Шарифзода: Матбуоти тоҷикро хатари нестшавӣ таҳдид мекунад
     TJ RU EN
10:45 / 2024-11-16

Шарифзода: Матбуоти тоҷикро хатари нестшавӣ таҳдид мекунад

Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо рӯзноманигор ва муҳаққиқи соҳа Қироншоҳ Шарифзода перомуни оғозу анҷоми корномаи нахустин нашрияи миллиамон «Бухорои шариф» ва сарнавишти нашрияҳои имрӯза сӯҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаш мегардонем.  Табрикнома — Устод, аввалан Шуморо ба рӯзи иди касбиатон самимона табрик мегӯем! — Ташаккур. Рӯзи матбуоти мо гарчанде дар тақвим ба истилоҳ «сурхранг» нест, яъне рӯзи истироҳат нест, вале аз ҷашнҳои умумимиллист. Рӯзи матбуот на танҳо иди рӯзноманигорон ва кормандони ВАО аст, балки бештар ба тамоми мардум дахл дорад, чун матбуоти даврӣ, умуман Васоити ахбори омма барои мардум, барои ҷомеа хизмат мекунад ва мавҷудияташ низ аз мардум вобаста аст, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам ид муборак бошад! Аввалин мактаби рӯзноманигорӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик ба ифтихори рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» муқаррар гардидааст. Чун худи Шумо яке аз муҳаққиқони рӯзномаи мазкур ҳастед, ҷойгоҳи «Бухорои шариф»-ро дар рӯзгори тоҷикон чи гуна арзёбӣ менамоед? –»Бухорои шариф» нахустин нашрияи сирф тоҷикӣ дар қаламрави имрӯза Осиёи Миёна аст. Албатта, то «Бухорои шариф» дар нашрияҳои гуногуни минтақа сухани тоҷикӣ буд, яъне, хабару мақола, шеъру ҳикояҳои тоҷикӣ ба табъ мерасиданд. вале «Бухорои шариф» дар қаламрави Аморати Бухоро маҳз бо забони точикӣ, барои мардуми тоҷик ба миён омад. Ҳамзамон, гуфтанист, ки ба миён омадани он ҳам осон набуд. Тавре ки устод Айнӣ — аввалин муҳаққиқи «Бухорои шариф», аввалин шахсе, ки аз вуҷуди ин нашрия сухан рондааст ва муҳаққиқони дигар асосан ба навиштаҳои эшон такя мекунанд, навиштаанд: «Ҳукумати амир зотан ба нашри рӯзнома розӣ набуд ва намехост, ки дар пеши назараш мисли як муфаттиш ҳамеша рӯзномае ҷилвагар бошад. Ҳукумати амир на танҳо ба рӯзномаи маҳаллӣ мухолиф буд, балки агар даст меёфт, тамоми рӯзномаҷоти исломиро мехост барҳам занад». «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллии мо аст ва аҳамияти таърихии он дар ин аст, ки барои пайдо шудани сухани катбӣ дар шакли рӯзномаву маҷаллаҳо бо забони форсии тоҷикӣ дар Осиёи Миёна роҳ кушод. Ва метавон гуфт, ки «Бухорои шариф» ба нашрияҳои минбаъда «Самарқанд» ва «Оина»-и Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ба дигар рӯзномаву маҷаллаҳои авалини даврони шӯравии тоҷик мактаби рӯзноманигорӣ низ гардид. Муфассал: https://pressa.tj/tajikistan/sharifzoda-matbuoti-to%d2%b7ikro-hatari-nestshav%d3%a3-ta%d2%b3did-mekunad-2/
 

Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима