Матни нома чунин аст:
-Мо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо муроҷиат карда, гуфтанием, ки аз расонаӣ ва халалдор кардани ҳаёти осудаи мо даст бардоред ва ба ҳангомае, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон моро дастгирӣ ва нисбати мо ғамхорӣ намекарда бошад, хотима диҳед.
Албатта, чунин ҳодисаи ногаҳонии табиӣ ба руҳу равони сокинони мавзеи аз офати табиӣ зарардида таъсир расонид. Мардум ба кумаки моддиву маънавӣ ниёз доштанд. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди фаврӣ ташкил карда шуда, сокинони мавзеи офатзада сари вақт бо хаймаҳои муваққатӣ, ғизо ва таҷҳизотҳои муҳими рӯзгордорӣ таъмин карда шуданд. Қитъаҳои замин барои бунёди манзили зист ҷудо гардида, масолеҳи сохтмонӣ пурра дастрас карда шуда, корҳои бунёдсозӣ ҷараён дорад.
Дар радифи дастгириҳои роҳбарияти давлат дастгириву саховатмандии шахсони миллатдӯст низ ба мушоҳида расид, ки изҳори сипос ва миннатдорӣ мекунем. Вале рафтори баъзе аз хабарнигорон боиси нигаронии мо – сокинони ноҳия гардидааст Хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» Абдудуллоҳи Ғурбатӣ (Ғурбатов Авазмад) рӯзи гузашта, бархилофи хоҳиши мо сокинони аз офати табиӣ зарардида ва ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатиамон эътибор надода, хост вориди хайма гардида, ҳамсару духтарон ва фарзандони ноболиғамонро, ки он ҷо қарор доштан, ба навор гирад. Номбурда бо ин рафтораш шаъну шарафи занону кӯдакони моро паст зада, мехост моро ҳақиру нотавон муаррифӣ кунад. Ӯро касе лату кӯб накардааст. Занону духтарони баномус ӯро аз назди хаймаҳо ронданд.
Муҳтарам раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо барои чӣ шумо як рӯзноманигори иғвоангезро, ки оромии зиндагии моро халалдор менамояд ҳимоя карда, мо мардуми оддӣ, деҳқон, камбизоат, азиятдида ва ҷафокашидаро одам ҳисоб намекунед. Чун соҳиби калом ва сухан ҳастед, ақаллан моро маънаван дастгирӣ карда рӯҳбаланд намоед, ҳами барои мо кифоя аст.
Мо,сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон бо итминони комил гуфтанием, ки агар як нафар аз мо бо даъвою ҳаракатҳои ғайриқонунии хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» Абдудуллоҳи Ғурбатӣ (Ғурбатов Авазмад) аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, мо дастаҷамъона рафта, дар бари ӯ меистем ва бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ тамоми мақомоти дахлдорро ба пой хезонида, намегузорем ки ӯ беҷазо монад.
Ба шахсони ҳимоятгар (адвокатҳо)-и ҷониби Абдуллоҳи Ғурбатӣ муроҷиат карда мегуем, ки дар ҳолати ҳуқуқу манфиатҳои моро нодида гирифтан, аз болои шумо ба додгоҳ шикоят мекунем.
Аз номи сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон:
https://pressa.tj/questions/nomai-sokinoni-huroson-ba-raisi-itti%d2%b3i-zhurnalistoni-to%d2%b7ikiston-va-ra%d2%b7abi-mirzo/