Сафарҳо маҳдуд, шароб манъ, алоқа назорат, сензура иҷозат – бандҳои қонуни нави Тоҷикистон
     TJ RU EN
11:52 / 2024-11-16

Сафарҳо маҳдуд, шароб манъ, алоқа назорат, сензура иҷозат – бандҳои қонуни нави Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон бори аввал дар таърихи кишвар қонун “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”-ро қабул кард, ки дар сурати эълони он, сафару гаштугузори шаҳрвандон, шаробу доруфурӯшӣ, ҷаласаю интихобот маҳдуд ё қатъ гардида, назорати алоқа ва сензураи расонаҳо иҷозат дода мешавад

Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфт, ҳолати ҷанг дар кишвар ё маҳалҳои алоҳидаи он, тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон бо тасдиқи парлумон  бо муайян намудани сарҳади маҳалли ҷанг амалӣ мегардад.

Ба иттилои Собирзода, қонун дар давраи амали ҳолати ҷанг барои гузаронидани корҳои мудофиавӣ ҷалб намудани шаҳрвандонро низ пешбинӣ менамояд.

“Ҳамчунин, лоиҳаи қонун бо мақсади эҳтиёҷоти мудофиавии кишвар масъалаҳои мусодираи молу амволи шаҳрвандон ва ҷуброн намудани арзиши он, маҳдудкунии ҷойи истиқомат, гузаронидани гирдиҳамоӣ, ҷаласаҳо, интихобот ва раъйпурсӣ, ҳаракати нақлиёт ва азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт, гаштугузори онҳоро дар кӯчаҳо дар бар мегирад”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Собирзода.

Манбаъ афзуд, ки лоиҳаи қонуни таҳиягардида дар замони ҷанг хариду фурӯши силоҳ, доруҳои дар таркибашон маводи психотропидошта ва машруботи спиртиро манъ кардааст.

“Ба мақомоти ваколатдор салоҳияти бурдани назорат аз болои воситаҳои алоқа, нашриёти чопӣ, ҷорӣ намудани сензура ва дигар воситаҳои ахбори омма дода шудааст”, - таъкид намуд Собирзода.

Ӯ илова намуд, ки дар давраи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг масъалаҳои берун шудани шаҳрвандон ба хориҷ ва дохил шудани онҳо ба кишвар маҳдуд ё қатъ мегардад. “Реҷаи рӯзи корӣ, маблағгузорӣ, пардохти музди меҳнат тибқи нақшаи алоҳидаи нигоҳдории ҳолати ҷангӣ ба танзим дароварда мешавад. Илова бар ин, тартиби ҷамъоварии андоз, муфлисшавӣ ва боҷи гумрукӣ муқаррар мегардад”, - иттилоъ дод сардори Ситоди генералии артиши Тоҷикистон. Собирзода гуфт, дар давраи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг бо мақсади таъмини мудофиаи давлат, иншоот, воситаҳои нақлиёт, ки дар моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор доранд, метавонанд истифода гарданд.

Ӯ таъкид намуд, ки қонун ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ барои риоя накардани реҷаи ҳолати ҷангиро пешбинӣ намудааст.

Зайниддин Сафаров, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин қонун  аз урфият гуфт, ки “Агар сулҳ хоҳӣ, ба ҷанг омода бош”.

Ӯ гуфт, итминони комил дорад, ки бо сиёсати сулҳҷӯёна ва дарҳои бозро, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сармашқи фаъолияти давлатдорӣ қарор додааст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ гоҳ ҳолати ҷангӣ эълон нахоҳад шуд.

Сафаров таъкид намуд, ки қонун бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо барои мудофиаи Тоҷикистон дар ҳолати ҷангӣ, пешгирӣ ва зада гардонидани таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз ба муқобили Тоҷикистон, инчунин мукаммалгардонии иқтидори мудофиавии давлат, таҳия гардидааст.

https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190602/1029053224/Safar-mahdud-sharob-man-aloqa-nazorat-senzura-ijozat--bandhoi-qonuni-navi-Tojikiston.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима