Султонмуроди Одина нависанда ва шоири тоҷик, ки дар ноҳияи Ҳисор кору фаъолият мекунад, барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода дар соли 2019 гардид.
Маросими супоридани ҷоиза ба ғолиб имрӯз зимни чорабинии бошукӯҳ бахшида ба рӯзи озодии матбуот дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» сурат гирифт.
Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода соли 2016 дар ҷашни 70 солагии аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ ва аввалин сардабири рӯзномаи Парлумони Тоҷикистон – «Садои мардум» таъсис ёфта, нахустин маротиба соли 2017 ба журналист Муҳиддин Идиев тақдим гардид. Соли 2018 бошад, нависанда ва драматург, собиқ сардабири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») Ато Ҳамдам сазовори ин нишон шуд.
Ҷоиза дар замини эълони озмун дар мавзуи мушаххас ба эҷодкорон дода мешавад. Соли 2019 мавзуи озмун зери унвони «Нон ҳам нону нореза ҳам нон» — барои беҳтарин маводи публитсистӣ эълон гардида буд. Дар ин озмун наздик ба 50 нафар ширкат варзиданд ва намунаи беҳтарин маводашон дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба нашр расид.
Ёддошти Султонмуроди Одина дар бораи Ҷаббор Расулов ва насиҳати ӯ нисбати сарфаву сариштакорӣ, таҳти унвони «Панди Ҷаббор Расулов» сазовори ҷоиза гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ҷоизаи «Эътимод»-ро ба журналисти шинохта Манижа Қурбонова эъто кард. Ташкилотҳои дигари эҷодӣ ҳам ҷавоизи худро ба журналистон супориданд.