ЭЪЛОН: қабули дархост барои иштирок дар тренинг
     TJ RU EN
05:05 / 2024-12-20

ЭЪЛОН: қабули дархост барои иштирок дар тренинг

Моҳи ноябри соли 2019 Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар шаҳри Хуҷанд, дар доираи лоиҳаи «Рушди муносибатҳои ташкилии дохилӣ ва байнисоҳавии АМВАОМТ», бо дастгирии молиявии Интернюс Тоҷикистон, баргузории тренинги дурӯзаи «Баланд бардоштани қобилияти ташкилот» -ро ба нақша гирифтааст.

Ҳадафи тренинг – такмил додани сифати идоракунӣ дар ташкилотҳои аъзои АМВАМОТ, мустаҳкам кардани ҷузъҳои сохтори амудии ташкилотҳо, роҳҳои дарёфт кардани маблағҳои иловагӣ, аз ҷумла, иштирок дар татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳо, муттаҳидсозии нерӯи аъзои АМВАОМТ мебошад.

Дар тренинг намояндагони ташкилотҳои аъзои АМВАОМТ аз вилояти Суғд, инчунин рӯзноманигорони озод, васоити ахбори омма ва кормандони дигар ташкилотҳои ВАО-и минтақаи Суғд, ки мехоҳанд ба узвияти АМВАОМТ ҳамроҳ шаванд, иштирок карда метавонанд.

Дархост барои иштирок дар тренинг то 6 ноябри соли 2019 қабул карда мешавад.

Шахсони ҳавасманд метавонанд дархостро ба суроғаи электронии зерин фиристанд: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 Телефон барои маълумот: (+992) 935 15 10 52; 918 61 89 91


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима