Оё нишастҳои матбуотӣ хабарнигоронро қонеъ мекунанд?
Мушоҳидаҳо аз нишастҳои матбуотии гузашта нишон медиҳанд, ки хабарнигорон на ҳамеша аз муҳтавои онҳо қонеанд. Ба гуфтаи хабарнигорон дар нишастҳо роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ бевосита худашон иштирок намекарданд ва ё аз ҷавоб ба суолҳои хабарнигорон бо ҳар баҳона худдорӣ менамуданд. Вале назарсанҷие, ки қабл аз оғози нишастҳои матбуотӣ гузаронида будем, хабарнигорон умед доштанд, ки шояд ин даъфа роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ бевосита худашон иштирок намуда, ба саволҳои онҳо пурра ҷавоб медиҳанд. Дар ҳамин маврид мо пас аз анҷоми нишастҳои матбуотӣ аз хабарнигорон назарашонро бори дигар пурсидем:
Пайрав Чоршанбиев, хабарнигори «Азия плюс»
Умуман, баргузар намудани ин гуна ҷамъомадҳо хуб аст, ақаллан барои он, ки дар як сол рӯзноманигорон метавонанд ду бор бевосита бо роҳбарони аввали вазорату идораҳо саволу ҷавоб кунанд. Лекин бисёр вазорату идораҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқи пурсишҳои рӯзноманигоронро ба ҳар роҳ маҳдуд созанд: баъзе роҳбарон кӯшиш мекунанд, ки зиёда аз нисфи вақти барои нишасти матбуотӣ муайян шударо сарфи маърӯзаи худ кунанд, дар ҳоле ки матни маърузаашон ба рӯзноманигорон пешакӣ тақсим мешавад. Баъдан, ҳастанд роҳбароне, ки аз саволҳои кушодаи рӯзноманигорони воситаҳои ахбори ҳукуматӣ истофода бурда, дуру дароз дар мавзӯи барояшон мувофиқ суҳбат кунанд. Ин боис мешавад, ки барои бисёр рӯзноманигорон фурсати пурсишҳои масъалаҳои «доғи рӯз» нарасад. Ҳамзамон, аз аксарияти роҳбарон ҷавоби пурра, баъзан ҳатто қисман, гирифтан дар мавзӯҳои «муаммодор» ғайриимкон аст: онҳо кӯшиш мекунанд, ки коре карда мавзӯъро тарафи дигаре баранд, то аз посухи барояшон номувофиқ худдори намоянд. Лекин, фикр мекунам, ки аз тамоман набудани ҷавоб ҳамин ҷавобҳои ночизашон беҳтар аст!
Сафарбек Кабиров, рӯзноманигор
Ман мавзӯҳои иқтисодиро инъикос мекунам ва ба ҳамон нишастҳое рафтам, ки ба ин соҳа тааллуқ доранд. Дар баъзе нишастҳо қисман посух гирифтам, дар баъзеи дигарашон посухи пурра ва дақиқ гирифта натавонистам.
Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Садои мардум "
Дар маҷмӯъ, розиам! Хоса, омодагии масъулин ва муносибату муоширати онҳо бо журналистон тамоюли беҳшавиро касб намудааст. Ин хулосаам самараи иштирок дар нишастҳои матбуотии Бонки миллӣ, Хадамоти гумрук, Тоҷикстандарт, Вазорати молия, Амонатбонк мебошад. Нигаронии ман ба ноогоҳии аксар журналистон, ки доир ба самту аҳдофи фаъолияти вазорату идорае, ки дар нишасти матбуотиаш ширкат варзиданд, рабт дорад. Ин аст, ки баъзе саволҳои пешниҳодшуда хандаоваранд ва ё моҳияти шахсӣ доранд. Аз ҷониби дигар, маъмулан дар чунин нишастҳо журналистони камтаҷриба ва ҷавонон иштирок мекунанд. Ба андешаи ман, агар дар дар нишастхои матбуоти роҳбарияти расонаҳо ва журналистони саршинос ширкат меварзиданд, беҳтар мебуд.
Мазҳаб Ҷумъа, рӯзноманигор
Нишастҳои матбуотии имсол низ мисли солҳои пешин бо ширкати қисми ками роҳбарони аввали вазорату идораҳо баргузор гардид. Вале ба ҳар ҳол ширкаткунандагон кӯшиш мекарданд, ки ба суолҳои рӯзноманигорон посух диҳанд. Ин ки посух дархури журналистон буд ё не, баҳси дигар аст. Чунки бархе аз роҳбарон дар посух ба суоли конкрет гирди он "мечарханд" ва хулоса ҳамин мешавад, ки савол дар пушти "шаф-шаф" мемонад ва ё фаромӯш мешавад. Дар маҷмӯъ дар чанд нишасте ки ширкат намудам, роҳбарони сатҳи аввал ширкат доштанд ва то ҷое кӯшиш мекарданд, ки ба суолҳои рӯзноманигрон посух диҳанд. Вале дар баробари ин буданд сохторҳое, ки бо баҳонаи ба охир расидани вақт толорро тарк мекарданд ва суол бепосух мемонд.
Фарзонаи Умаралӣ, хабарнигори нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон”
Имсола нишастҳои матбуотӣ чун ҳамасола дар як қолаби "хосса" доир гардид. Мақомот аз саволҳои рӯзноманигорон чун ҳамеша "боадабона" мегурехтанд ва ҷавоби хости дилашонро мегуфтанд. Нишастҳои матбуотӣ қаблан дар як сол чор маротиба баргузор мешуд, баъдан онро дар як сол ду маротиба монданд ва он як моҳ идома меёфт. Вале алъон онро дар ду ҳафта ҷамъбаст мекунанд, Кӣ медонад, шояд онро аз байн бурданианд?Ба ақидаи ман, нишастҳои матбуотӣ тайи чанд соли охир ҷойгоҳи худро гум кардааст ва он хушку хом мегузарад.
DPF
18.02.2020 19:03
146
Хабарҳо