Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори мустақил аз Узбекистон дар "Фейсбук" хабар дод, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати вай қатъ шудааст.
Абдуллоев гуфт, рӯзи 23 октябр ӯро ба Хадамоти амнияти давлатӣ даъват ва хабар доданд, парвандаи ҷиноие, ки 29 июни соли ҷорӣ боз шуда буд, қатъ гардидааст. Ҳамзамон ба вай шиносномаи хориҷӣ тақдим карданд ва хабар доданд, ки дар рафту омад ба хориҷи кишвар озод аст.
"Ба ман хабар доданд, ки нисбати ман таъқиби ҷиноӣ сурат намегирад. Гуфтанд, ки ман метавонам, озодона ба хориҷ рафту омад кунам. Ба ҷуз ин, ман гуфтанд, ба зудӣ ҳамаи ашёеро, ки ҳангоми тафтишот аз ман гирифта буданд, бармегардонанд", - хабар дод Абдуллоев.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 октябр ба Абдуллоев дар шаҳри Тошканд манзили сеҳуҷраӣ тақдим кард.
Бо гузашти як рӯз Абдуллоев хабар дод, ки муфаттишони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон ӯро таҳдиди ҳабс кардаанд.
Бобомурод Абдуллоевро ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт ва рӯзи 22 август ба Узбекистон истирдод карданд. Вай рӯзи 22 август баъди бозпурсии ҳаштсоата аз сӯи мақомоти Узбекистон дар шаҳри Тошканд, озод шуд.
Мақомоти Узбекистон расман хабар надоданд, ки Абдуллоевро дар робита ба кадом парванда бозпурсӣ кардаанд. Худи рӯзноманигор ҳанӯз дар шаҳри Бишкек гуфта буд, ки ӯро дар навиштани мақолаҳои зиддиҳукуматӣ бо имзои мустаори "Қора Мерган" айбдор мекунанд. Абдуллоев ин айбро рад карда буд.
Ин рӯзноманигор дар соли 2017 бори аввал бо гумони сарнагун сохтани сохти конститутсионии Узбекистон боздошт ва моҳи майи соли 2018 озод шуда буд.
https://www.ozodi.org/a/30912655.html