Номзадии Завқибек Саидаминӣ рад шуд. Номзадҳои аҳзобро сабтином карданд
     TJ RU EN
09:38 / 2024-12-20

Номзадии Завқибек Саидаминӣ рад шуд. Номзадҳои аҳзобро сабтином карданд

Дар ноҳияи Файзобод номзадии рӯзноманигори 35-солаи тоҷик Завқибек Саидаминиро барои иштирок дар интихоботи порлумонии моҳи март рад кардаанд. Зиёратшо Акрамзода, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 11 дар Файзобод, гуфт, ин тасмим баъди ошкор шудани чанд имзои, ба қавли ӯ, қалбакӣ гирифта шуд. Вай мегӯяд, дар маҷмуъ ҳабдаҳ имзои ҷамъовардаи рӯзноманигорро бекор карданд. Иддаое, ки Саидаминӣ рад мекунад ва мегӯяд, ёваронаш ба ҳар нафар ҳадафро ошкор фаҳмонида ва бо ризояти худи онҳо имзо гирифтаанд. Афроде, ки ба таври худпешбарӣ дар интихоботи порлумонӣ номзад мешаванд, ба ҷонибдориашон бояд 500 имзо ҷамъ оранд. Завқибек Саидаминӣ рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ба тарафдорӣ аз худ дар деҳаву ҷамоатҳои шаҳри Роғун ва Файзобод 504 имзо ҷамъ карда, ба мақомот супурда буд. "Аммо дар ҳавзаи интихоботӣ ба ман гуфтанд, ки бинобар сабаби бо роҳҳои тақаллубӣ ба даст овардани имзоҳо, номзадии ман рад карда шуд. Ба ман гуфтанд, гӯё имзои 17 нафарро бо роҳи фиреб гирифтаем. Ба ман баёноти як-ду нафарро нишон доданд",-афзуд ӯ. Саидаминӣ мегӯяд, бархе аз сокинони шаҳраки Файзобод ба масъулони ҳавзаи интихоботии рақами 11 баёнот додаанд, ки гӯё дастёронаш "бо истифода аз номи кормандони ҷамоат" ба тарафдории ӯ имзо ҷамъ кардаанд. Иддаое, ки рӯзноманигор намепазирад. Муфассал: https://www.ozodi.org/a/tajikistan-election/30419042.html

Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима