Зафари Сӯфӣ: Гоҳ ҷосуси Узбекистон ва гоҳ зархариди Эрон мегуфтанд...
     TJ RU EN
04:35 / 2024-12-20

Зафари Сӯфӣ: Гоҳ ҷосуси Узбекистон ва гоҳ зархариди Эрон мегуфтанд...

Зафари Суфӣ, раҳбари гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” мегӯяд, феълан ба яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдааст.

Ҳафтанома ва сомонаи “Озодагон” дар Тоҷикистон, ки Зафари Суфӣ, рӯзноманигори шинохта муассиси онҳо буд, баста шуданд. Нашрияи “Озодагон” баъди наздики 12 соли фаъолияташ моҳи январи имсол ва сомонаи хабарӣ баъди 7 сол охири соли 2017 аз фаъолият монд. Ҳафтанома ва сомонаи “Озодагон” дар майдони матбуоти мустақили Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дошт.

Талошҳои Зафари Суфӣ барои роҳандозии телевизион бо забони тоҷикӣ дар Қирғизистон низ ноком буд. Чаро? Муассиси гурӯҳи расонаҳои “Озодагон”, ки дар гузашта ин мавзӯъро шарҳ надода буд, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баъзе тафсилотро баён кард.

Фишор, “чатри наҷот” ва бастани “Озодагон”

Радиои Озодӣ: Мушкил чӣ буд, ки гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” дар Тоҷикистон ба дунболи ҳам корашонро қатъ карданд?

Зафари Сӯфӣ: Аз касе пӯшида нест, ки ҳамаи расонаҳои кишвар тайи панҷ шаш соли ахир дар як вазъи бӯҳронӣ қарор доштанду доранд. Ин бӯҳронро аз чанд ҷанбаъ мешавад баррасӣ кард. Аввалан аз нигоҳи як хабарнигори оддӣ бӯҳронро баррасӣ кунем. Мутаассифона, дарёфти иттилоъ, тасдиқи хабар аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ё шахсиятҳои калидӣ, ки ба иттилоъ асаргузор буданд, душвор шуд. Дарҳо ба рӯйи рӯзноманигорон баста шуд. Хабар ба навъе дар инҳисори бархе ниҳодҳои хабарпарокании давлатӣ қарор дода шуд. Табиист, ки ин вазъ ба мӯҳтавои матлаб таъсиргузор аст. Расонаҳо эътимоди хонандаро аз даст доданд. Агар аз дидгоҳи муассис нигоҳ кунем, бархӯрд ба расонаи мустақил дар кишвар, мисли бархӯрд бо душман буд. Аз соли 2007 вақте аввалин шумораи “Озодагон” нашр шуд, тамоми талошамонро кардем, ки мустақил бошад. Аммо аз соли 2010 расона ба унвони як “душман” шинохта шуд. Бархӯрдҳои бадхоҳонае, ки нисбати “Озодагон” вуҷуд дошт, барои фаъолияти тиҷҷорӣ роҳро баста буд. Ҳар ҷое барои гирифтани паёми бозаргонӣ мерафтем, мегуфтанд, ки “моро аз ҳамкорӣ бо шумо манъ кардаанд”. Тамоми талошамонро кардем, ки гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” мустақил бошад ва аз ҳич касу ҳеч гурӯҳе пуштибон набошад. Беғаразона фаъолият кунад, ҳамчуноне, ки қонун мегӯяд. Мутаассифона, кӯчактарин матлабҳое, ки нашр мешуд, моро даъват мекарданд ва меомаданд ба сари мо. Ба хотире, ки бардоштҳо дигар нашавад ва вазъ бадтар нашавад, фишорҳоро расонаӣ намекардем, эътироз намекардем. Фишор воқеан ба ҳади ногуфтанӣ буд ва ман маҷбур шудам, ки аз соли 2014 аз кишвар берун равам. Бисёр аз матлабҳое, ки бачаҳо нашр мекарданд ва норозигиеро ба бор меовард, масъулияташро ба дӯши ман мегузоштанд. Ё агар матолиби “фабрикаи ҷавоб”-ро меоварданд, ки дар “Озодагон” нашр шавад, мегуфтанд, ки “шумо бо муассис ҳамоҳанг кунед”. Аз ҳамин рӯ, дар хориҷ қарор доштанам, як муддат барои то ҳудуде озодона фаъолият кардани бачаҳо мисли “чатри наҷот” кӯмак кард. Ҳамаро бар дӯши ман вомегузоштанд. Матлабе, ки боиси норизоият мешуд, мегуфтанд, ки ӯ дар сомона гузоштааст ва ё иҷозаи нашр дар ҳафтанома додааст. Аз як тараф таҳти фишор, аз тарафи дигар фаъолиятҳои иқтисодии моро қатъ карда буданд ва гаштугузори ман берун аз Тоҷикистон таҳти назар буд.

Ҳар ҷое сафар мекардам, дар фурудгоҳҳои хориҷ аз кишвар як ё якуним соат бо ҳар баҳона бозҷӯӣ мешудам. Ростӣ, гаштугузори ман барои тиҷорат душвор шуд. Ин мушкил дар фурудгоҳ бештар бастагӣ дошт ба таъсиси телевизион дар Қирғизистон. Бастани сомона ба он марбут буд, ки ҳудуди шаш моҳ хонаводаам дар Тоҷикистон мисли гаравгон буд. Духтарамро дар донишгоҳ азият карданд. Писарам, ки донишомӯз буд, бо мудири мактабаш сӯҳбат карданд, бо ҳамсинфонаш сӯҳбат карданд ва як фазое ба вуҷуд оварданд, ки латмаи равонӣ хурд. Ба хотири онҳо, фаъолияти “Озодагон”-ро дар Тоҷикистон қатъ кардам. Мо ин фишорҳоро расонаӣ накардем. Ҳамон замоне, ки “Озодагон” фаъоляиташро қатъ кард, гуё бо сабаби молӣ, лекин ин воқеият надорад. Ҳеҷ мушкили молӣ надоштем. Ҳамон замон бо чандсад ҳазор доллар дар Русия моликият харида будам.

“Мехоҳед роҳат бошед, расонаатонро бубандед”

Радиои Озодӣ: Яъне ба шумо ошкор гуфтанд, ки расонаҳоятонро дар Тоҷикистон бубандед?

Зафари Сӯфӣ

14 июли соли 1964 дар деҳаи Демирсади ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Соли 1981 мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Фирдавсиро ба поён расонда, ҳамон сол донишомӯзи бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуд. Соли 1986 соҳиби диплом шуд. Дар ин миён, шаш моҳ дар Донишгоҳи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) низ таҳсил кард. Охири соли 1987 ба Душанбе рафта солҳои баъдӣ дар Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, Театри лӯхтак, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва «Садои Хуросон» фаъолият кардааст. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» ва “Хабаргузории Озодагон” аст. Навиштаҳояш аз соли 1982 дар расонаҳои хабарӣ чоп мешаванд. Муаллифи китобҳои ашъори «Наҷво» (1991), «Пажвоки дардҳои гунг» (2000) «Пушти пардаи пиндор» (2003) ва «Садои сукут» (2006) аст, ки дар Душанбе, Теҳрон ва Машҳад интишор ёфтаанд. Дар бахши тарҷума низ корҳое анҷом додааст, ки намунаи он ду филми бадеӣ ва чанд намоишнома мебошад, ки бархе аз онҳо то ҳол дар Театри лӯхтаки пойтахт ба намоиш гузошта мешаванд. Чанд шеъри шоири латиш Имант Зиёдонис ва шоирони ӯзбак Рауф Парфӣ ва Муҳаммад Солеҳро ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, литвонӣ, фаронсавӣ ва инглисӣ баргардон ва чоп шудааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ мебошад. Аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Зафари Сӯфӣ: Ба ҳар тариқе мерасониданд, ки мо бояд фаъолиятамонро қатъ кунем. Ишора ин буд, ки мо бояд худамон корамонро қатъ кунем. Аз соли 2011 соле набуд, ки чандин бор моро додситонӣ даъват накунад, маъмурони амниятӣ даъват накунанд. Баҳсҳои додгоҳӣ низ доштем, ки намехостем расонаӣ шаванд. Бо як масъули баландпояи Кумитаи давлатии амният низ сӯҳбат доштам. Гуфтам, ҳар вақте шумо собит кунед, ки мо ба амнияти кишвар хатар дорем, мо аз хонандаҳо узр мепурсем ва корамонро қатъ мекунем. Ҳеч далел надоштанд, вале аз интиқод қаҳрашон меомад. Дар ниҳоят ошкор гуфтанд, ки агар мехоҳед, роҳат бошед, расонаатонро бубандед. Пас аз шаш моҳи баста шудани сомонаи “Озодагон” хонаводаам аз кишвар берун шуда тавонист. Он ҳам бо хеле сахтиҳо. Албатта, дар ниҳодҳои Тоҷикистон инсонҳои хубу касбӣ зиёданд ва бардошт набояд ин бошад, ки дар ҳама ниҳодҳои Тоҷикистон инсонҳои нохуб кор мекунанд. Мақомот ҳамеша ба матлабҳо аз дидгоҳи худ нигоҳ мекарданд. Пушти ҳар матлаб кадом ҳадаферо ҷустуҷӯ мекарданд. Дар асл ин тавр нест. Хабарнигороне, ки ман мешиносам, мутмаинам, ки ҳеҷ гоҳ зидди миллат чизе нашр намекунанд. Онҳо вазифаи касбиашонро иҷро мекунанд. Сӯҳбатҳое, ки доштам, гуфтам, “биёед шумо ба унвони як коршиноси расона ба матлабҳо нигоҳ кунед, на ин ки аз дидгоҳи як корманди амният”. Гуфтам, “шояд шумо иттилооте доред, ки хабарнигор намедонад. Шумо пушти хабарро медонед, ки масалан, фалон нафар барои чӣ боздошт шудааст ва нашри хабари он чӣ таъсир дорад, лекин журналист ба ҷуз ёфтани хабару нашри он дигар паҳлӯе, ки шумо фикр мекунед, фикр намекунад. Ҳоло агар иштибоҳи ҳукуматро танқид мекунад, ин душманӣ нест”. Аммо амалан ин гуфтаҳои мо дар ҳаво монданд ва ҳеч таваҷҷӯҳе ба он нашуд. Ба назар мерасад, дар кишвар, тайи панҷ соли ахир, Кумитаи амният дар ҳама ниҳод ҳама корро анҷом медиҳад. Фикр накунам, ки ин кори хуб бошад. Албатта, дар бисёр ҳолат хуб аст, ки амниятро таъмин мекунанд, вале таъсиргузориву маҳдудият бар зарар аст.

Ихроҷ аз Қирғистон

Радиои Озодӣ: Шумо барои таъсиси телевизиони моҳвораӣ Қирғизистонро интихоб карда будед. Фазои ин кишвар бозтар ба назар мерасад. Чаро он ҷо кори телевизионро роҳандозӣ накардед?

Зафари Сӯфӣ: Телевизиони СНТ, ки дар Қирғизистон сабти ном кардем, ҳама муҷаввизҳои лозим барои пахшро дошт. Як моҳ бо намояндагии ширкати моҳвораии фаронсавӣ, ки дар Қирғизистон дар назди ниҳоди давлатие ба кор сар карда буд, ҳамкорӣ кардем. Як моҳ соли 2015 ба таври озмоишӣ барнома пахш кардем. Барои овардани таҷҳизоти изофӣ аз тариқи Туркия Дубай рафтам, аз Дубай пайдо нашуд. Аз он ҷо рафтам Эрон ва аз тариқи Туркия ба Бишкек баргаштам. Ҳанӯз дар Дубай будам, ки ҳамкоронам гуфтанд, ширкати масъули моҳвора мактуб овардааст, ки дигар бо далели фаннӣ бо мо ҳамкорӣ намекунад. Вақте Бишкек омадам, марзбонӣ аз дохили фурудгоҳ иҷоза надоданд, ки вориди Қирғизистон шавам. 18 соат дар фурудгоҳ мондам ва гуфтанд, ки бояд ихроҷ шавед. Маро ба Қазоқистон депорт карданд. Бо ҳамин вурудам ба Қирғизистон манъ шуд. Баъдан, аз роҳҳое ба мо гуфтанд, ки аз кишварашон хеле талош шуд, ки то ӯро роҳ надиҳем. Дар Душанбе бо дӯстон дар мақомот сӯҳбат карда будам. Гуфта будам, ки ин телевизиони фарҳангӣ ҳаст. Мо аз ин роҳ мехостем, паёми бозаргонӣ ҷалб кунем. Дар як кишвари бегона намехостем, ки телевизиони сиёсӣ таъсис диҳем. Ин ҳам бо таваҷҷӯҳ ба вазъе, ки дар кишвар буд. Баъдан, дар телевизиони сиёсӣ кам касе ҳозир мешавад, ки реклама диҳад. Мо риск карданӣ набудем. Чандин ҳазор доллар маблағ сарф кардем, вале бо як тасмим ҳама барбод рафт. Вақте дар Қирғизистон нестам, дигар коре аз дастам наомад, ба додгоҳ муроҷиат карда натавонистам. Мо ду студия сохта будем, дурбинҳои наворбардорӣ харида будем, ки пули андаке набуд. Бисёриҳоро бо нархи арзон фурӯхтем. Зарари калони молиявӣ дидем.

“Ҷосуси Узбекистон ва зархариди Эрон”

Радиои Озодӣ: Пас аз нашри чанд назар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, афроде, ки шахсияташон ноошно ҳаст, бо навиштани шарҳҳои зиёд шуморо “ҷосусу зархариди Эрон” унвон карданд. Ин иддао аз куҷо сарчамша мегирад?

Зафари Сӯфӣ: Чанд сол дар “Садои Хуросон” дар Эрон кор кардам ва ҳамзамон он ҷо тиҷорат доштам. Тиҷорати мо муввафақ ҳам буд. Аввал, замоне, ки муносибат бо Эрон хуб буд, бо дарназардошти маҳали таваллудам дар Узбакистон маро ҷосуси ин кишвар медонистанд. Сӯҳбате бо Тураҷонзода нашр кардем, гуфтанд, ки сармоягузораш ӯ ҳаст, ду матлаб дар бораи як мансабдор навиштем, дасти ишора сӯи ӯ шуд. Баъдан, ба Эрон ва Русия часпонданд. Он замон муносибати Эрону Узбакистон хуб набуд. Гуфтам, ки “чӣ хел ман ҷосуси ин ду кишвар буда метавонам?” Ин ки дар Эрон кор кардам ва Эронро дӯст медорам, чизи пинҳонӣ нест. Эрон ватани ман аст. Ман ба эрони охундӣ кор надоштам. Эрон ватани фарҳангии ман аст. Ҳамон тавре, ки Хатлону Бадахшону Суғду Бухорову Самарқанду Кобулу Тошканд азиз аст. Дӯстдоштани Эрони таърихӣ чӣ мушкил дорад? Ман ба режими ин кишвар кор надорам. Режимҳо меоянд ва мераванд, вале хок ва мардум аст, ки мемонад. Агар дар Тоҷикистон як зарра далел медоштанд, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳ ё афрод ва ё кишваре фаъолият мекунам, каппаи маро оташ зада буданд. Фақат иттиҳоми бедалел мезаданду мезананд.

Радиои Озодӣ: Чунин ба назар мерасад, ки мақомот бештар ба сарчашмаи маблағгузории гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” шубҳа доштанд.

Зафари Сӯфӣ: Дар бардошти бархе мансабдорон ва ниҳодҳо як фарҳанги баде шакл гирифтааст, ки агар касе коре кард, ҳатман пушти он чизе ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳатман фикр мекунад, ки бо кадом ҳадафи хос коре мекунад. Борҳо санаду ҳуҷҷатҳои соҳибкориамро пешниҳод кардам, ки ин қадар пул аз фалон тиҷорат дорам. Борҳо сӯҳбат кардам ва онҳо то ҷое мутмаин шуданд, ки ин маблағҳои худи ман ҳастанд. Вале, афсӯс, бовар ба садоқати дигарҳо надоранд ва ҳатман пушти саҳна касеро ҷустуҷӯ мекунанд. Фикр намекунанд, ки як нафар ҳам мехоҳад, иқдоме кунад. Як рӯзноманигор мехоҳад нашрия таъсис диҳад ва чанд ҳампешаашро ҷалб кардаву бо ҳам кор мекунанд. Ҳадафи ҳирфаӣ ва ниёзҳои маънавӣ ва равонӣ ба ҷои худаш, гирем ин кор ба хотири тиҷорат бошад. Вале ҳатман аҳдофи дигар меҷӯянду ҳар қадамро зери заррабин қарор медиҳанд. Мо бештар дунболи тиҷорат будем ва агар мегузоштанд, ки озод кор мекардем, ҳатман худкифо мешудем.

Радиои Озодӣ: Замоне, ки шумо “Озодагон”-ро таъсис додед, овоне буд, ки матбуот андозае озод буд. Ба андешаи шумо чаро журналистон натавонистанд ин фазоро ҳифз кунанд. Ба хусус худи шумо, дар таҷрибаатон чаро чунин корро накардед?

Зафари Сӯфӣ: Талош ҳамеша буд. Воқеан, замоне, ки “Озодагон” таъсис ёфт, то андозае фазо боз буд. Пас аз баста шудани нашрияҳои “Рӯзи нав” ва “Нерӯи сухан” дар соли 2003-2004, расонаҳое мисли “Фараж”, “Миллат”, “Нигоҳ” ва “СССР” роҳро боз карда буданд. То соли 2012-13 фазо то ҷое озод буд. Баъдан, барои ҳар матлаб хабарнигоронро ба ҳар ниҳод даъват карданд, пурсиданд. Дигар худсонсурӣ пайдо шуд. Пеш аз оне, ки чизе нависад, фикр мекунад, ки боз нашавад, ки барои ин матлаб маро даъват кунанд. Ба ҳамин хотир худсонсурӣ боло рафт. Гузашта аз ин ҳама, фазои иттилоотии озодро ҳар хабарнигор мехоҳад. Мутаассифона, нигоҳ доштани он дар ихтиёри расонаҳо ва хабарнигорон набуду нест. Баъди соли 2015 фазои иттилоотии кишварро баста нигоҳ медоранд. Кош, аз ин манфиате барои миллату кишвар мебуд. Мутаассифона, ба ҷуз дар феҳристҳои байналмилалӣ дар мавриди озодии баён зинаҳои поёнро гирифтан ҳеч суде ҳосил нест. Мо дар ин ҷиҳат ҷойгузини Узбакистон дар солҳои ҳукумати Каримов мешавем. Ислоҳоте, ки Мирзиёев роҳандозӣ карду дасти ниҳодҳои амниятиро аз дахолат дар ҳамаи корҳо кутоҳ кард, натиҷаҳои дилхоҳ додаву медиҳад. Ҳамин як сафари охираш ба Олмон нишон дод, ки то чӣ ҳад кишварҳои пуштибони демократия ва усули риояи озодиҳои инсонҳо ба Узбакистон комилан бо дидгоҳи нав ва бо эътимод нигоҳ мекунанд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Аврупо қарор доред. Барномаҳои баъдии зиндагиву корро чӣ гуна мебинед?

Зафари Сӯфӣ: Албатта, феълан ин чо хастем ва умедворам муваққатан ҳам ҳаст будани мо дар Аврупо. Тасмим дорам, хабаргузории "Озодагон"-ро ба забони тоҷикӣ дар наздиктарин фурсат фаъол кунам. Хабаргузории "Озодагон" ҳамин ҳоло ба забони русӣ фаъол аст ва баъди чанд моҳи таъсисаш ниҳодҳои масъул дарвозаи онро ба рӯи хонандагон дар Тоҷикистон қуфл карданд ва то ҳанӯз бастааст. Аммо дар дигар ҷойҳо хонандагони худро дорад. Ҳамчунин тарҳҳои дигари расонаӣ, ки ба ҳар далеле нагузоштанд фаъол кунем, дубора дунболи фаъол карданаш мешавем.

https://www.ozodi.org/a/exclusive-interview-zafari-sufi-/29740325.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима