Оё аз меъёрҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот истифода кардаед?
     TJ RU EN
08:31 / 2024-11-16

Оё аз меъёрҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот истифода кардаед?

Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон дар байни 63 нафар журналистони кишвар дар мавзӯи дастрасӣ ба иттилоот пурсиш анҷом дод. Ба журналистон ва коршиносоне, ки дар ин пурсиш ба мо ҳамкорӣ доштанд, ташаккур мегӯем. Тахлили пурсиши байни журналистон Саволи аввали пурсишнома - “Меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот кадом талаботҳоро пешбини менамоянд?” - имконият дод, ки фикру андешаҳои намояндагони ВАО-ро оиди ба меъёрҳо ва талаботҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот ҷамъ орем. Таҳлил нишон дод, ки аксари иштирокчиёни пурсиш (46 нафар ё 74%) дар ин бора иттиллои кофӣ доранд. Фақат 10 нафар хабарнигорон  қайд кардаанд, ки муқаррароти қонун дар бораи дастрасӣ ба ахборро намедонанд, яъне аз муқаррароти Қонун ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” огоҳ нестанд. 1 нафар қайд намудааст, ки бо ин савол бояд ба ҳуқуқшинос муроҷиат кард, боқимонда 7 нафар саволи якуми пурсишномаро беҷавоб гузоштаанд. Аз ҷумлаи 46 нафар иштирокчиёни пурсиш, ки муқаррароти қонунгузориро медонанд 26 нафар (зиёда аз 56%)  қайд намудаанд, ки тибқи моддаи 23 Қонуни ҶТ “Дар бораи  матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” мақомоти давлатӣ ӯҳдадоранд, ки ба ВАО, новобаста аз кадом расона будани хабарнигор, сари вақт, яъне дар мӯҳлати 3 рӯз ҷавоб гардонанд, агар иттилои мазкур омӯзиши бештарро талаб накунад ё ба рӯйихати маълумоти сирри давлатӣ ворид набошад. Дар сурати ҷавоб нагардондан дар қонун меъёри аз болои мақомоти давлатӣ шикоят кардан пешбинӣ шудааст. Қонуни мазкур дар мавриди дастрасии бетаъхири иттилоот ба кормандони ВАО имконоти васеи қонунӣ фароҳам овардааст. Тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”, ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдори онҳо фавран маълумоти аниқ ба даст орад. Дар ҳамин маврид, воситаҳои ахбори омма низ аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҳуқуқ доранд ахбор дастрас кунанд. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои бо ҳуҷҷатҳо шинос шудани онҳо шароит фароҳам месозанд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводи танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор дар мӯҳлати то се рӯзи корӣ ҷавоб гардонанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти иҷтимоӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки онро қонун ҳифз кардааст дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бетаъхир пешниҳод карда мешавад. 20 нафари боқимондаи иштирокчиёни пурсиш якчанд талаботи Қонуни матбуотро номбар кардаанд, аз он ҷумла:
  • дастрас, озод ва ошкоро будани иттилоот;
  • саривақт пешниҳод кардани иттилоот;
  • ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот;
  • ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва ғ.
2 нафар журналисти дар пурсиш иштироккарда ишора намудаанд, ки инчунин, дар қонун муқаррар шудааст, ки агар мӯҳлати серӯза барои омода кардани ҷавоб кам бошад, ду ҳафта мӯҳлати иловагӣ пешбинӣ мегардад. Ба ақидаи 2 нафар иштирокчиёни пурсиш дар бандҳои 3, 4, 5 моддаи 22 ва моддаи 23 қонуни нав нисбат ба қонуни пешина тафовути муҳим мавҷуд аст. Агар тибқи қонунгузории пешинаи матбуот пешниҳоди иттилоъ ба ВАО аз ҷониби ташкилоту идора, муассисаҳо ва шахсони мансабдори онҳо аз рӯзи муроҷиат дар тӯли 1 моҳ сурат гирад, пас дар қонуни нав он то 3 рӯзи кориро ташкил медиҳад. Иштирокчиёни пурсиш инчунин қайд намудаанд, ки дар сурати пешниҳод накардани иттилоъ шахсони масъули мақомоти давлатӣ ба ВАО бояд сабабашро шарҳ диҳанд, дар ҳолати акс ниҳоди мавриди назар, ки аз додани иттилоъ худдорӣ кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Як нафар журналист хавф дорад, ки муқаррароти қонун дар бораи пешниҳоди ахбори омӯзиши иловагӣ талабкунанда метавонад мавриди сӯйистифодаи мансабдорон қарор гирад. Яъне, дар ҳолати хоҳиш надошта ба сари вақт пешниҳод кардани иттилоъ, мансабдорон метавонанд баҳона пеш оранд, ки масъала омӯзиши иловагӣ талаб менамояд. Як нафар журналист қайд намудааст, ки оё дархости хаттии электронӣ бо дархости коғазӣ ҳамвазн аст ё не? Як нафар журналист ба саволи аввали пурсишнома ҷавоби муфассал гардонда моддаи 23  Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» иқтибос овардааст. Дар моддаи 23  Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» омадааст, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам месозанд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд. Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад. Саволи дуюм: Барои дастрас намудани иттилоот аз мақомоти давлатӣ ё дигар ниҳодҳо аксар вақт шумо ба таври хаттӣ муроҷиат мекунед, ё шифоҳӣ? Аксари иштирокчиёни пурсиш ё 34 нафар (53,9%) мавриди ҷавоб додан ба саволи мазкур қайд намудаанд, ки ин аз маълумоти мавриди таваҷҷӯҳи онҳо вобаста аст. Яъне агар маълумот фаврӣ бошад ва барои он бойгониро кофтан, оморро дидан лозим набошад, пас шифоҳӣ муроҷиат мекунанд, аммо агар барои дастрас кардани маълумот бойгонӣ ва омор шарт бошад, ё ин ки ҳатман ҷавоби хаттӣ шарт бошад, пас ҳатман (16 нафар ё 26,6%) бо мактуб ба тариқи хаттӣ муроҷиат мекунанд. Дар ҳолати бо ягон баҳона саркашӣ кардани масъулини мақомоти давлатӣ аз додани масълумот, хабарнигорон маҷбур мешаванд ба онҳо хаттӣ муроҷиат намоянд. Инчунин журналистоне, ки бештар бо хабарнависӣ машғуланд, аз тариқи телефон шифоҳӣ муроҷиат мекунанд ва иттилоотро дар муддати кӯтоҳ, ҳарчанд бо мушкилӣ бошад ҳам ба даст меоранд. Онҳо қайд кардаанд, ки “аммо дар бархе мавридҳо маҷбур мешаванд, ки хаттӣ ҳам муроҷиат кунанд. Ногуфта намонад, ки бо гузашти вақти муайяншуда (яъне 3 рӯзи тақвимӣ) ҳудуди 80 дарсади идораву мансабдорони зидахл посухи худро ирсол намекунанд ва агар ҷавоб ҳам диҳанд, як посухи расмӣ ва ба қавле “барои ишора” мегардонанд”. Ба ақидаи 13 нафар журналистон (20,6%) муроҷиати хаттӣ барои дастрас намудани иттиллоъ имкон медиҳад, ки маълумоти расмӣ ва бомасъулиятона, дар вақти муайяншуда ба нишонии идора ворид шавад. Ҳамчунин, он дар шӯъбаи дахлдори ин ё он ниҳод ба қайд гирифта шуда, сеҳеҳияти он кафолат дода мешавад. Таҳлили фикру ақидаҳои журналистони дар пурсиш иштирок карда нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо аксари мансабдорон талаботи қонунҳои ҶТ “Дар бораи иттилоот” ва “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”-ро барои худ “сипар” намуда, муроҷиати хаттиро талаб менамоянд. 2 нафар журналистон зикр намуданд, ки мақомот гуфтаанд: “хаттӣ ва таври расмӣ (бо мактуб дар бланки расмӣ, имзои сармуҳаррир ва мӯҳри корхона муроҷиат намоем, то онҳо ба суолҳои мо посух гӯянд”. Вақте ВАО тариқи хаттӣ муроҷиат мекунанд, аксари мақомот ба саволҳо ҷавоби умумӣ медиҳанд, яъне ҷавобҳо на ҳама вақт қаноатбахшанд. 12 нафар журналистон қайд кардаанд, ки “муроҷиати хаттӣ” гуфта, мақомоти давлатӣ танҳо муроҷиатеро дар назар доранд, ки он дар рӯи қоғаз навишта шудааст. Муроҷиати электрониро қабул наменамоянд. Бинобар ҳамин дар аксари маврид муроҷиати хаттӣ ба нафъи журналистон нест, зеро вақти зиёдро мегирад. Мутаасифона, на ҳамеша шахсони мансабдори мақомоти давлатии Тоҷикистон розӣ мешаванд, то шифоҳӣ суҳбат кунанд: “ Дар чунин ҳолат аз рӯйи моҳияти хабар нигоҳ мекунем. Ё аз баҳри иттилоъ мегузарем ё ҳатман дархости хаттӣ пешинҳод менамоем“, - зикр намуданд журналистон. Ба ақидаи 13 нафар (20,6%) журналистон василаи хуб барои дастрас кардани иттилоот муроҷиати шифоҳист, чунки агар як мансабдор ҷавоб надод, мумкин аст дигараш ҷавоб диҳад ва ё ба шарти он, ки номаш фош нашавад, иттилоъ диҳад. Як нафар хабарнигор қайд намудааст, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин маълумотро ҳамеша ба таври хаттӣ дастрас менамояд. Саволи 3. Ба дархостатон аз кадом мақомоти давлатӣ ё дигар ниҳодҳо дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун (се рӯзи корӣ) ҷавоби қаноатбахш  гирифтаед? Дар ин маврид ҷавоби журналистон гуногун буда, онҳоро гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст. Ба андешаи 22 нафар журналистон (34,9%) онҳо на ҳама вақт ба дархости худ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонун ҷавоби қаноатбахш мегиранд. Бештар баъди муроҷиат ё шикоят кардан ба мақомот ё шахси мансабдори болоии онҳо иттилои лозимиро ба даст меоранд. Он ҳам бошад дар давоми 7-10 рӯз. 13 нафар (20,6%) иштирокчиёни пурсиш кайд кардаанд, ки дар давоми фаъолияташон ба чанд мақомоти давлатӣ ва коршиносе, ки муроҷиат намуда бошанд, аз ҳамаи онҳо сари вақт ҷавоби қаноатбахш гирифтаанд. Тавре, ки 14 нафар (22,2%) иштирокчиёни пурсиш қайд кардаанд, бештари онҳо ба мақомоти зерин:
  • БДА-и ҷумҳурӣ
  • Тоҷикстандарт
  • Хадамоти давлатии дорусозӣ
  • Ҳукумати шаҳри Душанбе
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зист
  • Вазорати кишоварзӣ
  • Палатаи савдо ва саноат
  • Вазорати маориф ва илм
  • Кумитаи олимпӣ
  • Оҷонсии омор
  • Вазорати тандурустӣ
  • Хадамоти гумрук
  • Хадамоти муҳоҷират
  • Вазорати меҳнат, хифзи иљтимоӣ ва шуғли аҳолӣ
  • Хадамоти алоқа
  • Вазорати рушди иқтисод
  • Додситони кул
  • Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
  • Вазорати мудофиа
  • Бонки миллӣ
  • Кумитаи андоз
расман муроҷиат карда, бе мушкилот ба дархости худ ҷавоби зарурӣ гирифтаанд, вале на аз ҳамаи мақомоти мазкур дар мӯҳлати 3 рӯзи дар қонун муқарраршуда, балки дар муддати аз 1 ҳафта то 10 рӯз ҷавоб гардондаанд. “Мақомот одатан талош мекунанд посухҳои умумӣ диҳанд, то ба расонаҳо иттилои бештару мушаххас роҳ наёбад”, - қайд намудаанд чанд нафар хабарнигорон. Аз рӯи андешаҳои 14 нафар (22,2%) журналистон чунин хулоса  кардан мумкин астжурналистоне, ки дар мавзӯъҳои муайян тайи чандин солҳо фаъолият мекунанд, онҳоро мақомоти дахлдор хуб мешиносанд ва кӯмак мерасонанд,  бо онҳо ҳамкории хуб доранд ва ҳатто ба тариқи занги телефонӣ низ ҷавоби қаноатбахш медиҳанд. Якчанд андеша оид ба ҷавобҳои саривақтӣ ба дархостҳо:
  • “Аксар вақт ҳамон лаҳзаи муроҷиат кардан маълумот дастрас мекунем. Ҳамчунин, мешавад, ки бо маслиҳат рӯзашро муайян мекунем. Давоми соли равон ду маротиба ба ВКД барои маълумоти заруриро гирифтан мактуб карда будам ва дар мӯҳлати муқараршуда маълумотро пешниҳод карданд”.
  • Дар вақти муқарраргардида аз Бонки миллии Тоҷикистон, “Амонатбонк”, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳое, ки бо мо ҳамкории пайваста доранд, ҷавоб мегирем.
Як мисоли мушаххаси хабарнигор аз вилояти Суғд: Соли гузашта (2013) барои гирифтани маълумот ба Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва гумруки вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти онҳо ба таври шифоҳӣ муроҷиат намудам, вале онҳо ба ҷойи додани маълумот ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварданд ва билохира, розӣ шуданду вале гуфтанд, ки барои гирифтани маълумот ба таври хаттӣ муроҷиат намоям. Пас аз муроҷиати хаттӣ дар давоми 3 рӯз маълумоти лозимаро бароям пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, 18 нафар журналистон мавриди ҷавоб додан ба ин савол қайд намудаанд, ки ягон вақт дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун ба дархостҳои худ ҷавоб нагирифтаанд ва на ҳама макомоти давлатӣ омода ҳастанд ба дархостҳо ҷавоби қаноатбахш диҳанд. Аксари мақомоти давлатӣ (вазоратҳо) на дар се рӯз, балки дар мӯҳлати аз ин ҳам бештар (7-10 рӯз) ҷавоб менависанд ё умуман ҷавоб наменависанд. Ҳолате буд, ки ба дархости худ дар давоми як моҳ ҷавоб гирифтаанд. 12 нафар хабарнигорон қайд намудаанд, ки дар таҷрибаи фаъолияташон чунин набуд, ки давоми 3 рӯз ба дархости худ ҷавоб гирифта бошанд, ҳолатҳое буданд, ки мақомоти давлатӣ дархости журналисторо нодида гирифтанд. Саволи 4. Кадом макомоти давлатӣ ва дигар ниҳодҳо дархости шуморо сарфи назар намуда, ҷавоб намефиристанд? Андешаҳои журналистон перомуни саволи мазкур зиёд набошад ҳам, вале гуногунанд ва онҳоро ба чанд гурӯҳ ҷамъ овардан мумкин аст.
  • Ба андешаи 8 нафар хабарнигорон (12,6%) мақомоти давлатии Тоҷикистон як хусусияти аҷиб доранд. Баъди дархост бояд ҳатман чор-панҷ маротиба занг занеду баъд посухашонро дастрас кунед. Мақомоти давлатӣ дархостро сарфи назар намекунанд, аммо баъзе аз коркунони масъулашон мушкил доранд. Масъулин ҷавобро дер мефиристанд ва аксар вақт ин ҷавобҳо хусусияти худсафедкунӣ доранд.
  • Аз рӯи андешаҳои 9 нафар хабарнигорон (14,2%), мақомоти давлатӣ дархостҳоро сарфи назар намекунанд, вале, тарзе муносибат менамоянд, ки аз сарфи назар шудан ҳам таъсири зиёд дорад, масъулин бемасъулиятӣ менамоянд, ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, ки чунин рафтори онҳо дар аксар ҳолатҳо боиси кӯҳна шудани маълумот мегардад.
Аксарияти пурсидашудагон (43 нафар – 68,2%) андеша доранд, ки аз ҳама душвортарин мақомоти давлатӣ барои дастрасӣ ба иттилоот Вазоратҳои тандурустӣ, маориф, молия, кишоварзӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати саноат ва «Барқи тоҷик», Кумитаи дин, Кумитаи амният, Хадамоти алоқа, Додситонии кул, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза зидди фасоди назди Президенти ҶТ, Хадамоти гумрук, Кумитаи марзбонӣ, Кумитаи андоз, Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷрояи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шӯрои адлия, Сарраёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия, мақомоти судӣ, мақомоти қудратӣ - ниҳодҳое, мебошанд, ки ҳамкориашон бо ВАО барои дастрасии маълумот хеле заиф аст. Яъне, ин ниҳодхо ба дархост посух медиҳанд, аммо дер ва ғайриқаноатбахш,  ё ин ки дархостро сарфи назар мекунанд. Дар ин маврид бавижа журналистони ҷавон аксаран вазорату идораҳои тандурустӣ, энергетика, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти алоқа, «Барқи Тоҷик»-ро ном бурдаанд. Ба андешаи як зумра журналистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ ба дархостҳо сари вақт ҷавоб намедиҳанд. Аз дигар тарф андешаҳое низ ҷой доранд (3 нафар ё 4,7%), ки дар он гуфта шудааст: қариб ҳамаи вазорат ва идораҳои давлатӣ марказҳои матбуотии худро вазифадор намудаанд, ки барои ҷавоб додан ба дархостҳои ВАО барои иттилоот мусоидат намоянд. Як нафар рӯзноманигор аз вилояти Суғд қайд кардааст, ки «ёд надорам, ки дархости хаттии моро касе рад карда бошад, аммо ҳолатҳое шудаанд, ки ба муроҷиатҳои шифоҳии мо котиботи парлумон, Шӯъбаҳои милитсияи ноҳияи Мастчоҳ, Додгоҳи Олӣ, Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи фасод ҷавоб надоданд ё худ аз додани ҷавоб сарпечӣ кардаанд”. Бо андешаи як нафар хабарнигор, қариб ҳамаи ниходҳои давлатӣ дархостро сарфи назар намуда, ҷавоб намефиристанд: “Яке аз ин ниҳодҳо Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур аст, ки аслан ё номаро нодида мегирад ё онро беҷавоб мегузорад”. Саволи 5. Агар мақомоти давлатӣ ба дархостатон ҷавоб (саривақт?) нагардонад, кадом иқдомро пеш мегиред? Андешаҳои хабарнигорон дар ин бобат низ гуногун аст. 14 нафар (22,2%) қайд кардаанд, ки дар ин ҳолат аз рӯи принсипи умумии журналистика амал карда, аз меъёрҳои қонунгузорӣ истифода мебаранд, дар хабару матлаби нашршаванда қайд менамоянд, ки “фалон мақомот аз додани иттилоъ дар ин бора худдорӣ кард”, яъне расман эълон мекунанд ва барои маслиҳат дар навбати аввал ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон муроҷиат мекунанд. Инчунин ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук хабар паҳн мекунанд, ки вокуниши иҷтимоиро ба миён меорад (1 нафар). Аз таҷрибаи хабарнигорон бармеояд, ки як қисми онҳо (10 нафар ё 15,9%) дар чунин ҳолат такроран муроҷиат карда, сипас барои кашолкорӣ мақомоти давлатиро дар нашрия мавриди танқид қарор медиҳанд, ё ба муҳаррир муроҷиат мекунанд, то ки худи муҳаррир ҳар икдоме хоҳад пеш гирад. Дар ҳолатҳои дигар журналистон ба манбаи наздики ин соҳа ё коршиносон (22 нафар ё 34,9%) муроҷиат менамоянд. Агар мавод таҳлилӣ бошад, ба таърих ва мантиқ низ такя кардан мумкин аст. Бархе аз хабарнигорон қайд кардаанд, ки агар иттилоъ муҳим бошад, онҳо талош  мекунанд, то ки аз манбаи дигари ин мақомот иттиллоъ дастрас кунанд. Бархе аз хабарнигорон кӯшиш менамоянд, ки аз манбаъҳои алтернативӣ – созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба дархости худ ҷавоби кофӣ даёфт намоянд. Агар нашуд, тибқи қонун иқдом карда ба додгоҳ муроҷиат  мекунанд (2 нафар ё 3,17%). 4 нафар журналистон (6,3%) қайд менамоянд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба онҳо занг зада, хотиррасон мекунанд, ки мӯҳлати дархост гузашта истодааст. 17 нафар хабарнигорон (26,9%) қайд кардаанд, ки дар ин ҳолат аз ҳамон иттилои лозимӣ даст мекашанд, чун бидуни ҷавоби мақомот баъзе иттилоъро пахш карда намешавад. Хабарнигорон ҳамзамон метавонанд:
  • Ҳангоми ба дархости шифоҳӣ ҷавоб нагирифтан, ба таври хаттӣ муроҷиат менамоянд ва агар дар ин ҳолат ҳам ҷавоб надиҳанд, дар асоси муроҷиати хаттӣ, ки дар моддаи 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» омадааст, ба суд шикоят мебаранд;
  • Ба созмонҳои ҳомии озодии баён, Иттифоқи журналистон ё ягон ташкилотҳои дигари ҳимояткунандаи ҳуқуқи журналистон муроҷиат/шикоят намоянд ва ҳамчунин аз мақомоти дахлдор хохиш мекунанд, ки ба ин қазия расидагӣ кунанд;
  • Аввал ба мақомоти болоӣ ё роҳбарият навишта, ниҳоят ба суд муроҷиат намоянд;
  • Дар нишастҳои матбуотӣ дар бораи камҳавсалагии тобеонашон ба раҳбарияти аввали вазоратҳо шикоят кунанд;
  • Мавриди сарфи назар кардани мақомоти давлатӣ, ин масъаларо дар шакли мактуб дарҷ карда, барои чораҷӯӣ ба унвонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ирсол мекунанд.
Як нафар хабарнигор навиштааст, ки журналистон дар ҳолати саркашӣ кардани масъулони мақомоти давлатӣ аз додани ахбор аз имконияти қонунии шикоят кардан (банди 5 моддаи 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситахои ахбори омма») истифода намебаранд. Журналисти мазкур қайд намудааст, ки вай ба ғайр аз шикояти судии роҳбари сомонаи «Авеста» Зафар Абдуллоев, дигар намунаи ба суд муроҷиат кардани журналистонро дар ёд надорад. Нафаре аз хабарнигорон қайд кардааст, ки вобаста ба ҳолати кор амал мекунад: «Дар сурати таъҷилӣ будани матлаб ё характери кӯҳнашавӣ доштани мавзӯъ менависам, ки аз додани посух ба суолҳо худдорӣ карданд. Аммо дар сурати кофӣ будани вақт талош мекунам, бо ҳар роҳе набошад, ҳатто аз тариқи манбаъҳои пинҳонӣ низ беном истифода барам. Ё ба шахси аввали мақомоти зидахл муроҷиат мекунам». 13 нафар (20,6%) қайд намудаанд, ки дар ҳолати аз мақомот посух нагирифтан ягон икдомро пеша намекунанд, зеро қайд кардаанд:
  • Чорае ҷуз сарфи назар кардан нест, чун ҳар ҷое, ки муроҷиат мекунем ҳолат ҳамин аст;
  • Бо онҳо вориди баҳс шудан фоида надорад;
  • Ё фаромуш мекунем, ё зери лаб ягон дашноми қабеҳ медиҳему ба дунболи корҳои дигар мешавем.
Саволи 6. Оё боре аз болои мақомоти давлатӣ ё ниҳодҳои дигар, ки дархостатонро беҷавоб гузоштанд, оид ба амал ва ё беамалии мансабдорон ба мақомоти болоии онҳо ё суд шикоят кардаед (ё карданӣ ҳастед)? Мавриди ҷавоб гардондан ба ин савол, хабарнигорон ақидаҳои нисбатан кӯтоҳро қайд намудаанд. Дар аввал атрофи ақидаҳои умумӣ истода мегузарем: 17 нафар хабарнигорон (26,9%) қайд кардаанд, ки ҳамеша пофишорӣ карда, инчунин роҳҳои дигари дастрас кардани иттиллоотро (шиносҳо, муносибатҳои шахсӣ, муносибати хуб бо роҳбарият ва ғайра) истифода намуда, маълумоти заруриро ба даст овардаанд ва зарурат ба арзу-шикоят намондааст. Инчунин, дар ҳолатҳои зарурӣ, ба мақоми болоии ин ё он мақомоти давлатӣ шикоят бурдаанд. Хабарнигороне ҳастанд, ки ба суд муроҷиат накардааанд, аммо хадамоти мониторинги Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистонро огоҳ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттиллоъ гузоштаанд. Нафаре аз хабарнигорон қайд кардааст, ки дар ин ҳолат ба прокуратура муроҷиат мекунад. 11 нафар хабарнигорон (17,5%) қайд кардаанд, ки алҳол чунин ҳолат (ба суд шикоят кардан) мушоҳида нашудааст, зеро аксари онҳо ба мақомоти давлатӣ дархости хаттӣ пешниҳод накардаанд. Инчунин умедворанд, ки дар ҳолати рух додани чунин ҳолат, ки масъулини давлатӣ ба дархости онҳо расидагӣ хоҳанд кард. Гурӯҳи калони журналистон (25 нафар ё 39,6%) андеша доранд, ки шикоят кардан бефоида аст ва натиҷаи мусбиро чашмдор шудан ғайриимкон аст. Аз тарафи дигар, барои шикоят навиштан ё ягон иқдоми дигарро пеша кардан вақти зиёд лозим аст, ки на ҳамаи хабарнигорон ин имкониятро доранд. Гурӯҳи назарраси хабарнигорон (28 нафар ё 44,4%) боварӣ надоранд, ки арзу шикояти онҳо дар ин ҳолат ягон натиҷа меорад. Онҳо қайд кардаанд, ки дар оянда низ ба мақомоти судӣ муроҷиат карданӣ нестанд: «Э не амакӣ, куҷо шикоят мебарӣ, чӣ боло аз поёнаш бехтар аст?». Дигаре навиштааст: “Мо дигар кор надорем, ки судбозӣ карда мегардем? Мо ба суду судбозӣ машғул бошем, кӣ гузориш менависад?” 7 нафар хабарнигорон (11,1%) шикоят карданӣ ҳам нестанд, чун бовар надоранд, ки шикоят қонеъ гардонда мешавад. 1 нафар фикр мекунад, ки дар ҳолати ҳозира касе маблағ дошта бошад дар суду-судбозӣ бурд намекунад. Аммо дар оянда, агар ин ҳолат боз ҳам давом ёбад, ба мақомотхои судӣ нияти шикоят намудан доранд. Андешаҳои алоҳида (айнан оварда шуд):
  • Танҳо дар ду маврид беҷавоб мондани дархостамро дар нишастҳои матбуотӣ иброз доштам ва муваффақ шудаам, яъне шикоят пазируфта шуд.
  • Дар мавриди амалкарди кормандони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки ба нишасти матбуотиашон дар таърихи 31 январи соли 2013 хабарнигори моро иҷозаи вуруд надоданд, номаи расмӣ унвонии роҳбарияти онҳо ирсол кардем ва пас аз чанд вақт бо имзои собиқ раиси он ниҳод - Сафиало Девонаев номае гирифтем, ки тибқи он масъули хадамоти матбуотии хадамот огоҳӣ гирифтааст.
  • Шикоятҳо сурат нагирифтаанд, вале барои дастрасии саривақтии иттилоот, ки дар кори соҳаи журналистика нақши муҳим дорад, мехостем ниҳодҳои давлатӣ худ тасмим гиранд. Агар не, пас зарурат аст, қи мақомоти қонунгузор як навъ масъулиятро бар фаолияти эшон, барои ҳамкории судманд ва саривақтӣ бо ВАО ба роҳ андозанд, то дар ҳоли саркашӣ кардан ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аммо дар сурати сахлангорӣ ба роҳбарият ё мақомоти болоӣ шикоят мекунам.
  • Ман накардаам. Чун ин корро бояд идораи нашрия кунад, на инфиродӣ.!
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима