Кумаки Туркия барои беҳтар намудани телевизиони Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориҳоро дар бахши телевизион ва радио ба роҳ мондаанд
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бо ҳамкасбони туркии дидору гуфтугӯ анҷом дод ва дар он масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд, хабар медиҳад сухангӯи ин ниҳод Иброҳим Аҳмадов.
Раиси Кумита бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол бахши телевизион ва радиоро баррасӣ кард.
Гуфта мешавад, ки аз моҳи декабри соли 2012 миёни Кумитаи телевизион ва радио ва Иттиҳодияи телевизион ва радиои Туркия созишномаи ҳамкорӣ амал мекунад, ки дар тавсеаи соҳа ва беҳбуди иртибот нақши муҳим дорад.
Нуриддин Саид ва Эмре Зеки Карагол ин дафъа масоили густариши ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши таҷрибаи мутақобила, омода кардани мутахассисон дар бахшҳои мухталифи телевизион ва радиоро баррасӣ карданд.
Тарафҳо дар мавриди баргузории семинару конфронсҳои муштарак барои баланд бардоштани малакаи кадрҳои эҷодӣ ва техникӣ ба мувофиқа расиданд, инчунин лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ миёни кумита ва Ширкати телевизиону радиои Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
DPF
04.11.2021 16:04
175
Хабарҳо