Раҳбарияти Фейсбук тасдиқ кард, ки чунин амалро фармоиш додааст. Вале дар суҳбат бо CNet афзуд, ки сар аз ҳафтаи гузашта иҷрои ин барномаро ба монандаи " Apple ва Google" мавқуф гузоштанд. Раҳбарияти шабака мегӯяд, ба ин кор маҷбур буданд. Кормандони кирошуда гӯиё санҷиданд, рамзкушоии сабтҳои зеҳни маснуие, ки Фейсбук истифода мебарад, то кучо дақиқ имкон дорад. Ба бовари раҳбарияти Фейсбук, кормандони мазкур намедонистанд, ки ин наворҳо дар куҷо ва чи гуна сабт шудаанд.
Шабакаи иҷтимоии Фейсбук борҳо ба он айбдор шудааст, ки бидуни огоҳии корбарон маълумоти шахсии онҳоро на танҳо ҷамъоварӣ, балки ба ҷонибҳои севум мефурӯшад. Раҳбари Facebook Марк Сукерберг моҳи апрели соли 2018 маҷбур шуд, дар Конгресси ИМА ба ҳамаи суолҳо дар ин замина посух гӯяд. Аз ҷумла, ӯ гуфта буд, ки Фейсбук "суханҳои шуморо гӯш намекунад".
Ҳамчунин моҳи гузашта маълум шуд, ки ширкатҳои Apple, Amazon ва Alphabet низ гуфтугӯи корбаронро сабт мекардаанд.
Додгоҳи баррасии шикоятҳои ИМА ҳафтаи гузашта шикояти Фейсбукро аз болои қарори Комиссияи федеролии Амрико қонеъ накард. Комиссия шабакаи иҷтимоиро ба ҷамъоварии ғайриқонунӣ, ҳифзи маълумоти шахсии миллионҳо корбар бидуни иҷозат айбдор ва ба пардохти 5 миллиард доллар ҷарима вазифадор кард.