Чанде пеш бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи тандурустии Тоҷикистон» таҳти ин ном семинари омӯзишӣ доир гашт.
Дар он намояндагони расонаҳои электронӣ ва чопӣ, кормандони хадамоти матбуот ва тренерони милливу байналмилалӣ ширкат доштанд.
Тавре сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров зикр намуд, таъмини иттилооти саҳеҳ, дақиқ ва санҷидашуда аз ҷониби воситаҳои ахбори омма яке аз омилҳои асосии мубориза бо пандемияи COVID-19 аст. Соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи мубориза бо сирояти коронавирусро дар ҷумҳурӣ қабул карданд ва мо низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. Ҳоло эмкунӣ масъалаи хеле муҳим буда, дар кишвар зиёда аз 4 миллион вояи ваксинаҳои гуногун мавҷуданд. Дар ояндаи наздик зиёда аз 700 ҳазор вояи нав ворид мешавад. Аммо на ҳар шахси ба сирояти коронавирус осебпазир, хусусан, дар минтақаҳо, барои ваксина омодаанд. Ин ҳолат ба бартараф намудани мавҷи нави пандемия монеъ мешавад.
Бо андешаи мушовири байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вирусологи маъруф ва роҳбари Институти байналмилалии тандурустӣ ва ташхиси ИМА доктор Ораш Алоӣ, журналистика дар заминаи пешниҳоди маълумоти дақиқ, вобаста ба хатарҳои пандемияи бесобиқаи COVID-19 ва таъсири он ба ҳаёти мардуми сайёра баҳри пешгирии паҳншавии он саҳми бориз гузошта метавонад.
Дар маҷмӯъ, иштирокчиён нақши муҳими ВАО-ро эътироф ва зарурати тавсеаи ин равандро таъкид намуданд.
http://sadoimardum.tj/i-tisod/na-shi-vao-dar-zamoni-pandemiyai-covid-19/