Журнализм дар Тоҷикистон хатарноктар мешавад? ВИДЕО
     TJ RU EN
01:18 / 2024-12-21

Журнализм дар Тоҷикистон хатарноктар мешавад? ВИДЕО

Хабарнигорони тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 3-уми май дар як нишасте бахшида ба Рӯзи озодии баён, бо як лаҳзаи сукут, ёди 8 хабарнигореро гиромӣ доштанд, ки рӯзи 30-уми апрел дар шаҳри Кобул кушта шуданд.

Дар натиҷаи ин бомбгузории маргталабона аз ҷумла ду хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам ҷон доданд. Ба гуфтаи ҳозирони нишаст бо номи “Озодии сухан: Имкониятҳо ва дурнамоҳо дар минтақа”, фоҷиаи ахир, нишондиҳандаи возеҳи хатарнок будани кори журналистон аст, ки мехоҳанд, ҷомеаро аз воқеиятҳои рӯз огаҳ кунанд.

Дар ин ҳамоиши минтақавӣ дар Душанбе ҳамчунин гуфта шуд, ки фаъолияти хабарнигорон на танҳо дар Афғонистон ҷангзада, балки дар кишварҳои ороми минтақа аз ҷумла Тоҷикистон ҳам хатарноку мушкилтар мешавад. Ба гуфтаи ширкатдорони нишаст дар сахту хатарнок шудани кори нақши ҳукумат низ кам нест

Журналистон аз Тоҷикистон мегурезанд

Нуралӣ Давлат, яке аз ҳозирони нишаст ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, ки дар нишаст ширкат дошт, мегӯяд, монеаҳое, ки сари роҳи фаъолияти хабарнигорон гузоштаанд, доираи фаъолияти онҳоро танг ва озодии баён дар Тоҷикистон маҳдудтар кардааст.

“Ду соли ахир мушкилот дар кори хабарнигорон бештар шудааст. Дар канори худсонсурӣ дастрасии хабарнигорон ба манбаи иттилоъ сахт маҳдуд шудааст. Ба далели бӯҳрони молӣ бархе аз нашрияҳо аз чоп монданд ва теъдоде аз хабарнигорони тоҷик тарки ватан карданду ба Ғарб рафтанд. Дар ин муддат теъдоди расонаҳо ба маротиб коҳиш ёфт” – гуфт Нуралӣ Давлатов.

Даъват барои ислоҳи вазъ

Кевин Коверт ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои беҳтар кардани фаъолияти хабарнигорон чора биандешанд.

“Мо ҳама дарк мекунем, ки бояд тадбирҳое барои беҳбуди кори расонаҳо рӯи даст гирифта шавад. Мутаассифона на ҳама ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд. Ҳатто агар дастрасӣ бошад, бисёриҳо забони англисиро балад нестанд. Бояд барномаҳоеро иҷро кард, ки хабарнигорони тоҷик тавонанд, бо ҳамтоёни худ дар кишварҳои хориҷӣ иртиботи бештаре дошта бошанд ва аз тариқи онҳо бо роҳҳои пешниҳоди мавзӯъҳои доғ ошно шаванд” – гуфт, Кевин Коверт.

Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии озодии баён, то охири соли 2017 дар Тоҷикистон, чаҳор расонаи хабарии мустақил бо далелҳои мухталиф, аз ҷумла моливу сиёсӣ баста шуданд, 20 журналист тарки касб карданд. Аксарияташон гуфтаанд, ки гузоришҳои интиқодӣ ва фишор ба онҳо сабаб шудааст, ки аз ин рисолати муҳими худ даст бикашанд.

Хабарнигорони тоҷик ҳукуматро танқид карданд, ки аксаран амният, мубориза бо ифротгароиву терроризмро баҳона оварда, матбуоти мустақил ва танқидгарро саркӯб мекунад.

Иршод Сулаймонӣ, сармуҳаррири нашрияи “Озодагон” дар ин нишаст гуфтааст, ки “Таъмини амнияти давлату мардум вазифаи аслии ҳукумат аст, аммо ба ин васила набояд озодии баён, дастрасӣ ба иттилоъ ва ҳуқуқи журналистон нақз шавад.”

Ба гуфтаи хабарнигорон, бо маҳдуд кардани озодии баён, баръакс заминаҳо барои ноамнӣ ва эътирози хатарнок бештар мешавад. “Аслан ифротгароӣ аз замоне шурӯъ мешавад, ки зиндагии шахсро маҳдуд месозанд. Вақте фаъолияти касеро мақомот маҳдуд месозад, ин шахс ба ифротгароӣ рӯй меорад. Пешгирӣ аз аъмоли бад бо зӯроварӣ ҳаргиз натиҷаи хуб намедиҳад” - мегӯяд Абдумалик Қодиров.

"Мо кори баъзе расонаҳоро маҳдуд мекунем"

Аммо Масрур Абдуллозода, дастёри раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар нишаст ширкат дошт, таъриф кард, ки қонунҳои Тоҷикистон замони озодии баёнро додааст. Вай дар посух ба интиқоди созмонҳои ҳомии озодии баён, ки давлати Тоҷикистонро пайваста барои маҳдуд кардани фаъолияти журналистон танқид мекунанд:

“Мо танҳо нисбати бархе аз расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ, ки ақидаҳои ифротгароиву террористиро таблиғ мекунанд, чораҳои маҳдудсозӣ рӯи даст мегирем” – гуфт, ӯ.

Бисёре аз ҳозирони нишаст ҳамчунин бархӯрди мақомот бо хабарнигоронро танқид карданд, ки онҳоро як навъ “душман” меҳисобанд ва аз додани ҳаргуна иттилло худдорӣ мекунанд. Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ гуфтааст, “Дар баъзе аз ҳолатҳо марказҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ ба садди чинӣ табдил меёбанд, на ба бахши иртибот бо журналисту ҷомеа.”

Умед Бобохонов, муассиси хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, агар давлати Тоҷикистон мехоҳад дар ҳама ҷабҳаҳо пешрафтро бубинад, пас “Ҳукумат ва мақомоти давлатӣ бояд бо расонаҳо ҳамчу дӯсту ҳамкор муносибат намояд, онгоҳ дар ҳама бахшҳо пешрафтро интизор шудан мумкин аст.”

Мо дӯсту ҳамкорем, на каси дигар

Дар нишасти шаҳри Душанбе 150 хабарнигор ва намояндагони созмонҳо матбуотӣ аз Узбекистону Туркманистон ва Қирғизистону Қазоқистон ширкат карданд.

Айни замон дар Тоҷикистон бештар аз 370 нашрияи давлативу хусусӣ, 243 маҷалла ва 75 радиову телевизион ва 11 хабаргузор кор мекунанд. Аммо бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкори нуқсу камбудиҳои ҷомеа метарсанд ва аксаран ба тарғибу ташвиқи “дастовардҳои ҳукумат” машғуланд.

Бо назардошти ин ҳама созмони Гузоришгарони бидуни марз имсол Тоҷикистонро дар шохиси байналмилалии озодии баён дар байни 180 кишвар дар мақоми поёни 149-ум гузоштааст.​

https://www.ozodi.org/a/29206444.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима