2020 – соли ҷашни “Азия-Плюс”.
Расо 20 сол пеш, 21-уми январи соли 2000 аввалин нусхаи рӯзномаи “Азия-Плюс” нашр шуд. Дар гурӯҳи расонаҳои мо то он дам 5 сол инҷониб хабаргузорӣ фаъолият дошт, ҳайати рӯзноманигорони касбӣ ҷамъ омада буданд, аммо таҷрибаи нашри газетаро тамоман надоштем.
Лозим омад, ки дар ҷараёни кор омӯзем. Аз ин рӯ, ду-се талоши аввали чопи рӯзнома дар аввали моҳи январ бенатиҷа анҷом ёфт, зеро гоҳе маводи хуб барои саҳифаи аввал набуд ва ё саҳифабандии дурусти он муяссар намешуд ва гоҳи дигар онро ба парда (плёенка)-и матбаа ҷой дода наметавонистем. Дар ниҳояти кор ҳамааш муяссар шуда, рӯзи 21-уми январ нусхаи аввали рӯзнома нашр шуд!
Тоҷикон мақоле доранд: “Дер ояду шер ояд”. Дар ҳолати мо маҳз чунин шуд – газетаи “Азия-Плюс” хеле зуд хонандаи худро пайдо карда, аз ҷониби онҳо эътироф гардид. Аллакай аз рӯйи натиҷаҳои соли 2000 Вазорати фарҳанг ба мо ҳамчун ба “рӯзномаи хабарҳои аз ҳама фаврӣ ва боэътимод” диплом тақдим кард.
Бо гузашти муддати начандон зиёд “Азия-Плюс” ба рӯзномаи аз ҳама оммавии русзабон дар Тоҷикистон бо зиёдтарин теъдоди нашр ва ҳаҷми реклама табдил ёфт. Тӯли ин солҳо мо рӯзномаи ҷолиб таҳия кардаву бо он ифтихор дорем.
Аммо ҳаёт доимо дар ҷараён буда, назди мо вазифаҳои нав мегузорад. Имрӯз ба мушкилоти гуногуни иқтисодӣ ва сиёсӣ масоили технологӣ ҳам илова шуд.
Насли ҷавон ва нафақат онҳо ба Интернет рӯ овардаанд, теъдоди нашри бе истисно ҳамаи рӯзномаҳо дар ҳоли камшавист, нашрияҳои чопӣ баста мешаванд. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки аллакай муддати 5-10 соли наздик рӯзномаҳо аз байн рафта, танҳо смартфону шабакаҳои иҷтимоӣ боқӣ мемонанд...
Ба ҳақиқат монанд аст? Бале, аммо на ҳама чиз яксон аст. Дарвоқеъ, хонандагон ба онлайн мераванд, аз ин рӯ, мо сомона ва саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ рушд медиҳем.
Бешубҳа, имрӯз “Азия-Плюс” байни ВАО-и Тоҷикистон дар интернет пешсаф мебошад. Дар баробари ин, мо бовар дорем, ки сарфи назар аз инқилоби технологӣ, рӯзномаҳо низ барои ҳаёти нав имкон доранд. Таҷрибаи нашрияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ инро тасдиқ мекунад.
Худатон бингаред – имрӯз одамон аз гуфтугӯйи виртуалию “фастфуди иттилоотӣ” дар интернет ҳарчи бештар хаста мешаванд. Одамон ба гуфтугӯйи зинда баргаштаниянд ва ҳамзамон маводи хушсифат ҷустуҷӯ доранд.
Мо барои хонандагони худ чунин рӯзнома таҳия карданием – зинда, ҳушманд, муфид ва навовар, ки барои кору зиндагӣ дастёр бошад. Мо дигар кӯшиш надорем, ки “рӯзномаи умумихалқӣ” шавем, зеро ин аллакай ғайриимкон аст.
Мо ба корбарони мақсадноки худ наздиктар шуданием – касоне, ки пеш мераванду ба оянда нигоҳ мекунанд ва бо корҳои мушаххаси худ ин ояндаро наздик месозанд. Маҳз барои чунин шахъсиятҳо рӯзнома нашр мекунем ва маҳз онҳо қаҳрамонони асосии матлабҳои ояндаи мо мешаванд. Мо ба ин кор аллакай оғоз бахшида, бовар дорем, ки бо шумо боз чандин ҷашнҳои рӯзномаи дӯстдоштаро таҷлил мекунем!
Қобили зикр аст, ки соли 2020 натанҳо барои рӯзномаи мо ҷашнист. 25 сол пеш, тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлия хабаргузории мустақили “Азия-Плюс” ба қайд гирифта шуд.
Ин санаро мо зодрӯзи тамоми гурӯҳи расонаҳои худ мешуморем.
Муддати 25 сол “Азия-Плюс” таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро сабт мекунад. Дар сомонаву саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои радио рӯйдодҳои муҳимтарини ҷумҳурӣ инъикос мешаванд. Мо як қисми кишвар буда, таърихамон ба таърихи он пайванди ногусастанӣ дорад. Агар шумо ин сатрҳоро мутолиа дошта бошед, пас, мо беҳуда фаъолият накардаем.
Инак, соли 2020 барои мо ҷашнӣ буда, ба ифтихори он “Азия-Плюс” тамоми сол ба хонандагону шунавандагону бинандагону корбарон туҳфаҳои зиёд – иқдому консертҳои ҷолиб, озмунҳои шавқовар ва лоиҳаҳои нав тақдим мекунад. Бигзор имсол барои ҳамаи мову шумо бобарор шавад!
Фардо беҳтар мешавад, бо мо бимонед!
https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200121/2020-soli-ashni-aziya-plyus-bo-mo-boshed
DPF
22.01.2020 12:54
294
Хабарҳо