Рӯзноманигорон бояд пешсафи мубориза алайҳи терроризм бошанд
     TJ RU EN
10:10 / 2024-12-20

Рӯзноманигорон бояд пешсафи мубориза алайҳи терроризм бошанд

Иқдомҳои ахири даҳшатафканӣ дар АфғонистонПокистон ва Мисру Яманки аз ҷониби намояндагони гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ анҷом мешавандбори дигар чеҳраи манфури ин падидаи шум ва тахрибгарро барои мо нишон медиҳад.

Иқдомҳои ахири даҳшатафканӣ дар Афғонистон, Покистон ва Мисру Яман, киаз ҷониби намояндагони гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ анҷом дода мешаванд, бори дигар че

Терроризм хатари умумӣ ва зараровар барои тамоми давлатҳо буда, мубориза алайҳи он масъулияти дастаҷамъона ва муштараки кишварҳои узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Дар ин мубориза нақши рӯзноманигорон, ки ба ВАО дастрасии мустақим доранд, бисёр муҳим ва муассир буда дар пешгирӣ ва саркуби тероризм на камтар аз амалиёти мусаллаҳона таъсир дорад.

Таҳлилҳои ҷомеашиносон ва мушоҳидаҳои ахир собит месозанд, ки сабаби гароиш ба терроризму ифротгароӣ гумроҳӣ ва сатҳи пойини саводи диниву дунявӣ аст. Вазифаи ВАО ҳам бохабар сохтани мардум аз ҳодисаву равандҳои ҷомеа аст. Аз ин ваҷҳ рӯзноманигорон бо огоҳ сохтани баҳангоми ҷомеа метавонанд дар ҷиҳати пешгирии тероризм саҳим бошанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзноманигорони шуҷоъу далери кишвари мо низ, ҳанӯз аз оғози зуҳури падидаи терроризм ва пайдо шудани гуруҳҳои тундраву ифротгаро тавонистанд муборизаро оғоз намоянд ва чеҳраи аслии ин гуруҳҳо ва мақсади нопокашонро ба мардум нишон бидиҳанд ва аз ин тариқ дар пешгирӣ аз шомил шудани ҷавонони кишвар ба ин равияҳо асаргузор бошанд.

Огоҳ сохтани мардум ва хонаводаву наздикони террористон аз мизони хатар ва таҳдидҳои фаъолиятҳои ҳаросафканӣ, гумроҳ будани онҳо ва паёмадҳои роҳи интихобкардаашон вазифаи имрӯзии ВАО ва ҳар фарди рӯзноманигор аст.

http://www.faraj.tj/khabari-ruz123/item/3019-r-znomanigoron-boyad-peshsafi-muboriza-alaj-i-terrorizm-boshand.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима