Бақайдгирӣ ва назорати ҳуҷҷҷатҳои давлатӣ
     TJ RU EN
11:19 / 2024-12-20

Бақайдгирӣ ва назорати ҳуҷҷҷатҳои давлатӣ

- Раёсати адлияи вилояти Суғд – сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят буда, қисман салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вилоят амалӣ менамояд.

Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии раёсат ва сохтори он таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ равона шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсат Мамлакат Раҳматзода.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон ба раёсат 200 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд. Муроҷиатҳо саривақт баррасӣ ва ҳаллу фасл шудаанд. Вобаста ба фаъолияти ҷории нотариусони давлатӣ гуфта шуд, ки дар ин давра 92 376 адад амалиёти нотариалӣ тасдиқ шуда, ба боҷи давлатӣ 7 286 112 сомонӣ рӯёнида шудааст. Аз ҷониби идораҳои нотариалии давлатӣ амалиётҳои нотариалӣ, ки маблағи аҳдҳои басташуда 105 адад мебошанд, 29 адади он шартномаи хариду фурӯши амволи ғайриманқул ва 76 адад аз қабили шартномаи гарав, ипотека, қарз ва созишномаҳои иловагӣ ба шартномаҳои ипотекаву гаравро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, аз тарафи нотариусони давлатӣ бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ 5 амалиёти нотариалӣ ба расмият дароварда шудаанд. Нисбати бақайдгирии давлатии ташкилоти ҷамъиятӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 731 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 102 адад филиалу намояндагиҳои ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, зиёда аз 281 ташкилот бо қарори суд ё қарори худ барҳам дода шудаанд. Дар шаш моҳи соли равон 6 адад фаъолияти оинномавии Ташкилоти ҷамъиятӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида огоҳиномаи хаттӣ дода шудааст. Доир ба фаъолияти Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гуфта шуд, ки 4 филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузаштаанд. Аз ин рӯ, боҷи давлатӣ ба маблағи 5220 сомонӣ пардохт шудааст. Ҳисоботи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нишон дод, ки ташкилотҳои мазкур аз тарафи субъектони хориҷӣ Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ, Дафтари барномаҳои САҲА, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Фонди ҷамъиятии Абилис, Институти ҷомеаи кушодаи «Бунёди мадад», Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилот маблағгузорӣ карда шудаанд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо бобати самтҳои мухталифи ин соҳа пешниҳод гардиданд.

http://www.hakikati-sugd.tj/index.php/social/14218-ba-ajdgir-va-nazorati-u-at-oi-davlat


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима