Изҳороти маҳаллии Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони касбии тоҷикро таъкид менамоянд.
Дар мавриди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони касбии тоҷикро таъкид намуда, ба онҳо барои саъю талош ва фидокорӣ дар хидмат ба ҷомеа изҳори сипос мекунанд. Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот барои ҳамаи мо имкониятест, ба кори рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳон арҷ гузорем. Журналистикаи мустақил барои таъмини озодии баён, инчунин шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ зарур аст, инчунин дар ҳолатҳои душвор.
Дар замони номуайянӣ, дастрасӣ ба иттилооти дақиқ ва саҳеҳ муҳим аст ва пандемияи ҷаҳонии covid-19 бори дигар исбот кард, ки иттилооти саривақтӣ ва дақиқ метавонад ҳаёти одамонро наҷот диҳад. Мо итминони комил аз он дорем, ки шукуфоии дарозмуддат, амният ва суботи Тоҷикистон, инчунин устувории ҷомеаи он иддаои ӯҳдадории пурраи ҳифзи озодии баён, сохтори пурҳаракат ва гуногунрангии васоити ахбори омма ва риояи ҳуқуқи рӯзноманигоронро ба кор бидуни сензура ё тарси интиқом мекунад.
Дар ин замина, Иттиҳоди Аврупо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро, ки дар Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, пурра иҷро намояд ва риояи озодии мутлақи баён ва озодии ВАО бе маҳдудият ҳам дар режими онлайн ва ҳам оффлайн таъмин намояд. Ғайр аз он, ҳангоми иҷрои чунин вазифаҳои муҳим барои ҷомеа, рӯзноманигорони мустақил набояд зери фишори таҳдид ва ӯҳдадории созиш намудан бо виҷдони касбӣ ва меъёрҳои худ қарор бигиранд, то вазъи кории хеш, воситаи ахбори умум, ки бар он шуғл меварзанд, сабти ном (аккредитасия) ва амнияти шахсии худро зери хатар нагузоранд.
Итминон аз он дорем, ки дастрасӣ ба интернети босуръат ва дастрас, ва истифодаи бемамониати захираҳои ВАО на танҳо барои озодии ВАО дар Тоҷикистон, балки барои рушди иқтисодии кишвар низ муҳим мебошанд.
https://eeas.europa.eu/delegations/tajikistan/78525/node/78525_tg
DPF
06.05.2020 19:01
88
Хабарҳо