Буҳрони матбуоти тоҷик
     TJ RU EN
12:03 / 2024-11-16

Буҳрони матбуоти тоҷик

сукут, норасоии кадр ва чанд пешниҳод ба Ҳукумат

11 март Рӯзи матбуоти тоҷик аст. Матбуоти тоҷик 107 сол боз роҳи пуршарафу душворро тай карда, марҳилаҳои мухталифро пушти сар кард. Дар шароити кунунӣ, ки фановариҳои техникӣ рушд карда, барои омода намудани нашрияи ҷолибу баландсифат тамоми имконият мавҷуд аст, аммо вазъи матбуоти мо хеле нигаронкунанда ва ҳузнангез боқӣ мондааст. Танҳо дар 5 соли охир чандин нашрияи мустақил ва маъруф бо сабабҳои мухталиф қатъи фаъолият карда, айни замон теъдоди нашри рӯзномаҳои кишвар аз 500 то 5000 аст. Дар арафи Рӯзи матбуот коромӯзи “Тоҷикистон”  Ширин Иноятова дар мавриди вазъи феълии матбуоти тоҷик ва роҳҳои баровардани он аз бунбаст бо коршиносон ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

Абдусаттор Нуралиев,

профессори Донишгоҳи  славянии Тоҷикистону Росия:

-Имрӯз матбуоти мо дар баробари муваффақиятҳои худ  дар сатҳи  миёна қарор дорад.  Матбуоти тоҷик на ҳамеша вазъ ва масъалаҳои умумии ҷумҳуриро инъикос карда метавонад.  Дар матбуоти мо қариб ки маводи таҳлилӣ ба назар намерасад.   Матбуоти мо ҳоло ҳам ҳафтаина ҳастанд. Ба ғайр аз  «Ҷумҳурият» дигар  рӯзномаҳое, ки ҳафтае як маротиба чоп мешаванд,  ҷараёни навигариҳои рӯзро ҳамон рӯз муаррифӣ карда наметавонанд. Дар ҳоле, ки ин имкониятро дигар давлатҳо доранд ва аз рӯйи нишондод хеле матбуоти онҳо пеш рафтааст. Мушкилии асосӣ дар ин самт, пеш аз ҳама,  дар он ба назар мерасад, ки кадрҳои журналистие, ки дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил мекунанд, на ҳамаашон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ҳастанд. Инчунин, сатҳи дониши донишҷӯёни факултетҳои журналистика мувофиқи талаботи расонаҳо нест. Ин омил ҳам яке аз мушкилоти пеш нарафтани матбуоти тоҷик аст. Сабаби ин ба кори амалии матбуот мувофиқ набудани таҳсил дар донишгоҳҳои мо аст. Барои  мисол, дар Германия, Фаронса ва аксари кишварҳои мутараққӣ 30-40 фоизи дарсҳоро амалӣ мегузаранд.  Барои ин ВАО бояд бо  муассисаҳои олии кишвар ҳамкории хуб дошта бошанд.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси   ТҶ «Журналист»:

— Вазъи матбуоти даврии мо дар шароити имрӯз назар ба солҳои пешин хеле бад аст. Агар вазъи феълии матбуотро ба  5 соли пеш муқоиса кунем, аз ҷиҳати теъдод ва аз ҷиҳати мундариҷаву  муҳтаво матбуоти даврии мо қафо рафтааст. Албатта, ва нашрияҳои расмӣ  ё матбуоти тобеи мақомоти давлатӣ, ки аз тариқи буҷет маблағгузорӣ мешаванд, муътадил аст, вале нашрияҳои ғайриҳукуматӣ ё ба истилоҳ нашрияҳои мустақили мо вазъи ногувор доранд. Нашрияҳои мустақили мо имрӯз бо як илоҷ ва мушкилӣ маблағ пайдо мекунанд. Агар гӯем, ки реклама ҳамчун манбаи асоси маблағпайдокунӣ бошад, имрӯз нашрияҳои ғайриҳукуматии мо ба ин манбаъ ҳам дастрасӣ надоранд. Рекламадиҳандагони нашрияҳои мо танҳо ширкатҳои мобилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ  ҳастанд, ки ин нишондиҳандаи рушд накардани тиҷорат ва саноат дар кишвари мост.  Дар чунин маврид бояд Ҳукумат нашрияҳои  ғайримустақилро дастгирӣ  кунад. Гарчанде, дастгирии Ҳукумат ба нашрияҳои ғайримустақил  дар моддаи 5-и  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори  омма»  оварда шуда бошад ҳам, мутаассифона, он дар амал татбиқ намешавад. Албатта, вазъи иқтисодии нашрияҳо аз идоракунандагон  ва менеджерҳо ҳам вобаста аст. Айни замон нашрияҳои маҳаллии мо низ вазъи ногувор доранд ва ҳатто ба номаш фаъолият мекунанд. Ин мушкилоте аст, ки бояд атрофи ин андеша намоем ва роҳҳои рушди матбуоти мустақил ва ноҳиявию ҳизбиро пайдо кунем.

Шаҳло Акобирова , раиси Шӯрои ВАО:

-Аз фановариҳои ҷадиде, ки дар соҳаи журналистика  ва  матбуоти имрӯзаи ҷаҳон рух дода истодааст, мутаассифона, матбуоти тоҷик хеле ақиб мондааст.  Айни замон ҳаттто функсияи кори рӯзноманигор, ки қаблан расонидани иттилоъ буд, тағйир ёфтааст.  Аммо мо ҳамоно домани журналистикаи суннатиро раҳо карданӣ нестем. Ҳатто нафароне, ки бевосита идораи ВАО- ро соҳибӣ мекунанд, ба тағйир ёфтан ва омӯхтан омода нестанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳамасола ҳатман ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони ВАО-и пешқадами дунё аз курсҳои мухталифи омӯзишӣ мегузаранд. Аммо дар мо наметавонанд, ҳатто нашрияи чопкардаи худро ба хонанда расонанд. Барои рушди матбуоти тоҷик, новобаста аз давлативу ғайридавлатӣ буданашон бояд як стратегияи рушди матбуот аз ҷониби Ҳукумат таҳия шавад.

Сангин Гулов, устоди факултети журналистикаи ДМТ:

— Яке аз проблемаҳое, ки имрӯз дар пешорӯйи матбуоти мо истодааст, кадри баландихтисос мебошад. Бо вуҷуди он ки  қариб даҳ муассисаи таҳсилоти  олии касбӣ дар Тоҷикистон барои ВАО мутахассис омода мекунад, ҳанӯз ҳам сатҳи тайёр кардани кадрҳои журналистӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Зеро ВАО рӯз то  рӯз рушд мекунад ва кадрҳое,  ки мо ба истеҳсолот мефиристонем, ба талаботи амалии журналистика мутобиқат карда наметавонанд. Яке аз роҳҳои муассири  ҳал кардани ин мушкилот  фаъолияти якҷояи  ҳамаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  бо идораи ВАО аст.  Мушкилоти дигари матбуоти мо, ки солиёни зиёдест роҳи ҳалли худро намеёбад, ин расондани нашрияҳо ба манотиқи дурдасти кишвар аст. Гарчанде  имрӯз мо соҳиби  рӯзнома ҳам шудем, нашрияҳои мо бештар дар марказ паҳн мешаванд ва ба ноҳияҳо баъди як ё ду ҳафта мерасанд, ки ин саривақтии матолиби онҳо ва аҳамияташонро гум мекунад. Мақомоти дахлдор ва Ҳукумати кишвар бояд болои ин мушкилот ҷиддӣ андеша кунад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ:

-Вазъи матбуоти тоҷик боиси нигаронӣ аст, ин ҳолат ба омилҳои гуногун рабт дорад. Аз ин лиҳоз, матбуоти кишвар рисолати аслии худро дар ҷомеа ба таври мукаммал иҷро карда наметавонад. Мушкилоти молӣ гиребонгири расона буда, рӯзноманигорон аз дастрасӣ ба иттилооти расмӣ шикоят доранд. Дар фаъолияти расонаҳо ва муносибати мақомоти давлатӣ бо онҳо таҳаммулпазирӣ муроот намешавад. Бинобар кӯшишҳои таҳти контрол (назорат) гирифтани фаъолияти расонаҳо ва боло рафтани сатҳи худсенсурӣ фазо барои гуногунақоидӣ (плюрализм) танг шудааст. Барои аз буҳрон берун овардани матбуот, аввалан, барномаи мушаххаси кумак ба ВАО, сарфи назар аз шакли моликияташон лозим аст. Ҳамзамон ин барнома набояд  мустақилияти идоравии расонаҳоро маҳдуд намояд. Сониян, расонаҳо барои беҳтар намудани муҳтавояшон дар самти журналистикаи босифат бештар иқдом кунанд. Дар ин самт баланд бардоштани саволи расонаии муштариён низ муҳим аст.

Гавҳар Умарова, профессори кафедраи журналистикаи ДДСФТ ба номи М. Турсунзода:

-Матбуоти мо айни замон чанд дастовард ва дар баробари ин чанд мушкилот дорад. Яке аз дастовардҳои муҳим аз лиҳози техникӣ таъмин будани онҳост. Бинобар ин,  сифати нашр низ баланд аст. Мушкили асосӣ бошад, надоштани хонанда аст, зеро интернет бозори матбуоти моро то андозае сард кард. Аз ин сабаб, нашрияҳои мо куштору таҷовуз ва матолиби ғайриахлоқиро бештар дар саҳифаҳо ҷой дода, аз ин мавзӯъҳо сенсатсия месозанд, ки ин боиси нигаронист. Бояд роҳҳои нави рақобатро дар бозор пайдо кард ва сифати матолиби нашрияҳоро баланд бардошт, ки ин ба фоидаи мардум бошад.

Носирҷон Маъмурзода, устоди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

-Матбуоти тоҷик имрӯз чанд мушкил дорад:

1. Мавҷуд набудани рақобати эҷодӣ ва журналистони ҳирфаӣ, надонистани усулҳои мудерн ва муассири пешниҳоди иттилоъ ва ба кор набурдани унсурҳои ҷолибсозии мавод;

2. Буҷети  кофӣ надоранд, аз ин рӯ, мунтазам (ҳафтае ақаллан як маротиба) ба чоп намерасанд (ба истиснои якчанд нашрияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ).

3. Обуна, тиражи кам. Сардабирони нашрияҳои ноҳиявӣ мегӯянд, ки азбаски нашрияҳои расмии ҷумҳуриявӣ ҳар сол қимати обуна ва теъдоди нашри худро зиёд ба нақша мегиранд, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то ба анҷом расонидани нақшаи обунаи нашрияҳои марказӣ, ба нашрияҳои ноҳиявӣ таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намекунанд.  Дар соли 2019 теъдоди нашри аксари нашрияҳои маҳаллӣ дар қиёс бо соли гузашта коҳиш ёфт. Масалан, дар ноҳияи Кӯшониён, ки беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад, нашрияи ноҳиявии “Кӯшониён” бо теъдоди камтар аз 500 нусха ба чоп мерасад.

4. Маоши ками кормандони эҷодӣ (ба ҳисоби миёна аз 450 то 700 сомонӣ).

5. Қисмате аз кормандони нашрияҳо, ҳатто сармуҳаррирон, ихтисосманди соҳаи журналистика нестанд ва бо меъёрҳо ва принсипҳои фаъолияти касбӣ ошно намебошанд.

Моҳира Мирзоева, профессор, устоди ДМТ:

— Ман дар мавриди забони матбуоти кишвар, ки айни замон махлут ва ба меъёр на ҳамеша ҷавобгӯ аст, чанд нуктаро гуфта мегузарам. Дар марҳилаи кунунии инкишофи забони тоҷикӣ матбуот дар қатори радио ва телевизион барандаи асосии он ба ҳисоб меравад. Тамоми навигариҳое, ки баробари тараққиёти ҷамъият ба вуҷуд меояд, дар саҳифаҳои матбуот инъикос мегардад ва ин тағйирот боиси ба таркиби луғавии забон ворид гардидани калимаҳои нав ва таҳаввули луғавии он мегардад. Ин ҷиҳат масъулияти аҳли матбуотро меафзояд, зеро он метавонад, ҳам нақши мусбат ва ҳам манфӣ бозад. Ҷиҳати мусбати он дар бой гардонидани таркиби луғавӣ ва таҳаввули сохти грамматикии забон зоҳир гардад, ҷиҳати манфии он дар маводи тарҷумавӣ ва ё медиаматнҳое, ки журналистони мо онро таҳия менамоянд, мушоҳида мешавад, чунки онҳо хабарҳои ҷаҳонро аз шабакаи ҷаҳонии Интернет ва агентиҳои иттилоотӣ дастрас менамоянд. Азбаски аксари ин матнҳо ба забони русӣ таҳия гардидаанд, ба аудиторияи тоҷикзабон онҳоро тарҷума ва пешниҳод кардан лозим меояд. Табиист, ки дар ҷараёни тарҷума  воҳидҳои ду забон на ҳамеша ба ҳам мувофиқ меоянд. Аз ин рӯ, ҳангоми баргардонидан табиати забони тоҷикӣ бояд ба назар гирифта шавад.  Ин ҷанбаро  журналистони мо бояд ба эътибор гиранд, то баъзе қолабҳои сунъии ибораву ҷумлаҳо ба  забон роҳ наёбад.

Каримбой Комилов, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров:

-Дар замони истиқлол баробари таҷдиди вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, мазмуну мундариҷаи нашрияҳои кишвар низ тағйирот дида, беҳтар шудааст. Аммо вазъ ва шароити кории нашрияҳо дар замони муосир аз вазъи иқтисодиву молиявии онҳо вобаста аст, ки он қариб дар ҳамаи нашрияҳои кишвар боиси нигаронӣ аст. Нашрияҳо аз нарасидани маблағ сахт танқисӣ мекашанд. Ҳарчанд нашрияҳои давлатӣ ёрдампулии буҷетӣ мегиранд, лекин он чандон зиёд нест ва харҷро пӯшида наметавонад. Вазъияти иқтисодиву молиявии нашрияҳои маҳаллӣ боз ҳам вазнинтар аст.

http://taj.nansmit.tj/wp-admin/post-new.php


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима