11 созмон аз Белорус хостанд, ки Одинаевро ба Тоҷикистон таслим накунад
     TJ RU EN
10:54 / 2024-12-20

11 созмон аз Белорус хостанд, ки Одинаевро ба Тоҷикистон таслим накунад

Ёздаҳ созмони мудофеи ҳуқуқи башар аз ҳукумати Белорус хостаанд, ки рӯзноманигори мустақил ва фаъоли сиёсии тоҷик Фарҳод Одинаевро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Ин созмонҳо мегӯянд, ки дар ҳолати истирдод Одинаевро дар Тоҷикистон хатари шиканҷа ва бадрафторӣ, таҳдид мекунад.

Фарҳод Одинаев рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи марзии "Каменный Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Белорус боздошт шуд. Ӯ барои ширкат дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон роҳии Варшава буд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан дар нома ё дархости худ ба ҷониби Беларус, Фарҳод Одинаевро ба "иштироку сармоягузорӣ ва таблиғи фаъолияти ифротгароӣ" муттаҳам карда буданд. Онҳо гуфтаанд, ки парвандаи зидди Одинаев моҳи октябри соли 2018 кушода шудааст. Вале намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷа мегӯянд, Фарҳод Одинаев чанд сол боз аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашида, дар Маскав "зиндагии ором" дошт.

Изҳороти Созмони Афви Байналмилал, Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Марказӣ, Мудофеони Ҳуқуқи Шаҳрвандӣ, Хонаи Озодӣ, Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ, Freedom Now, Human Constanta, Human Rights Center Viasna ва Хабарнигорони Бидуни Марз дар мавриди Фарҳод Одинаев, рӯзи 7-уми октябр нашр шуд.

Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки "ҳукумати Тоҷикистон ба таври маъмул бо истифода аз иттиҳомот бо ангезаҳои сиёсӣ, дар берун аз марзҳо мухолифони худро таҳдид ва боздошт мекунад". Ба гуфтаи Стив Свердлов, пажӯҳишгари аршади Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Осиёи Миёна, "Белорус уҳдадор аст, ки Одинаевро ба ҳеҷ ҷое, аз ҷумла Тоҷикистон нафиристад, чун мумкин аст, бо ӯ дар онҷо бадрафторӣ ё шиканҷа сурат бигирад".

Фарҳод Одинаев 42 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 2013 ба ҳайси яке аз муассисони ТВ "Сафо" дар Маскав кор кардааст, ки аз моҳи август то ноябри он сол тавонист барномаҳо таҳия кунад. Фаъолони мухолифин мегӯянд, телевизиони мустақил он сол зери фишори мақомоти тоҷик баста шуд.

Ба иттилои аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Фарҳод Одинаев барои иштирок дар ҷаласаи САҲА, ки рӯзҳои 16-26-уми сентябр дар Варшава баргузор мешавад, визаи Полшаро дастрас карда буд. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия буда, дар Маскав зиндагӣ мекард ва бар асоси шиносномаи Русия виза ё раводиди сафар ба Полшаро ба даст оварда буд.

Маррус Фосум, намояндаи минтақавии Кумитаи Норвежии Ҳелсинки мегӯяд, ки "мақомоти Белорус бояд фавран ва бидуни ҳеҷ қайду шарт Одинаевро раҳо кунанд ва иҷозат диҳанд, ба кишвари амни савум интиқол ёбад".

"Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Белорус бояд ба Минск фишор биоранд, то Одинаевро, ки дар маърази хатари шиканҷа қарор дорад, истирдод накунад ва бояд ба таври ошкор дар мавриди саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон нигаронии ҷиддӣ иброз кунанд".

Боздошти Фарҳод Одинаев дар Белорус дар ҳоле аст, ки ахиран Лаҳистон -- як кишвари ҳамсояи Белорус, Мустафо Ҳаётов, як узви "Гурӯҳи 24"-ро ба Тоҷикистон истирдод кард. Ӯ ки рӯзи 25-уми сентябр аз Лаҳистон ихроҷ шуд, ахиран дар навори видеои хабар дод, ки дар Душанбе қарор дорад.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз соли 2015 номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои мамнӯи сиёсиро ба феҳристи мавриди ҷустуҷӯ ворид карданд ва бар асоси он танҳо дар Беларус ҳадди ақал ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва бо хатари истирдод рӯбарӯ шуданд.

Бо талошҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар чаҳор соли гузашта як фаъоли созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" Шабнам Худойдодова ва футболбози тими "Хайр"-и Ваҳдат Парвиз Турсунов баъди боздошти чандмоҳа дар Беларус раҳо шуданд.

https://www.ozodi.org/a/human-rights-organisation-ask-Belarus-not-return-tajik-citizen-to-tajikistan/30202810.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима