Тафтиши парвандаи ҳамла ба рӯзноманигори қирғиз поён ёфт
     TJ RU EN
12:01 / 2025-01-20

Тафтиши парвандаи ҳамла ба рӯзноманигори қирғиз поён ёфт

Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҳқиқи парвандаи ҳамла ба сармуҳаррири сомонаи иттилоотии FactCheck.kg Болот Темировро ба поён расонид. Ба гуфтаи Болот Темиров, парванда бо моддаҳои ғорат ва авбошӣ таҳқиқ шудааст. Ҳамакнун интизор меравад, парванда ба додгоҳ ирсол шавад. Рӯзноманигор рӯзи 9-уми январ дар маркази шаҳри Бишкек, наздикии идораи FactCheck.kg аз сӯи се марди ношинос латту кӯб шуд. Ҳамлагарон телефони ӯро рабуданд. Темиров ҳамларо ба фаъолияти касбиаш рабт медиҳад. Ҷомеаи рӯзноманигории Қирғизистон ҳамла ба Темировро маҳкум кард ва онро талоши "тарс додани рӯзноманигоре, ки ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ машғул аст", номид. Темир Болотов дар якҷоягӣ бо гуруҳи байналхалқии таҳқиқотгарони Bellingcat дороии муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов ва пайвандони ӯро таҳқиқ кард. https://www.ozodi.org/a/30440777.html

Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима