Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ
     TJ RU EN
08:42 / 2024-11-16

Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Конфронси илмӣ-амали вилоятии таҳти унвони «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” бо ширкати васеъи хабарнигорон, сармуҳаррони ҳафтаномаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Қўрғонтеппа баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки матбуот, телевизион, радио ва сомонаҳои хабарӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши арзанда доранд ва бояд дар инъикоси масоили сиёсию иҷтимои нақши арзандаи худро гузоранд.

Ин ҳамоиш имрӯз 9 март дар бинои китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуд.

Дар аввал Хидирзода Махфират Умар, муовини раиси вилояти Хатлон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар бораи нақши арзандаи ВАО суҳбат карда, аз фаъолияти хабарнигорон ва кори онҳо қаноатмандӣ изњоор намуд.

Зинатулло Исмоилов, раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабарнигоронро ба рӯзи 11 март – иди касбияшон табрик намуд ва онҳоро барои навиштан ва гуфтани ҳарфи созанда даъват кард.

Носирҷон Маъмурзода, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав аз мушкилоти маҳаллӣ, дер нашр шудани ҳафтаномаҳои маҳаллӣ сўҳбат кард.

Ҳамроҳ Салимов, сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон дар мавзуи нақши муассисаҳои таълимї дар омода кардани хабарнигорон дар минтақа сўҳбат намуд.

Дар ин ҳамоиш, устодони кафедраи жуналистикаи Донишгоҳи Носири Хусрави шаҳри Қўрғонтеппа, хабарнигорон аз минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе ширкат ва суханрони намуданд.

Журналистон ва сармуҳаррирон аз ҳафтаномаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар ин ҳамоиш мушкил, камбуди шароити фаннї дар коргоҳњои худро низ баррасӣ карданд.

Ҳафтаномаҳои шаҳру навоҳӣ тариқи обуна ба дасти хонандагон мерасад, ки Рустам Сафаров, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Бешкент"-и ноҳияи Носири Хусрав ва Адолат Сайфуллоева, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Тахти Қубод"-и ноҳияи Қубодиён аз теъдоди нашри ками њафаномаҳо, ки аз ҳамин ҳисоб будҷаи нашрия бой мешавад, сўҳбат карда, гуфтанд, ки маъракаи обуна бо мушкилӣ сурат мегирад.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима