Барои робита бо ВАО акнун собиқ роҳбари шуъбаи иттилооти беморхонаи “Истиқлол” масъул аст.
Эмомалӣ Мирзоев
Вазири нави тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз, 13-уми май котиби матбуотии Вазорат Бибихонум Дарвешзодаро аз вазифа озод ва шахси дигарро ба ин мансаб таъин кард. Котиби матбуотии нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Эмомалӣ Мирзоев таъин шуд, ки то ин дам сарварии шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи беморхонаи “Истиқлол”-ро бар дӯш дошт. Вазири нави тандурустӣ низ қаблан сарвари ҳамин беморхона буд. Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Эмомалӣ Мирзоев таъиноташро ба ҳайси котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ тасдиқ кард. “Ташаккур барои табрикот! Ҳамин ҳоло ба ҳуҷраи кориам даромадам, бо кормандон шинос мешавам. Ба ҳамкории пурсамар бо ВАО умедворам”, - гуфт ӯ. Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 5-уми май ба вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуд. Қобили зикр аст, ки рӯзноманигорон аз фаъолияти собиқ котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ шикоят доштанд, зеро дастрасии маълумот аз ин ҷо душвор буд ва бо оғози хуруҷи коронавирус тамос гирифтан бо ин вазорат қариб ғайриимкон шуд. https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200513/kotibi-matbuotii-vazorati-tandurust-ivaz-shud