Аз 14 шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон 11-тои он ва аз 15 шабакаи телевизиони мустақили кишвар 13-тои он YouTube-канали худро таъсис додаанд. Аммо дар пасманзари ин нишондиҳандаҳои хуби миқдорӣ чӣ гуна мушкилоти сифатӣ ниҳон аст ва оё мубриза барои ба даст овардани дили муштариёни шабакаҳои телевизионӣ дар муҳити тоҷикии YouTube чӣ навъ сурат мегирад? Мо кӯшиш кардем, то дар ин матлаб ба ин масъалаҳо андаке бошад ҳам, рӯшноӣ андозем.
Шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ ва YouTube
Телевизиони Тоҷикистон дар миёни дигар шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ, на танҳо яке аз аввалинҳо шуда YouTube-канали худро таъсис додааст, балки дар ин шабака бештар аз ҳама – 1540 видео гузоштааст. Дар муддати қариб 5 соли фаъолияти шабакаи ютубӣ аз ин видеоҳо беш аз 20 миллион маротиба боздид кардаанд. Албатта, ин рақамҳо дар қиёс бо ҳамин гуна нишондиҳандаҳои шабакаҳои дигари телевизионии давлатӣ дар муҳити тоҷикии YouTube хеле муассир ба назар мерасанд, вале на аз он беш. Шабакаи мазкур ҳоло 20,7 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Бино ба маълумоти Social Blade, сомонае, ки омор ва таҳлили як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube-ро анҷом медиҳад, теъдоди муштариёни ин шабака тӯли қариб як соли охир умуман тағйир наёфта, дар як сатҳ қарор дорад.
Дар шабакаи мазкур феҳристҳои пахши гуногун таҳия шудаанд, ки вазифаи онҳо то ҳадде мусоидат ба дарёфти осони матлаби зарурӣ барои муштариён аст. Муҳимтарин феҳристҳои пахши ин шабака – “Ахбори Тоҷикистон. Имрӯз” бо фарогирии 477 видео, “Сюжетҳои Ахбор” (316 видео), “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (148 видео), “Новости Таджикистана” (94 видео) ва ғайра мебошанд, вале бояд ба назар гирифт, ки дар бисёр мавридҳо ҳамон як видео имкон дорад дар ду ё се феҳристи пахш ҷой гирифта бошад. Бо вуҷуди он, ки шабакаи аввали кишвар – Телевизиони Тоҷикистон имкониятҳои хеле фаровони эҷодӣ, техникӣ ва молиявӣ дорад, ба назар мерасад, ки ба кори шабакаи ютубии худ чандон ҷиддӣ таваҷҷуҳ намекунад. Аз ин лиҳоз шабакаро бидуни дарназардошти як низоми муайян бо муҳтаво пурра мекунанд ва ин кор аҳён аҳён ва шояд мувофиқи табъи масъули ин шабака сурат мегирад.
Масалан, дар рӯзи боздиди мо аз ин шабака, яъне 7 июл, тозатарин матлаби дар канал дар таърихи 22 июн гузошта шуда, “Имкониятҳои содиротии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ” унвон дорад. Ин як барномаи нимсоатаи мукаммали телевизионӣ буда, аз номаш пайдост, ки чӣ масъалаҳоро баррасӣ хоҳад кард. Дар таърихи 3 июн боз як матлаб бо номи “Расонидани маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ / Ахбори Точикистон”, ки аз хусуси дастрасии кӯмакҳои тиббӣ ба хотири мубориза бо COVID19 нақл мекунад, дар шабака ҷо дода шудааст; ҳамагӣ ду мавод дар як моҳ.
Аслан дар ин шабака моҳе аз 2-3 то 5 -7 мавод гузошта мешавад. Ҳарчанд сюжетҳои ахбори ҷиноӣ ва ҳам саҳифаи вижаи “Ахбори ВКД. Сипар” ҳамчун як як феҳристи алоҳидаи пахш ишора нашудаанд, аммо ингуна гузоришҳо ва барномаи номбурда аз сербинандатарин матлабҳои шабакаи мазкур дониста мешаванд. Аз ҷумла, гузориши “Рашки зан боиси марги шавҳар гардид” аз пурбинандатарин матлаби шабакаи Телевизиони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар давоми қариб як соли баъди нашр онро зиёда аз 636 ҳазор маротиба тамошо кардаанд. Дар ҳамин ҳол аз моҳи марти соли ҷорӣ боз як шабакаи марбут ба Телевизиони Тоҷикистон бо номи Ахбори Телевизиони Тоҷикистон дар YouTube фаъолияташро оғоз бахшидааст, ки асосан гузоришҳои хабариро барои муштариёни худ манзур менамояд.