Журналистон 107-солагии матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд
     TJ RU EN
11:52 / 2024-11-16

Журналистон 107-солагии матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд

Беҳтарин рӯзноманигорон бо мукофоту туҳфа ва унвонҳо қадрдонӣ мешаванд.

Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ имрӯз соати 16:00 бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ, ки ба он намояндагони ВАО ва аҳли қалам даъватӣ ҳастанд, беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо, инчунин нишони «Аълочии матбуот» ва «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ мешаванд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, , илова бар ин, ба рӯзноманигорони арзанда Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ соли 1968 таъсис дода шуда, ҳар сол ба журналистон барои беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва таҳқиқотҳо дар самти ВАО тақдим мегардад.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шурӯъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” (соли 1912) таҷлил карда мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ 367 рӯзнома (107 давлатӣ ва 260 ғайридавлатӣ);  239 маҷалла (110 давлатӣ ва 129 ғайридавлатӣ); 34 шабакаи телевизионӣ (8 давлатӣ ва 26 ғайридавлатӣ); 30 радио (6 давлатӣ ва 24 ғайридавлатӣ); 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ) ва 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунанд.

https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190311/zhurnaliston-107-solagii-matbuoti-toikro-ashn-megirand


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима