Боздошти ду хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе
     TJ RU EN
10:46 / 2024-12-20

Боздошти ду хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе

Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова, ду хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзи 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе дастгир шудаанд.

Онҳоро замоне боздошт кардаанд, ки дар кӯчаҳо машғули наворбардорӣ ва паси иҷрои вазифаи касбиашон буданд.

Ҳоло онҳо дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳастанд. Маъмурони милисаи ин ноҳия дар тамоси телефонӣ гуфтанд, хабарнигорон гӯё лаҳзаи боздошти гумонбареро сабт кардаанд.

Дертар ба занги телефонии мо ба яке аз ҳамкоронамон маъмури шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ посух дод ва гуфт, ки "Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова дар назди моянд ва мо дар ҳоли муайян кардани шахсияти онҳо ҳастем".

Ин корманди пулис ба суоли он ки мақоми ҳуқуқии ҳамкорони моро чӣ гуна шарҳ медиҳад, ҷавоб надод.

Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова беш аз як сол боз ба ҳайси журналист ва наворбардор дар Радиои Озодӣ кор мекунанд.

Тафсилот дертар дар ҳамин ҷо нашр мешавад

https://www.ozodi.org/a/tajik-police-detained-two-rferl-video-reporters/30203375.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима