Дархости интиқоли Далер Шарифов аз боздоштгоҳи тафтишотӣ ба дармонгоҳ
     TJ RU EN
07:24 / 2024-11-16

Дархости интиқоли Далер Шарифов аз боздоштгоҳи тафтишотӣ ба дармонгоҳ

Вазъи саломатии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов дар боздоштгоҳи тафтишотӣ бад шудааст. Волидайнаш аз мақомоти дахлдор хоҳиш доранд, ки фарзандашонро барои муолиҷа ба беморхона интиқол бидиҳанд.

Абдуманнон Шарифов – падари Далер ба “Азия-Плюс” гуфт: “Дирӯз бо писарам дидорбинӣ доштем. Ӯ аз хуруҷи беморияш шикоят кард. Мо бо хоҳиши Далер ба мақомоти дахлдор мактуб менависем, ки ӯ ба табобат эҳтиёҷ дорад. Ақаллан, як моҳ ӯ бояд зери назорати табибон дар беморхона бошад ва муолиҷа шавад. Бемории қалбаш хуруҷ кардааст. Далер гуфт, ки чанд рӯз боз нафасаш мегирад ва дилаш дард мекунад. Ҳар маротибае чунин ҳолатҳо дар ӯ пайдо мешуд, дар беморхона табобат мегирифт. Мо ҳоло бо мактуб ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиат мекунем. Ҳафтаи гузашта бо пешниҳоди мактуби дигар ба Вазорати адлия дар бораи бемории Далер маълумот дода, хоҳиш кардем, ки ӯ дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта шавад”.

Номбурда илова кард, ки аҳли оилаи онҳо омодаанд, баъд аз интиқоли Далер ба беморхона тамоми хароҷоти табобати ӯро ба уҳдаи худ бигиранд.

“Мо тамоми хароҷоти муолиҷаи писарамонро дар беморхона ба уҳда мегирем. Тамоми кӯшишҳои худро барои табобат ва сиҳат шудани фарзандамон равона мекунем. Умед дорем, ки муроҷиати мо сарфи назар намешавад ва барои бистарӣ кардани Далер дар беморхона иҷозат медиҳанд”, - гуфт Абдуманнон Шарифов.

Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 16-уми апрел Далер Шарифовро ба муҳлати 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Адвокати ӯ – Абдураҳмон Шарифов ба рӯзноманигорон гуфт, ки зерҳимояаш дар сухани ниҳоии худ айбномаро мутобиқи моддаи 189 КҶ ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) эътироф накард.

“Ӯ изҳор дошт, ки аз рӯйи ин модда худро гунаҳкор намешуморад, лекин иқрор шуд, ки дар китобаш ба иштибоҳ роҳ додааст. Ӯро барои таҳияи китоб маҳкум карданд”, - афзуд адвокат. ВИДЕО: Таджикский журналист получил один год тюрьмы

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20200428/darhosti-intioli-daler-sharifov-az-bozdoshtgoi-taftishot-ba-darmongo


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима