқиру тавҳин ва барангехтани адовати миллӣ даст кашида, ҳар ҳодиса ва ҷиноёти ҷониби Қирғизистонро бар зидди аҳолии осоиштаи маҳалҳои наздимарзӣ бо далелҳо, сурату видео, нишондоди шоҳидон ва истинод ба сарчашмаҳои муътамад тайид карда, пасон дар Интернет паҳн намоед. Муборизаи иттилоотӣ ҷузъи набарди ҳибридӣ (гибридная война) буда, дар ҷараёни он иттилооти бардуруғ ҳадафмандона истифода мешавад. Қирғизистон дар ин ҷабҳа таҷрибаи хуб дорад, ба иборае "ҳам ғарию хам пешхезӣ" мекунад. Бубинед, онҳо маводи интишор кардаи ҷониби Тоҷикистонро чӣ гуна зидди мо истифода мекунанд: https://www.youtube.com/watch?v=OuMf7C23Npo.

Мо қаблан ҳам аз журналистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ эхтиромона хоҳиш кардем, ки дар инъикоси ҳаводиси охир дар марзи Тоҷикистону Қиргизистон боэҳтиёт ва ҳирфаӣ амал карда, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиро риоя намоянд. Махсусан, аз нашри сурату видео, ки дар онон аксу садо ва амалҳои мушаххаси низомиён ва афроди мулкӣ омадааст, худдорӣ намоянд, то ки барои онҳо дар давраи пасазнизоъӣ мушкил эҷод нагардад. Интишори чунин мавод баъди ҳаводиси солҳои пешин мавриди пайгард ва ҳабси ҳамватанонамон гашта буд. Дар айни ҳол, ба ҷониби дигар фурсату имконият фароҳам наорем, то онҳо маводи моро зидди худамон истифода баранд. 

Аз далелсанҷҳо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ҳарчи бештар иттилооти бардуруғи паҳн кардаи ҷониби дигарро фош намуда, иттилооти саҳеҳу пурраро ба ихтиёри ВАО ва аҳли ҷомеа гузоранд.

Ҳамзамон аз ниҳодҳои давлатӣ, махсусан, аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва Вазорати корҳои дохилии кишвар тақозо мешавад, ки дастрасиро ба иттилооти расмӣ тавсеа бахшида, барои фаъолияти журналистону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам биёранд. Зеро сухани аввал - иттилооти бардурӯғе, ки аз ҷониби дигар дар масоили марзӣ паҳн карда мешавад, агар дар кӯтоҳтарин фурсат рад карда нашавад, чун ҳақиқат қабул мегардад, ки ба манфиати давлату миллати мо нест.

Нуриддин Қаршибоев,
раиси АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима