Дастуруламали умумии пешгирӣ аз ибтилоъ ба вируси кувоид-19 (вируси курунои ҷадид)
     TJ RU EN
09:03 / 2024-11-16

Дастуруламали умумии пешгирӣ аз ибтилоъ ба вируси кувоид-19 (вируси курунои ҷадид)

Дар Эрон “Дастуруламали умумии пешгирӣ аз ибтилоъ (мубтало  ё гирифтор шудан) ба вируси кувоид-19 (вируси курунои ҷадид)”-ро ба табь расонданд. Чанд нуктаро ба хатти сирилик баргардон карда манзури Шумо мегардонем. Мутмаинем, ки донистани роххои пешгири аз вируси корунои, ки ҷадид ҳангоми инъикоси ин мавзуъ барои журналистон муҳим аст.

  1. Чи замоне бояд аз моск (ниқоб) истифода шавад?

Тавсия мешавад ҳангоми мулоқот бо мардум, рафтан ба як макони умумӣ, рафтан ба маконҳои шулӯғ( пуродам) ва сарпӯшида, истифода аз василаи ҳамлу нақл  ( нақлиёт) ва ғайра моск (ниқоб) истифода шавад.

Дар ҳолатҳои дар манзили шахсӣ будан метавон аз моск истифода накард.

  1. Дармон (табобат)

Доруҳои муассир дар ҳоли тавлид шудан ҳастанд. Вале то кунун равиши муассире барои муқобала бо вирус таъйид нашудааст.

  1. Ҳадаф ва аҳамияти карантини хонагӣ чист?

Каратини фикрию ҷисмии бемор аз рафту омади ӯ бо ҷомеа пешгирӣ буда ва  аз бурузи мубталоёни наслҳои дуюму сеюм ҷилавгирӣ мешавад. Бо оби ҷорӣ ва собун зуд-зуд дасти худро шустан ё аз моддаҳои зидди уфунӣ истифода кардан.

  1. Истифода аз осонсур (лифт)

Азбаски ҳаво дар осонсурҳои кабинадор хеле кам аст ҳангоми савор шудан аз моск истифода шавад. Имкон дорад дар дохили лифт вирус вуҷуд дошта ва дар ҳолати ламс кардан ё даст задан аз ангушти даст истифода нашавад. Агар тугмаи осонсурро бо ангушт пахш кардед бикӯшед то ин ангушт ба баданатон нарасад.

  1. Ҳангоми истифода аз васоили ҳамлу нақли (нақлиёти) шаҳрӣ ба чи мавориде бояд таваҷҷӯҳ кард?

Бояд моск бипӯшед. Пас аз ламс ва даст задан ба маконҳои умумӣ бояд дасти худро бишӯед. Мусофирони дигар низ моск пӯшид ва одоби сулфа карданро риоя кунанд. Панҷараҳои (тирезаҳо) мошинро то ҳадди охир боз кунанд.

  1. Дар маҳали кор ҳангоми мулоқот бо ҳамкорон бояд моск бипӯшед. Пас аз аноҷоми кор дастҳои худро бишӯед.
  2. Бояд телефонҳо, телефони мобилӣ ва компютер зиддиуфунӣ шавад? Лавозим ва таҷҳизоти идорӣ бояд ба таври давраӣ зиддиуфунӣ (дезинфексия) шавад. Масалан, пораи пахтаро (панба) ба алкол тар карда, гӯшии телефони корӣ, мобилӣ ва компютерро тоз кардан лозим аст.

Барои маълумоти бештар линки зеринро пахш намоед: _کتاب-کرونا.pdf


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима