Пеш аз пода чанг нахезонед: Атоев гуфт, беш аз 2 млн симкорт ҳанӯз аз қайд нагузаштаанд
     TJ RU EN
10:42 / 2024-12-19

Пеш аз пода чанг нахезонед: Атоев гуфт, беш аз 2 млн симкорт ҳанӯз аз қайд нагузаштаанд

Перерегистрация симкартыХадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳанӯз 2,4 миллион симкорт дар ҷумҳурӣ бо шиносномаи куҳнаи намунаи соли 1996 сабт шудаанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон то 15 феврали соли равон муҳлат доранд, ки симкортҳои худро бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд гиранд.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки ин иқдом бар асоси қарори ҳукумат аз моҳи апрели соли 2016 амалӣ гардида, барои амният ва татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ дар оянда муҳим мебошад.
Ба гуфтаи Атоев, феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 8 миллион симкортҳо дар дасти истифодабарандагонанд, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳанӯз дар кишвар 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайданд, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъоланд.

Ноиби раиси Хадамоти алоқа дар мавриди он, ки то анҷоми муҳлати қонунӣ ҳудуди ду ҳафтаи дигар боқӣ мондасту оё шаҳрвандон барои сабти ин теъдод симкорт фурсат пайдо мекунанд, таъкид намуд, ки пеш аз пода набояд чанг бардошт, бигузор ширкатҳо корашонро анҷом диҳанд.
Атоев бартарияти сабти симкортҳо бо шиносномаҳои навро дар он гуфт, ки мардумро дигар зимни татбиқи лоиҳаҳои гуногуни рақамӣ саргардон намекунанд. Аз ҷумлаи бартариятҳои ин иқдомро мақомдори Хадамоти алоқа дар он гуфт, ки таҷҳизоти дигарро ба қайд гирифтан зарур намеояд. Ӯ тавзеҳ дод, ки вақте аз тариқи симкортҳои сабтшуда таҷҳизоти гуногун ба шабакаи интернет пайваст мегарданд, ин таҷҳизот автоматӣ муайяну сабт мешаванд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки тибқи қоида дар номи як одам то ду симкорт ба қайд гирифтан мумкин аст.
https://sputnik-tj.com/20220131/atoev-mln-simkort-hanuz-az-qayd-1045343248.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима